| Варзиш
дар Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат.
Дар
Донишкадаи соҳибкорӣ ва
хизмат ба варзиш эътибори ҷиддӣ
дода мешавад. Дар давоми соли таҳсили
ҷорӣ дар донишкада чорабиниҳои
зерин баргузор гардид: Мусобиқаҳо
аз рӯи намудҳои Гӯштини
миллӣ, футболи хурд ва баскетбол
байни донишҷӯдухтарон гузаронида
шуд, ки ба Рӯзи байналмилалии
Мубориза бар зидди СПИД бахшида шудааст.
27-28 ноябри 2007 сол дар Варзишгоҳи
ҷумҳуриявӣ мусобиқаи
тарзи гуштини тарзи миллӣ гузаронида
шуд, ки дар ин намуди варзиш донишҷӯёни
донишкада дар ҳайати 9 – нафар
аз рӯи вазнҳои 55кг, 60кг,
65кг, 70кг, 75кг, 80кг, ва 90кг баромад
намуданд. Дар ин қувваозмоӣ
ду нафар паҳлавонони донишкада
соҳиби ҷойҳои сеум
ноил гаштанд: Рустамов Иззатулло – донишҷӯи
соли 2-юми ихтисоси 061000т. дар вазни
65кг. ва Турахонов Бахтиёр – донишҷӯи
соли 3-юми ихтисоси 060500 т. дар вазни
90 кг. Донишҷӯёни соли якуми
ихтисоси 060600т.“а” Мирзоев Миралӣ
ва Мирзоева Умеда дар чемпионати ҷумҳуриявӣ
оид ба варзиши сабук (эстафета ва ҷаҳидан
ба дароз) иштирок намуда ҷойҳои
сазоворро ишғол намуданд. Дар
доираи Барномаи “Рушди саломатии ҷавонон
пойтах барои солҳои 2007-2010”
21 феврали соли 2008 дар толори варзишии
донишкада мусобиқоти ҳарбӣ
ва варзишӣ бо иштироки сарбзони
Гвардияи миллии ҷТ ва дастаҳои
яккачини ФБМ, ФСМ – и Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат бахшида ба 15-солагии Артиши
миллии ҷТ гузаронида шуд. Мусобиқот
мувофиқи барнома аз рӯи
10 намуди варзиш баргузор гардид: -
давидан ба масофаи 100м.; - давидан
ба масофаи 3000м.; - турниккашӣ;
- вазнбардорӣ; - ҷамъ ва
рост кардани дастҳо дар вазъияти
хобидан ба шикам; - баромадан ба банд
(канат) бе ёрии по; - эстафета бо тӯб;
- давидан дар халта; - тоза кардани
картошка; - бандкашӣ. Дар ин мусобиқа
ҷои якум насиби Гвардияи миллии
ҷТ ва ҷойҳои дуюм
ва сеюм насиби бастаҳои яккачини
ФСМ ва ФБМ – и донишкада гардид. Дар
донишкада секцияҳои футбол, волейбол,
тайёрии умумии варзишӣ, ТАЭК-ВОН-ДО,
ЛЭК-САН-ПАЙ ва КАРАТЕ-ДО амал мекунад,
ки қариб 125 нафар хонандагони
гимназия ва донишҷӯёни донишкадаро
дар бар мегирад.
|