Мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Рӯзи 17 майи соли 2012 дар донишкада мутобиқи нақша – чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии он вазорат полковник Раҷабов И. С. бо роҳбарон, устодон ва донишҷӯён мулоқот баргузор гардид. Дар ин маҳфил мавзӯи мубрами рӯз – пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуби ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби донишҷӯён, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ баррасӣ гардид. Зимни сӯҳбат полковник Раҷабов И. С. аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳангоми зарурат метавонанд аз тариқи телефонии боварӣ барои гирифтани ёрию машварат ба Вазорати корҳои дохила муроҷиат кунанд. Инчунин вай аз ҳозирин хоҳиш кард, ки ба вазорат дар интихоби донишомӯзони арзандаи Академия корҳои дохила мусоидат кунанд. Дар мулоқот ректори донишкада профессор Қодиров Д.Б. иштирок дошт.
Таваҷҷӯҳи довталабон ба ДСХ
Тибқи анъана рӯзи 12 майи соли равон дар донишкада мутобиқи нақша аз соати 10 то соати 16 «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Ба ин маҳфили анъанавӣ аз 14 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии пойтахти кишвар беш аз 520 хатмкунандагон ҷиҳати шиносоӣ бо ҳаёту фаъолияти ин конуни маърифати бозаргонӣ омада буданд.
Онҳо баъди пазироию шиносоӣ дар факултету кафедраҳо, сайру гардиш дар боғу майдонҳои донишкада дар толори маҷлисҳо ҷамъ омаданд.

Дар ин ҷо довталабони ҷавонро мудирони шӯъбаҳо ва кафедраҳо, деканҳои факултетҳо ва ноибони ректор пазируфта, бо онҳо перомуни шартҳои қабул ба донишкада, шароити таълимию омӯзишӣ ва варзишию фароғаатӣ сӯҳбатҳо оростанд. Ба ҷамъомадагон наворҳои намоишӣ аз ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва варзишию фароғатии донишкада, ки аз ҷониби донишҷӯёни факултети иттилоотӣ ва маркетинг таҳия гардида буданд, нишон дода шуд.

Инчунин деканҳои факултетҳои хизмати молиявӣ, туризм ва хадамоти гумрукӣ Хоркашов И. С., Қодиров Ф. С. ва ба намояндагӣ аз факултети соҳибкорӣ ва бизнес мудири кафедраи иҳтисоди ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ Ҷумъаев Б. М. ниҳодҳои мазкурро муарруфӣ карданд ва ба саволҳои аҳли нишаст ҷавобҳои муфассал доданд. Баъдан мудири шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Ҳайбатов Н. В. довталабонро бо таърихи донишкада, анъанаю маросимҳо, маърифату ахлоқи донишҷӯ ва робитаҳои таълимию илмӣ бо донишкадаю донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ошно кард. Дар рафти сӯҳбатҳо ва дар интиҳои он дастаи ҳунарии донишкада табъи ҳозиринро бо оҳангу суруд ва рақсҳои дилписанд хеле хуш гардониданд.
67 - солагии Иди Ғалаба муборак!
Рӯзи 8 майи соли 2012 дар донишкада бо иштироки мақоми роҳбарӣ, ҳайати устодон ва профессорон гимназия ва донишкада маҳфили бузургдошти Иди Ғалаба баргузор гардид. Ба ин маҳфили гиромидошт собиқадорон – ветеранҳои меҳнат, иштирокчиёни ҳодисаҳои Афғонистон даъват шуда буданд, ки дар миёни онон кормандони донишкада, дорандагони ордену медалҳои ҷангӣ Абдураҳимов Неъматулло, Вазиров Муродҷон, Ризоев Кишвар ва дигарон буданд. Маҳфилро бо суханони табрикотӣ ректори ДСХ профессор Комилов Ф. С. ҳусни оғоз бахшида, аз рӯзҳои вазнини набардҳо бо хасми башарият - фашистони истилогар ва қаҳрамониҳою фидокориҳои фиристодагони Тоҷикистон барои ба даст овардани Ғалаба ёдовар шуд. Баъдан собиқадорони интернатсионалист хотираҳои худро аз иҷрои супориши Ватан – расонидани кумаки башардӯстона ба кишвари ҳамсоя иброз намуданд. Онҳо бо қаноатмандӣ аз соҳибистиқлол гардидани Ватани маҳбуби худ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон панду ҳикмат гуфта, аз онҳо даъват намуданд, то Ватани худро содиқона дӯст бидоранд ва бо неруи созандагӣ онро боз ҳам ободтару пешрафтатар гардонанд. Дар фароварди суханрониҳо проректори бахши тарбия Баҳриддин Ҷабборов аҳли нишаст ва тамоми кормандони донишкадаро расман аз номи роҳбарияти донишкада табрику таҳният гуфта, барои ҳама таманниёти хушбахтию саодатмандӣ намуд. Дар рафти маҳфил дастаи ҳунарии донишҷӯён хотири ширкаткунандагони маҳфили ҷашниро бо суруду рақсҳои дилнишин болидатар сохтанд.
Пажӯҳиш ва ҷустуҷӯ
27 – 28 апрели соли 2012 дар донишкада мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 таҳти №640 конфаронси илмию амалии Ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Конфаронс бо суханронии ифтитоҳии ноиби ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ доктори илмҳои фалсафа, профессор Аҳмадов С. А. оғоз гардид. Дар маҳфили умумии конфаронс маърӯзаҳои ректори донишкада, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Комилов Ф. С. дар мавзӯи «Ҳамгироии илм ва истеҳсолот омили асосии рушди соҳибкории истеҳсолӣ», доктори илми таърих, профессор Ҳотамов Н. Б. дар мавзӯи «Аз таҷрибаи таърихии дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна ва аҳамияти омӯзиши он барои пешрафти соҳибкории истеҳсолии имрӯза» ва донишҷӯи курси III. Суратмои А. дар мавзӯи «Аҳамияти махсусгардонӣ ва ҳамкорӣ дар истеҳсолот» (ба забони англисӣ) шунида шуданд.
Дар конфаронс мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафолов М., муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Лангариева С. К. намояндагони мақомоти ҷумҳурявӣ – Вазорати энергетика ва саноат Қаюмова Ш. Т., Вазорати молия Саидов Д., Кумитаи андоз Қурбонов А. ширкат варзиданд ва суханронӣ карданд.
Баъдан конфаронс кори худро дар нуҳ бахши алоҳида идома дод. Дар ин бахшҳо маҷмӯан беш аз 360 гузоришҳои устодону донишҷӯён шунида ва баррасӣ карда шуданд. Дар интиҳои кори ин маҳфили пурмӯҳтавои илмӣ тавсияҳои конфаронс қабул карда шуданд, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд гардид.
Паёми навбатии Президенти кишвар
Дар донишкада ба муносибати Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20 апрели соли 2012 аз тариқи телевизион мустақиман пахш гардид, дар толори маҷлиҳои гимназия ва донишкада, марказу кафедраҳо маҳфилҳои шогирдон, донишҷӯён, устодон ва кормандон созмон дода шуд. Дар ин маҳфилҳо Паёми пурмӯҳтавои сарвари давлат мавриди истиқболи гарми ҳозирин қарор гирифт ва бо қаноатмандии хоса пазируфта шуд. Ҳайати профессорону олимони донишкада аз суханони Президенти кишвар дар мавриди рушди бемайлони маориф, иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаи фаъолитҳои соҳибкорӣ ва ғамхориҳои давлват баҳри дастгирии ҳуқукию молиявии соҳибкорони ватанӣ рӯҳбаланд гардида, изҳори ақида карданд, ки ин нуктаҳои Паёми ватанхоҳонаи Президенти мӯҳтарамро бо дарки баланди масъулият дар амри тарбияи кадрҳои соҳибкасб амалӣ хоҳанд кард.
ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ СОМОНАИ БЕҲТАРИНИ НАВРӮЗӢ
Дар таърихи 5 марти соли 2012 дар вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни Ҷумҳуриявии сомонаи беҳтарини наврӯзӣ ҷамъбаст карда шуд. Дар озмун 27 сомонаи наврӯзӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара ва Панҷикент иштирок варзиданд. Довталабони озмуни сомонаи беҳтарини наврӯзӣ, асосан аз мактабҳои олии кишвар буданд. Дар ин озмун ду сомонаи наврӯзӣ аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иштирок дошт ва яке аз онҳо - Сомониаи донишкада, ки аз ҷониби Маркази иттилоотӣ ва иртиботии донишкада таҳия ва пешниход шуда буд, сазовори ҷоизаи Кумитаи тадорукоти озмун чун беҳтарин сомонаи наврӯзии инъикоскунандаи фаъолияти муштараки шогирдон, донишҷӯён, устодон ва роҳбарияти донишкада дар ҷашни Наврӯз дониста шуд.
МАҲФИЛИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ДУРНАМОИ ТУРИЗМ
Рӯзи 5 марти соли 2012 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳияи консепсияи тарбияи кадрҳои соҳаи туризм дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Маҳфили мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ ректори ДСХ профессор Комилов Ф. С. ҳусни оѓоз бахшиданд. Дар маҳфили мазкур муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоев Л. Н. итирок ва дар мавзӯи «ҳолат ва дурнамои рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Инчунин дар ин маҳфил ташаббускор ва мизбони он – мудири кафедраи туризми ДСХ Ќодирова М. Э. роҷеъ ба масъалаи «Муаммоҳои тарбияи кадрҳои соҳаи туризм дар Тоҷикистон» суханронӣ кард.
МАШҚҲОИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ДОНИШКАДА
Тибқи фармони Ректори ДСХ таҳти №118/И аз 19 марти соли 2012 «Дар бораи гузаронидани машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ дар донишкада» рӯзи 29 марти соли 2012 бо ташаббуси сардори Ситоди мудофиаи граждании донишкада полковник Абдуҷаббор Ҳасанов ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти ДСХ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи донишкада ҳангоми рух додани заминҷунбӣ» баргузор гардид.
Идома
КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Рӯзҳои 27 - 28 апрели соли 2012 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Идома
РЕКТОРИ МО БЕҲТАРИН РЕКТОРИ СОЛ ДОНИСТА ШУД
Тибқи қарори ҳакамони Асотсиатсия байналмилалии соҳибкорон ва Маркази ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Идеал» бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, профессор Файзалӣ Саъдуллоевич Комилов ғолиби озмуни «Беҳтарин роҳбари мактаби олӣ дар соли 2011» дониста шудааст.
Идома
Ташаббуси наҷиб
Чанде қабл гурӯҳи мутаххасисон – кормандони лоиҳаи ЕС – “ТЕМПУС” профессор Йозеф Афф, координатори “ТЕМПУС” Кёглер, доктор Пехленгер ва ҳамроҳонашон аз шаҳри Венаи давлати Австрия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Идома
НАВРӮЗИ АҶАМ МЕОЯД
Ашӯралиев Муродалӣ,
номзади илмҳои педагогӣ
Таърихи пайдоиши маросими Наврӯз
Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форсу тоҷик мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст.
идома
Наврӯз-ёде аз он дар Шоҳномаи Фирдавсӣ
Дар ҳеҷ як маъхази таърихӣ оид ба манша ва замони пайдоиши Наврӯз ба таври дақиқ маълумоти мушаххас дида намешавад. Аммо ин ҷашн, таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
идома
Пайдоиши Наврӯз мувофиқи маълумоти Абурайҳон Берунӣ
Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
идома
«Наврӯзнома» - и Умари Хайём
Дар рисолаи «Наврӯзнома» нисбат дода ба Умари Хайём низ ба ҳамин нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем.
идома
Наврӯз дар замони Сосониён
Дар замони Ашкониён ва Сосониён низ Наврӯз гиромӣ дошта мешуд. Дар ин даврон ҷашнҳои гуногуне баргузор мешуд, ки муҳимтарини онҳо Наврӯз ва Меҳргон будааст.
идома
Озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯъи
«Душанбе аз нигоҳи ман»
Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, мутобиқ ба қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №392 аз 23 июли соли 2009 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Барномаи давлатии рушди туризм дар ҷумҳурии Тоҷикистон», озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯъи «Душанбе аз нигоҳи ман» миёни донишҷӯёни хориҷии макотиби олии пойтахт, донишҷӯёну устодон ва хоҳишмандон озмун эълон намуда буд.
идома
Нишасти матбуотӣ дар донишкада
25 январи соли 2012 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори умум нишасти матбуотӣ доир гардид.
идома
Шӯрои олимонӣ донишкада
25-январи соли 2012 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Шӯрои олимон доир гардид,ки «Натиҷаҳои корҳои илмӣ -–тадқиқотӣ дар соли 2011ва вазифаҳо барои соли 2012» ва «Натиҷаҳои озмуни муҳаққиқи беҳтарини сол дар донишкада» баррасиӣ шуд.
Аттестатсия баргузор мегардад
Тибқи мактуби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 23.01.2012 аттестатсияи омӯзгорон ва ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешавад.
Аз ин рӯ раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҳайати роҳбарикунандаи донишкадаро водор сохт, ки тибқи Низомномаи аттестатсияи омӯзгорон омодагӣ гиранд, то ин маъракаи муҳим дар сатҳи лозимӣ доир гардад.
Идома
Санаи 28 – уми декабри соли 2011 соати 10 бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи донишкада семинари илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Саҳми мақомоти гумрук дар рушди иктисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо ташабусси кафедраи Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумруки факултети Туризм ва хадамоти гумруки донишкада, бо иштироки кормандони Хадамоти гумрукии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гарадид.
Дар семинар баромади мудири Кафедраи «Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук, Нидоев Парвиз Фозилович дар мавзӯи «Нақши бахшҳои мухталифи фаъолияти гумрукӣ дар рӯшди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.
Инчунин баромадҳои кормандони мақомоти гумрук ва устодони кафедраи Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук доир ба мавзуъҳои фаъолияти гумрукӣ шунида шуда, дар охир машварати озоди донишҷӯён бо кормандони мақомоти гумрук доир ба масъалаҳои гумрукӣ шуда гӯзашт.
Бинобар ин, иштироки намояндагони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари илмӣ - назариявӣ боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҳайати профессорону омӯзгорон, алалхусус донишҷӯёни донишкада гардид.
Қаблан, барои иштирок дар семинар минатдории худро изҳор менамоем.
3 - устоди донишкада тасдиқи дифоъ гардидани рисолаи номзадиашонро аз ВАК – и Федерацияи Россия гирифтанд:
Хоҷаев қ.Т. – мудири кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забон, ки рисолаи доктори ҳимоя намуд;
Азимова М.А. – устоди калони кафедраи туризм.
Джумаев У.М. – Сардори маркази сабт ва итиллоот.
Дар кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт барномаи фанӣ «Техналогияҳои информатсионӣ барои макотиби таҳсилоти ҳамагон, аз тарафи устодони кафедра профессор Комилов Ф.С. ва дотсент Шарапов Д.С. сохта шуд
«Барномаи комплексии рушди донишкада барои солҳои 2011 – 2030» таҳия карда шуда бо қарори шӯрои олимон ва Вазорати Энергетика ва саноати ҶТ тасдиқ карда шуд.
Дар кафедраи молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ утоқи таълимӣ - методӣ ифтитоҳ ёфт.
1 – октябри соли 2011 дар маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бахшида ба иди касбии омӯзгорон нишасти маърифатӣ - фарҳангӣ доир гардид.
Дар нишаст ректори донишкада профессор Комилов Ф.С. мудири қисми робитаҳои байналмиллалӣ , дотсент Ҳайбатов Н.В. ва донишҷӯёни факултети хизматрасонии иттилоотӣ ва маркетинг баромад карданд.
28 – декабри соли 2011 дар маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат семинари илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Саҳми мақомоти гумрук дар рушди иқтисодиёти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид».
Семинар мавзӯъҳои «Татбиқи идораи тавваккал ва самаранокии он дар фаъолияти мақомоти гумрук» баста шуд. Дар болоравии фаъолияти кормандони мақомоти гумрук ва соҳибкорӣ, «Мақсад ва моҳияти ташкил ёбии мақомоти гумрук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ», «Нақши бахшҳои мухталифи фаъолияти гумрукӣ дар рушди иқтисодиёти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон», «Натиҷаи фаъолияти мақомоти гумрук дар 20 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраро дар бар гирифт.
Семинар хеле муфид буд.
Баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии таълимӣ ва наздик намудани он ба талаботи стандартҳои байналмилии сифат, инчунин ҷиҳати омодаги ба сертификатсияи системаи идоракунии сифати таҳсилот дар донишкада Шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот таъсис дода шуд.
Дар донишкада аз 827 нафар хатмкардагони соли таҳсили 2011 40 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд, ки ин нишондоди бҳтарин ба ҳисоб меравад.
Соли 2011 бори аввал аз руи низоми кредитии таҳсилот 62 нафар донишҷӯёни ихтисоси 25010301 (060601)-иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ, донишкадаро бо дараҷаи тахассуси бакалаври иқтисодиёт хатм намуданд
Барои соли таҳсили 2011-2012 ба магистратураи ДСХ аз руи ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилали (1-250010301) 9нафар шунаванда қабул карда шуд
Соли 2011 бори аввал шуъбаи ғоибонаи Донишкада пурра ба низоми кредитии таҳсил гузаронида шуд.
Нақшаҳои таълимии низоми кредитии таҳсилот барои зинахои бакалаврият 18 ихтисос, магистратура 4 – ихтисос, шуъбаи ғоибона 4 ихтисос, тибқи «Роҳнамои нақшаи таълимӣ» барои низоми кредитии таҳсилот дар ҳамаи зинаҳо – бакалаврият, магистратура, таҳия, тасдиқ ва аз оғози таҳсили 2011 – 2012 амал карда истодаанд.
Дар заминаи 5 факултети мавҷудбуда иловатан 2 фалкутет , 2 кафедра таҳсис дода шуда, вобастакунии фанҳои таълими ва кафедраҳо ба факултетҳо таҷдиди назар карда шуд.
Масоҳати таълимии донишкада васеъ карда шуд. Аз ҷумла, донишкада дорои боз як чопхонаи хурд гардид.
Барои Гимназия як китобхонаи электронӣ ва барои кафедраҳои факултети хизматрасонии иттилоотӣ ва маркетинг як лабараторияи компютери ва ҳучраҳои корӣ бунё два ба истифода дода шуд.
Соли 2011 дар донишкада компютеркунонии раванди таълим бо суръат идома ёфт. 10 ада ноутбуки замонавӣ, 40 адад нетбук, 11 адад компютери рӯимизӣ, 5 проектор, 3 адад принтери 3 ба 1 харидори шуд.
Оғози соли таҳсили 2011 – 2012 мониторинг оид ба санҷидани дониши воқеии донишҷӯёни курси 1 – ум аз фанҳои забони тоҷики, забони русӣ ва математика гузаронида шуд.
Бори аввал дар донишкада вазъи сину соли кормандони илмӣ - педагогии кафедраҳо ба донишкада таҳлил карда шуд.
Тибқи супориши шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар ҳамаи кафедраҳои донишкада нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи дониши воқеии донишҷӯён аз фанҳои таълимии кафедраҳо таҳия карда шуд.
Дар кафедраҳо бо супориши шӯъба ҷадвали гузаронидани дарсҳои кушода таҳия ва амалӣ карда шуда истодаанд.
Дар авали соли таҳсили 2011 – 2012 аз тарафи экспертҳои шӯъба таъминоти кафедраҳо бо силабусҳо ва адабиётҳои таълимӣ санҷида шуда, камбудиҳои мавҷуда ислоҳ карда шуданд.
Аз 8 то 12 декабри соли 2011 мавҷудият ва ҳолати ниҳагдорию истифодабарии парвандаҳои шахсии донишҷуёни таҳсили ғоибона дар ҳамаи факултетҳо санҷида шуда натиҷаи он 26 декабри соли 2011 дар ҷаласаи васеъи ректорат барасӣ ва муҳокима карда шуда, оид ба ислоҳи камбудиҳо муҳлат муъаян гардид.
Аз 23 то 31 декабри соли 2011 дар курсҳои 1 – уми таҳсили рузона интихобан аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони руссӣ ва математика мониторинг гузаронида шуд. Маълум гардид , ки натиҷаҳои он нисбат ба авали таҳсил хеле баланд мебошад.
Дипломҳо
соҳибонашонро ёфтанд
Соли таҳсили 2010-2011
дар Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмати Тоҷикистон
873 нафар донишҷўён
ба супоридани имтиҳонҳои
давлатӣ роҳ
дода шуданд, ки аз онҳо
827 нафарашон соҳиби
дипломи маълумоти олӣ
гардиданд.
Аз миқдори умумии хатмкунандагон
40 нафарашон соҳиби
дипломи аъло гаштанд.
Аз 827 нафар хатмкунандагон
62 нафарашон хатмкунандагони
ихтисоси Иқтисодиёти ҷаҳон
ва бизнеси байналмилалӣ
мебошанд, ки бори аввал
дар Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат аз рўи низоми
кредитии таҳсили
донишкадаро хатм намуда,
дорои дараҷаи бакалавр
гаштанд.
Рўзи 25 июн дар Донишкадаи
соҳибкорӣ
ва хизмат чорабинии пурмўҳтаво
бахшида ба Рўзи Ваҳдати
миллӣ доир гашт,
ки ба хатмкунандагони
таълимгоҳ бо тантана
диплом супорида шуд.
Омодагӣ
ба имтиҳонҳо
Тибқи нақшаи
таълимии ихтисосҳо
аттестатсияи давлатии
хатмкунандагони соли таҳсили
2010-2011 бояд дар давраи
1-28 июни соли 2010 баргузор
мегашт, аммо бо қарори
Шўрои олимони донишкада
таҳти № 2/3 аз 29-уми
сентябри соли 2011 ин
мўҳлат ба давраи
17-май то 14 июни соли
2011 гузаронда шудааст.
муфассал
Ба
истиқболи 100–солагии
Мирзо Турсунзода
17 май соли равон дар
Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат ба истиқболи
100 – солагии шоир, Қаҳрамони
Тоҷикистон Мирзо
Турсунзода конференсияи
илмӣ – назариявӣ
доир гардид. Хонандагони
гимназияи донишкада аз
ашъори шоир шеърҳо
қироат карданд,
саҳнаҳо намоиш
доданд. Аз ҳаёт
ва фаъолияти мунодии сулҳ
Турсунзода қиссаву
ҳикояҳо пеш
оварданд. Ҳамчунин
филмҳои ҳуҷҷатӣ
намоиш дода шуд. Маҳфил
пурмуҳтаво буд.
Бонувон
ташаббускоранд
Бо ташаббуси Шўрои бонувони
донишкада ва факултаи
соҳибкорӣ
ва менеҷмент 16
майи соли равон бахшида
ба ҳафтаи ҷавонон
дар Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат озмун таҳти
унвони «Донотарин, зеботарин,
беҳтарин» доир гардид.
Донишҷўён дар озмун
хеле фаъол буданд. Онҳо
донишу малака, зебоӣ,
рафтор, гуфтор ва пиндори
хешро ба иштирокдорон
намоиш доданд.
Шоир
Аскар Ҳаким дар
донишкада
Ба истиболи 20 солагии
Истиқлолияти давлатии
Тоҷикистон 14 майи
соли 2011 дар Донишкадаи
соҳибкорӣ
ва хизмат вохўрии устодону
донишҷўён бо Шоири
Халқии Тоҷикистон
Аскар Ҳаким доир
гардид. Ректори донишкада
Комилов Файзалӣ
Саъдуллоевич ҷамъомадро
ҳусни оғоз
бахшида, cухане чанд дар
бораи эҷодиёти адиб
иброз дошт.
Баъд Аскар Ҳаким
ба ҳозирин шеърҳои
тоза эҷодашро қироат
кард, ки ватандориву соҳибистиқлолиятӣ,
меҳнатдўстиву, ишқу
муҳаббатро тараккум
мекарданд.
Донишҷўён оид ба
ҳаёт ва фаъолияти
эҷодии шоири шинохта
ба саволҳояшон посух
гирифтанд.
Маҳфили шеъру суруд
хотирмон гузашт.
Ҷашни
20-умин солгарди Истиқлолияти
давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистонро сазовор
пешвоз мегирем
Бо
ташаббуси Раёсати Донишкадаи
соҳибкорӣ
ва хизмат санаи 11-уми
майи соли ҷорӣ
боз як утоқи таълимӣ-методӣ
муҷаҳҳаз
бо тамоми воситаҳои
айёнӣ дар арафаи
20-умин солгарди Истиқлолияти
давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва
20-умин солгарди таъсиси
Донишкада ба
истифода дода шуд.
Утоқи таълимӣ-методӣ
мансуб ба кафедраи Молия
ва андозбандӣ дар
соҳибкорӣ
буда, аз устодон масъулияти
бештареро дар баланд бардоштани
сифати таълим тақозо
менамояд, гуфт зимни ифтитоҳи
расмӣ ректори донишкада
Файзалӣ Саъдуллоевич.
Қайд гардид, ки
чунин утоқҳои
методӣ дар донишкада
кам набуда, танҳо
насби проекторҳо
дар онҳо лозим мешавад,
ки рўзҳои наздик
дар назар дошта шудааст.
Конференсияи
илмӣ – назариявӣ
дар мавзўи «Масоили рушди
соҳибкорӣ
дар Тоҷикистон»
10
майи соли 2011 дар Донишкадаи
соҳибкорӣ
ва хизмат ба муносибати
60 – солагии Аълочии
маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон, доктори
илмҳои иқтисодӣ,
профессор, узви пайвастаи
Академияи байналхалқии
илмҳои ташкилӣ,
узви пайвастаи Академияи
байналмилалии илмҳои
мактабҳои олӣ
Ғафурҷон Ҷўрабоев
конференсияи илмӣ
– назариявӣ дар
мавзўи «Масоили
рушди соҳибкорӣ
дар Тоҷикистон»
доир гардид.
Конференсияро ректори
донишкада, профессор Комилов
Файзалӣ бо сухани
ифтитоҳӣ ҳусни
оғоз бахшид.
Профессор, ноиби ректори
Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат Аҳмадов
С.А., дар бораи саҳми
Ғафурҷон Ҷўрабоев
дар рушду нумўи илми иқтисод,
олимону профессорони макотиби
олӣ шогирдони устод
оид ба фаъолияти илмӣ,
омўзгории Ғафурҷон
Ҷўрабоев суханронӣ
карданд.
Дар охир ҳаваскорони
маҳфили «Соҳибкор»
бо созу сурудҳояшон
хотири ҳозиринро
шод гардониданд.
Конфронс
таҳти унвони "Истиқлолияти
давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва масъалаҳои
рушди иқтисоди бозоргонӣ"
Рўзҳои
21-23 конфронси илмӣ-назариявӣ
бахшида ба 20
солагии истиқлолияти
давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон таҳти
унвони «Истиқлолияти
давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва масъалаҳои
рушди иқтисоди бозоргонӣ»
доир гардид. Дар конфронс
устодон ва донишҷўён
бо маврўзаҳои илмӣ
баромад карданд. Конфронс
аз 7 бахш
барои барои устодон, 5
бахш барои донишҷўён
иборат буд. Дар бахшҳо
мавзўъҳои муҳимтарини
илмӣ-иқтисодӣ,
соҳаи соҳибкорӣ,
умури бонкӣ, молия
ва қарз мавриди
муҳокима қарор
гирифт. Ҷамъ дар
конфронс 124 маърўзаи
устодон 156 маърўзаи донишҷўён
шунида шуд.
муфассал
Туризм
ва омилҳои асосии
рушди он
Таърихи
07-уми апрели соли равон
дар Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмати Тоҷикистон,
доир ба масъалаҳои
рушди соҳаи сайёҳӣ
бо ташаббуси кафедраи
Туризм, семинарии назариявӣ
баргузор гардид. Дар семинарии
мазкур декани факулта
Кодиров Ф.С, устодон Кодирова
М.И., Азимова М.А., Ашуралиев
М.И., Завқов Ч.,
Зоиров А., устоди Донишгоҳи
Осиёи Марказӣ Мулло
Абдол Шагарф, инчунин
донишҷўёни тамоми
бахшҳои кафедраи
Туризм ширкат варзиданд.
Мудири кафедра, дотсент
Кодирова М.И. семинарро
ифтитоҳ намуда,
оид ба мушкилоти соҳаи
туризм ва ҳалли
он сухан ронд. Сипас ба
ҳозирин намояндаи
Донишгоҳи Осиёи
Марказӣ, Мулло Абдол
Шагарфро муаррифӣ
намуда, риштаи суханро
ба ў дод.
муфассал
Ташрифи
мутахассисони чаҳор
кишвар ба Донишкада
5-уми
апрели соли 2011
ҳайати мутахассисони
кишварҳои Австрия,
Олмон, Чехия ва
Британияи Кабир
таҳти роҳбарии
президенти Академияи таҳсилоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академик Каримова Ирина
Холовна ба Донишкадаи
соҳибкорӣ
ва хизмат ташриф оварданд.
Баъд аз шиносоӣ
ба сохтори донишкада ва
имкониятҳои он ҳайати
комиссия ба қароре
омаданд, ки дар доираи
барномаи Темпус «Коркард
ва ҷорӣ намудани
структураи устувори тарбияи
рушди руҳияи соҳибкорӣ
дар ФР ва Тоҷикистон»
дар заминаи гимназияи
ДСХ ширкати
таълимӣ таъсис дода
шавад.
Рўзҳои 6-7-уми апрел
7-нафар устодони донишкада
ва гимназия дар семинар-машварати
касбӣ оид ба омўзиши
барномаи зикршуда иштирок
намуданд.
Дар назар аст, ки оянда
байни гимназия ва барномаи
зайл ҳамкориҳои
муфид идома ёбанд.
Эълон
Ба диққати
хатмкунангони Донишкадаи
соҳибкорӣ
ва хизмат расонида мешавад,
ки саволҳои имтиҳонҳои
давлатиро Шумо метавонед
аз сомона ва китобхонаи
электронии донишкада дастрас
ва истифода намоед. Саволхои_имтихони_давлати.zip
Чорабиниҳои
фарҳангӣ дар
Донишкада тақвият
меёбанд
Санаи
31-уми март дар хобгоҳи
Донишкада бо ташаббуси
кафедраи Молия ва андозбандӣ
дар соҳибкорӣ
чорабинии фарҳангӣ
бахшида ба ифтихори бузургдошти
100-умин солгарди зодрўзи
Қаҳрамони
халқи тоҷик,
шоири шинохта Мирзо Турсунзода
баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳи
сардори шўъбаи тарбияи
Донишкада Шарипова Ф.
Л. чорабиниро ҳусни
оѓоз бахшида, ба кулли
иштирокчиён ва ташкилкунандагон
изҳори миннатдорӣ
намуд. Қайд карда
шуд, ки воқеъан
ташкили чунин чорабиниҳо
дар байни ҷавонону
донишҷўён, метавонад
ҳисси миллӣ
ва ватандустии онҳоро
бедор намояд.
муфассал
Наврўз
дар донишкада
16-17-18
марти соли 2011
дар Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмати Тоҷикистон
базми Наврўзӣ доир
гардид. 16 март
факултети туризм ва меҳмоннавозӣ,
17 март факултетҳои
хизмати молиявӣ,
соҳибкорӣ
ва менеҷмент, 18
март бошад дар
варзишгоҳи донишкада
базми умумӣ таҳти
унвони
«Омадӣ хуш
омадӣ, Наврўзи ҳуҷастапай»
бо тантана
гузаронида шуд. Муфассал
Конфронси
илмӣ-назариявӣ
дар мавзўи «Инъикоси муносибатҳои
пулӣ, қарзӣ
ва бонкӣ дар повести
«Марги судхўр»-и Садриддин
Айнӣ».
Дар
таърихи 12-уми феврали
соли 2011 дар донишкада
Конфронси илмї-назариявӣ
дар мавзўи «Инъикоси муносибатҳои
пулӣ, қарзӣ
ва бонкӣ дар повести
«Марги судхўр»-и Садриддин
Айнӣ» баргузор гашт.
Ташкилкунандаи конфоронс
кафедраи Хизматрасонии
бонкӣ буда дар кори
он устодон ва донишҷўёни
донишкада иштирок намуданд.
Мақсади конфоронси
мазкур тадқиқу
таҳлили муносибатҳои
пулӣ, қарзӣ
ва бонкӣ дар повести
арзишманди устод Садриддин
Айнӣ буда, инчунин
маърўзачиён масъалаҳои
аҳамияти таълимию
тарбиявии асарро низ хеле
васеъ қайду баён
намуданд. Муфассал
Нишондодҳои
беҳтарини илмӣ
дар соли 2010
26
январи соли 2011 дар ДСХ
Шўрои олимон доир гардид,
ки ҳисоботи ноиби
ректор оид ба илм ва робитаҳои
байналмилалӣ, профессор
Саид Аҳмадов оид
ба ҷамъбасти солонаи
корҳои илмӣ-тадқиқотӣ
мавриди баррасӣ
қарор гирифт.
Дар ҳисобот таъкид
гардид, ки дар соли 2010
нисбат ба солҳои
пешин нишондодҳои
беҳтарини илмӣ
ба даст омадааст. Масалан
агар дар соли 2009 ҳамагӣ
2 нафар рисолаи илмӣ
ҳимоя карда бошанд,
пас дар соли 2010 ин теъдод
ба 6 нафар расид. Яке
рисолаи докторӣ
ва 5 нафар рисолаи номзадиашро
бо муваффақият ҳимоя
намуданд.
Дар таъмири монографияҳои
илмӣ, китобҳои
дарсӣ, дастуру васоити
таълим, баргузории конфронсу
семинарҳо, чорабиниҳои
касбӣ-илмии кафедраҳо
низ таҳаввулоти
амиқ ба вуҷуд
омад. Муфассал.
Семинари
илмӣ-назариявии
дар мавзўи "Саҳми
мақомоти гумрук
дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ
"
Дар
таърихи рўзи 15 январи
соли 2011 дар Донишкадаи
соҳибкорӣ
ва хизмат семинари илмӣ-назариявии
кафедраи «Ҳуқуқи
соҳибкорӣ
ва гумрук» дар мавзўи
"Саҳми мақомоти
гумрук дар рушди фаъолияти
соҳибкорӣ"
баргузор гардид. Дар семинар
кормандони хадамоти гумруки
ҶТ ва Донишкадаи
такмили ихтисоси хадамоти
гумруки ҶТ бо устодан
ва донишҷўёни Донишкадаи
соҳибкорӣ
ва хизмат вохўрда бо маърўзаҳои
худашон баромад намуданд.
Инчунин дар семинар маърўзаи
мудири кафедраи «Ҳуқуқи
соҳибкорӣ
ва гумрук» Нидоев П. Ф.
дар мавзўи «Мақомоти
гумрук дар рушди фаъолияти
соҳибкорӣ»
шунида шуд. Сипас донишҷўён
саволҳо оиди фаъолияти
гумрукӣ ба маърўзачиён
доданд ва ҷавобҳои
мушаххас аз онҳо
гирифтанд.
Форуми
инноватсионии донишҷўён
(SIF)
Дар
санаи 23-юми декабри соли
2010 дар донишкада Форуми
иноватсионии донишҷўён
(Forum Innovation
Forum) дар
мавзўи «Нақш
ва истифодаи технологияҳои
иттилоотӣ-комуникатсионӣ
дар ҳаёти имрўзаи
ҷомеа аз нигоҳи
донишҷўён»
гузаронида шуд. Форум
бо ташаббуси худи донишҷўёни
ихтисоси низоми иттилоотӣ
дар иқтисодиёти
Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат таҳти
роҳбарии устоди
калони кафедра Давлатов
Р. гузаронида шуд. Дар
форум аз дигар донишгоҳҳои
кишвар ба монанди Донишгоҳи
Тиббии Тоҷикистон,
Донишгоҳи Омўзгории
Тоҷикистон, Донишгоҳи
Технологии Тоҷикистон,
Донишгоҳи Аграрии
Тоҷикистон, Филиали
Донишгоҳи техникии
Тоҷикистон дар ш.
Кўлоб ширкат варзида,
дар мавзўъҳои гуногун
оиди самаранок истифода
бурдани технологияҳои
иттилоотӣ дар пешбурди
кишвар баромад намуданд.
Сиёсати
фискалии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва дурнамои он
Дар
таърихи 21-уми декабри
соли 2010 дар ДСХ бо ташаббуси
кафедраи Молия ва андозбандӣ
дар соҳибкорӣ
бо иштироки васеи мутахассисони
соҳаи молия ва андоз
мизи мудаввар дар мавзўи
«Сиёсати фискалии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
ва дурнамои он» баргузор
гардид.
муфассал
Баррасии
Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар бораи
масъулияи падару модар
дар таълиму тарбияи фарзанд
дар донишкада
20 декабри соли 2010 дар
Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмати Тоҷикистон
бо иштироки омўзгорон,
кормандон, донишҷўён,
коллективи Гимназияи донишкада
ҷамъомади бошукўҳ
доир гардид, ки ҳадаф
баррасии Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бораи масъулияи падару
модар дар таълиму тарбияи
фарзанд буд.
Тибқи лоиҳаи
қонун оид ба ўҳдадориҳои
падару модар дар таълиму
тарбияи фарзанд коллективи
меҳнатии донишкада
фикрашонро баён сохтанд.
Дар охир пешиҳодҳои
омўзгорон, кормандон ва
донишҷўёни донишкада
шунида шуд. Коллективи
меҳнатӣ тасмим
гирифт, ки дар таълиму
тарбияи фарзандон ва донишҷўёни
донишкада, хонандагони
гимназия ҳиссаи
сазовор хоҳанд гузошт.
Семинари
муфид дар Донишкада
11 ноябри соли 2010 дар
Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмати Тоҷикистон
семинари ҷумҳуриявӣ
дар мавзўи “Масоили
рушди иқтисодиёти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар давраи бўҳрони
молиявии ҷаҳонӣ”
доир гардид. Дар кори
семинар меҳмонон
аз гўшаву канори ҷумҳурӣ,
донишгоҳу донишкадаҳо,
пажўишгоҳҳои
илмии мамлакат, ҳамчунин
ноиби ректор оид ба таълими
Донишгоҳи давлатии
Урал, профессор Марамыкин
Максим Сергеевич ширкат
доштанд. Сухани аввалинро
ректори ДСХ профессор
Комилов Файзалӣ
Саъдуллоевич оғоз
намуда, ҳозиринро
хайрамақдам гуфт
ва изҳори боварӣ
кард, ки семинари мазкур
баҳри ҳарчӣ
зудтар рафъ сохтани бўҳрони
молиявӣ дар кишвар
кўмак хоҳад кард.
Семинар 3 рўз давом ёфт.
Саломат
бошем
Соли
дуюм аст, ки бо ташаббуси
Раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат коллективи меҳнатии
таълимгоҳ ва гимназияи
донишкада аз муоинаи духтурони
пуртаҷриба гузаштанд.
Дар мўҳлати кўтоҳ
ташхиси пурраи организми
кормандон сурат гирифт.
Банкомат
дар хизмати мо
Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат тибқи
қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2010
барои додани музди меҳнати
кормандон ба системаи
кортҳои пластикӣ
гузашт.
Кортҳоро Тоҷиксодиротбонк
таҳия намуда, ба
соҳибонаш месупорад.
Як адад банкомат дар бинои
донишкада насб карда шуд,
ки кормандон аз он маошашонро
ба осонӣ гирифта
метавонанд. Ин иқдом
даст медиҳад, то
кормандони донишкада дар
вақти дилхоҳ
қисман ё пурра маошашонро
гиранд. Ҳамчунин
имконияти пасандоз намудани
маоши кормандон низ пеш
омад.
Масъалаҳои
рушди кафедраи Идоракунии
давлатӣ ва маҳаллӣ
дар макотиби олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
8
октябри соли 2010 дар
Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмати мамлакат таҳти
унвони «Масъалаҳои
рушди кафедраи Идоракунии
давлатӣ ва маҳаллӣ
дар макотиби олии ҷумҳурии
Тоҷикистон»
мизи мудаввар доир гардид.
Ректори ДСХ профессор
Комилов Файзалӣ
Саъдуллоевич бо сухани
ифтитоҳӣ ҷамъомадро
ҳусни оғоз
бахшид. Мавсуф оид ба
зарурат ва аҳмияти
ташкили чунин кафедра,
ки дар идоракунии давлатӣ
ва маҳаллӣ
нақши муҳим
дорад сухан ронд.
Баъд мудирони кафедраҳои
Идоракунии давлатӣ
ва мунисипалии ДСХ Ҷўрабоев
Ғ., Идоракунии давлатӣ
ва мунисипалии ДМТ Мирбобоев
Р., ИД ва ДИТ Ҷонмаҳмадов
Ш. бо маърўзаҳои
пурмўҳтавояшон оид
ба ташкили кафедраи номбурда
дар макотиби олӣ
диққати ҳозиринро
ба худ ҷалб намуданд.
Профессор Ҳелмут
Воллман бошад оид ба самтҳои
рушди Идоракунии давлатӣ
ва маҳаллӣ
маърўза кард.
Рўзи
забон дар донишкада
5-октябри
соли равон дар Донишкадаи
соҳибкорӣ
ва хизмат бахшида ба Рўзи
забон конфронси илмию
амалии донишҷўён
баргузор гардид.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ
мудири кафедраи фарҳанги
соҳибкорӣ
ва забон Хоҷаев
Қурбон Тоҳирович
ифтитоҳ бахшид.
Сипас, донишҷўён:
Умедҷон Шогардов
аз курси якуми ихтисоси
25010805 таҳти унвони
«Саҳми адибони
асри Х дар рушди забон»;
Насиба Саидзода – донишҷўи
курси якуми ихтисоси 25010402т
зери унвони «Мақоми
забони тоҷикӣ
дар давраи истиҷлолият»
маърўза карданд.
Дар бахши Амалии конфронс
бештар аз 15 нафар донишҷўёни
курсҳои 1, 2, 3
бахшида ба Рўзи забон
аз ашъори адибони салаф
ва муосир оид ба забон
шеърҳо қироат
намуда, сурудҳо
хонданд.
Аз ҷумла саҳначаҳои
драмавии «Аҳмияти
забондонӣ»
дар асоси асарҳои
Ҷалолидини Балхӣ
манзури тамошобинон гардид.
Дар фарҷом конфронсро
мудири кафедра ҳусни
хотима бахшида, ба ғолибон
тўҳфаҳои арзанда
супорид.
Конференсияи
илмӣ амалӣ
дар Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат
3
сентябри соли 2010 дар
толори маҷлисгоҳи
Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат конференсияи
илмӣ-амалӣ
таҳти унвони «Истиқлолият
давлатӣ» бахшида
ба 19-умин солгарди Истиқлолияти
Тоҷикистон баргузор
гардид, ки меҳмонон
аз ноҳияи Сино,
раёсати ҷавонон
варзиш ва сайёҳии
шаҳри Душанбе ва
адибон ширкат доштанд.
Конференсияро ноиби ректор,
профессор Саид Аҳмадов
ҳусни оғоз
бахшида, дар мавзӯи
«Истиқлолияти давлатӣ
ва татбиқи он дар
Тоқикистон» маърӯза
кард.
Баъд Сардори Раёсати ҷавонон,
варзиш ва сайёҳии
шаҳри Душанбе Дилшод
Қурбонов оид ба
Истиқлолият ва ҷавонон
сухан ронда, донишҷӯёнро
ба таҳсили хубу
намунавӣ ҳидоят
кард.
Шоира Норинисо устодон
ва донишҷӯёнро
ба ҳулули ҷашни
фархунда – Истиқлолияти
кишвар табрику таҳният
гуфта, шеърҳои ба
тозагӣ эҷод
кардаашро қироат
кард.
Профессор Намоз Ҳотамов
бо маърӯзаи пурмуҳтавояш
дар мавзӯи «Аз истиқлолият
то истиқлолият»
хотири ҳозиринро
шод гардонд.
Маҳфили
"Маърифати андоз
"дар донишкада
7
– июни соли 2010 дар Донишкадаи
соҳибкорӣ
ва хизмат бо ташаббуси
донишкадаи мазкур ва Донишкадаи
иқтисодии Тоҷикистон
бахшида ба соли Маориф
ва Фарҳанги техникӣ
чорабинии маърифатӣ-фароғатӣ
таҳти унвони "Маърифати
андоз" баргузор гардид.
Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат, профессор Комилов
Ф.С. ба ҷамъомад
бо сухани ифтитоҳи
ҳусни оғоз
бахшид. Дар маҳфил
омӯзгорон, олимону
донишҷӯёни
донишкадахои номбурда
дар мавзӯҳои
"Тартиби андозбандӣ
аз соҳибкорони инфиродӣ",
"Низоми андози ҶТ
ва роҳҳои
такмили он", "Равзанаи
ягона" ва "Андоз
аз аҳолӣ:
назария ва таҷрибаи
он" сухан ронданд.
Дар охир оиди ин мавзӯҳо
саволу ҷавоб сурат
гирифт. Дар ҷамъомад
намоянда аз Дастгоҳи
Президенти ҶТ, Вазири
маорифи ҶТ, ректорони
донишгоҳу донишкадаҳои
пойтахт ширкат варзиданд.
Ҳаваскорони бадеии
Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат ва Донишкадаи
иқтисодии Тоҷикистон
бо ҳунарнамоиашон
хотири ҳозиринро
шод гардониданд.
Доктори
илмҳои
физикаю-математика, профессор
Муҳаммадҷон
Исматӣ
70 сола шуд
5 – майи соли 2010 дар
Донишкадаи сохибкорӣ
ва хизмат ба муносибати
70 солагии зодрўз
ва 50 солагии
фаъолияти илмӣ-педагогии
профессор Муҳаммадҷон
Исматӣ
конфронсияи илмӣ-амалӣ
гардид. Коллективи устодон,
ҳамкорон, профессорон
соҳибҷашнро
ба ин муносибат самимона
табрик гуфта, ба корҳои
минбаъдаи илмӣ ва
омўзгориаш муваффақиятҳо
таманно намуданд.
Ташрифи
Дабири кулли созмони умумиҷаҳонии
туристӣ ба Донишкадаи
соҳибкорӣ
ва хизмати Тоҷикистон
3-майи соли 2010 Дабири
кулли созмони умумиҷаҳонии
туристӣ, профессори
донишгоҳи Иордания
ба Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмати Тоҷикистон
ташриф овард. Меҳмони
олиқадрро ҳайати
омўзгорону профессорон
ва донишҷўён бо
гулу гулдастаҳо
истиқбол гирифтанд.
Дар толори маҷлисгоҳи
донишкада ҷамъомади
тантанавӣ доир гардид,
ки ба он ректори таълимгоҳ
профессор Комилов Ф.С.
ҳусни оғоз
бахшида, Дабири кулли
созмони умумиҷаҳонии
туристиро аз номи коллектив
хайрамақдам гуфт
ва ба ин муносибат нутқ
эрод кард. Баъд Дабири
кулли созмони умумиҷаҳонии
туристӣ Толиб Рифаӣ
аз таассуроти сафараш
ба Тоҷикистон, мулоқоташ
бо Сарвари давлат, Президенти
Тоҷикистон Эмомалӣ
Раҳмон, манзара
ва табиати зебою хотирмони
кишварамон сухан ронд.
Маълум гашт, ки эшон 20
соли умри хешро ба таълиму
тарбияи ҷавонони
донишҷў дар макотиби
олии мухталифи ҷаҳон
сипарӣ кардааст.
Мизи
мудаввар – роҳҳои
идора намудани сохторҳои
давлатӣ ва маҳаллӣ
19 апрели соли 2010 дар
Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат мизи мудаввар
доир гардид, ки мавзӯи
“Ташкили кафедраи
идоракунии давлатӣ
ва маҳаллӣ
дар макотиби олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон “-ро
дар бар гирифт.
Ректори донишкада, профессор
Комилов Файзалӣ
Саъдуллоевич ба мизи мудаввар
бо сухани муқадимавӣ
ҳусни оғоз
бахшид.
Баъд роҳбари Институти
“Ҷомеаи Кушода”-и
Бунёди Мадад дар Тоҷикистон
ҷаноби Камол Обидов,
намояндаи вазорати ҶТ
С. Валиев, намояндаи Вазорати
Энергетика ва саноати
ҶТ Н. Алимов мудири
кафедраи Идоракунии давлатӣ
ва маҳаллӣ
Ғафурҷон Ҷӯрабоев,
сармутахасиси маркази
бақайдгирии ДСХ Ҷумаев
У. М. проректор оид ба
рушди Ур ГЭУ Куличин В.
А. оид ба ташкили кафедраи
Идоракуни давлатӣ
ва маҳаллӣ дар макотиби
олии ҶТ фикру ақидаҳояшонро
баён сохтанд.
Дар охир қарори дахлдор
қабул гардид.
Роҳ
ва усулҳои такмили
тайёр намудани мутахасиссон
дар соҳаи туризм
барои солҳои 2010-2012
Кафедраи туризм ва маркетинг
дар иҷрои як лоиҳаи
муштарак бо номи «Роҳ
ва усулҳои такмили
тайёр намудани мутахасиссон
дар соҳаи туризм
барои солҳои 2010-2012
бо Академияи умуми Тоҷикистон
якҷоя фаъолият карда
истодаанд.
МАНЗУРА
АЗИМОВА-номзади илм
“Таёрии касбии менеҷерҳои
сайёҳӣ аз
нуқтаи назари педагогӣ
дар Точикистон”-чунин
ном дорад, мавзўи десертацияи
номзадии омўзгори Донишкадаи
соҳибкорӣ
ва хизмати Тоҷикистон
Манзура Азимова, ки чанде
ҷабл
бомуваффақият ҳимоя
кард.
Китобҳои
нав маҳсули кафедра
Кафедраи идоракунии давлатӣ
ва маҳаллӣ
таҳти роҳбарии
мудири он доктори илмҳои
иқтисодӣ,
профессор Ғафурҷон
Ҷўрабоев чанде қабл
чанд китобро ба дасти
чоп супорид, ки ҳоло
таҳти истифода қарор
доранд. Инҳо “Низоми
худ идоракунии маҳаллӣ
”, ”Макроиқтисод”
ва “Молияи Давлатӣ
ва маҳаллӣ
” мебошад.
Ҷашни
байналмилалии Наврўзи
Аҷам дар Донишкадаи
соҳибкорӣ
ва хизмат
27 марти соли 2010 дар
Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат ҷашни
байналмилалии Наврўзи
Аҷамро бо тантана
таҳлил намуданд.
Устодон, донишҷўёни
донишкада, омўзгорону
хонандагони гимназияи
донишкада бо рўҳияи
идона суханони табрикии
ректор Комилов Файзалӣ
Саъдуллоевичро бо кафкўбиҳо
ва садои мусиқӣ
шуниданд. Баъд, лаҳзаҳои
суруду мусиқӣ,
рақсу бозӣ
ва варзишӣ фаро
расид. Дар базми наврузӣ
ҳар як факултети
донишкда бо арўси сол
ва бобои деҳқон,
созу суруд ва саҳначаҳои
мухталиф баромад карданд,
ки хеле хотирмон буданд.
Ба истиқболи ҷашни
Наврўзи Аҷам устодони
донишкада ва гимназия,
аълохонҳои донишкада
ва гимназия, кормандон
бо ифтихорнома ва тўҳфаҳои
хотиравӣ қадр
карда шуданд.