| Гимназияи
Донишкадаи соҳибкорӣ ва
хизмат.
Директор
Гимназия
- Бобиев Маҳмадёр
Бобиевич.
Гимназияи соҳибкорӣ ва хизмат
зерсохтори Донишкада маҳсуб ёфта,
бо қарори № 1 Шўрои олимон аз
2 марти соли 1998 ифтитоҳ ёфтааст.
Дар гимназия 337 нафар хонанда, аз он
275 нафар писар ва 62 нафар духтар ба
таҳсил фаро гирифта шудааст. Ҳоло
дар гимназия 31 нафар омўзгорони дорои
тахассусҳои гуногун,15 нафар дорои
категорияи якум, 15 нафар дорои категорияи
дуюм, 1 нафар категорияи умумӣ
ба таълиму тадрис машғуланд. Аксарияти
омўзгорони гимназия дорои таҷрибаи
пешқадам буда, аз онҳо 19
нафарашон зан ва 12 нафарашон мард мебошанд.
Дар натиҷаи корҳои зиёде
барои баланд бардоштани дониши хонандагон
ба анҷом расониданд. Шогирдони
гимназия дар олимпиадаҳо ва озмунҳои
ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ
иштирок намуда, ба ҷойҳои
сазовор ноил гаштанд. Хонандагони синфи
10А Маҳдии Назриддин ва синфи
9А Файзуллоева Азиза аз фанни забон
ва адабиёти тоҷик дар олимпиадаи
шаҳрӣ ширкат намуда, ҷойи
1 ва 2, аз фанни таърихи халқи
тоҷик хонандагони снфи 9А Зардакшоев
С ва Умарова Фарангис ҷойҳои
2 ва 3, аз фанни химия Сумани Қамариддин
ҷойи 3 – ро ишғол намуданд.
Бо ибтикори Президенти кишвар Эмомалӣ
Раҳмон соли 2010 соли маориф ва
фарҳанги техникӣ эълон шудааст,
дар ин замина нақша-тадбирҳо
дар гимназия андешида шудааст. Бо мақсади
дар руҳияи ватандўстӣ ва
беҳтар намудани ҷаҳони
маънавии хонандагон дар гимназия пайваста
чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ
баргузор мегардад. Омўзгорон барои шавқовар
гузаронидани дарсҳо аз асбобҳои
аёнӣ истифода менамоянд, чунки
аёният-ҷавҳари таълим аст.
Дарсҳои амалӣ ва таҷрибавии
химия, биология, физика ва технологияи
касбу ҳунар дар кабинетҳои
муҷаҳҳази замонавӣ
гузаронида ин барои беҳтар намудани
савияи дониши хонандагон мусоидат хоҳад
кард.
Омўзгорони гимназия вазифадоранд, ки
шогирдони босазои замонро тарбия намоянд,
насли наврасро дар рўҳияи хештаншиносӣ,
ҳуввияти миллӣ, ватандўстиву
меҳнатдўстӣ ба камол расонанд
ва обурўи донишкадаро баланд бардоранд.
Дар гимназия Шўрои омўзгорон, Шўрои
методӣ, шўрои бонувон, Иттифоқи
касаба, Шўрои волидон ва 5 иттиҳодияҳои
методии фаннӣ ва роҳбарони
синфҳо аз рўи нақшаҳои
кори худ фаъолият доранд ва моҳе
як маротиба ҷаласаҳои худро
мегузаронанд. Ҳолати таълими фанҳои
ҷудогона аз тарафи маъмурият ҳар
моҳ санҷида мешаванд. Инчунин
дар охири ҳар як чоряк аз фанҳои
риёзӣ, забони тоҷикӣ,
забони русӣ корҳои хатти
санҷишӣ аз дигар фанҳо
бо таври тестӣ санҷишҳо
гузаронида мешаванд. Мавриди зикр аст,
ки дар гимназия озмунҳои хушхатнависон,
ровии беҳтарин, рўдакихонӣ,
шоҳномахонӣ ва ғайра
гузаронида мешаванд.
Ҳамаи омўзгорони гимназия нақшаҳои
таълимӣ, тарбиявӣ ва худомўзиро
доранд. Дафтарҳои корӣ ва
рўзномаҳои хонандагон санҷида
шаванд ҳам вале на ҳамаи
омўзгорон талаботи ягонаро иҷро
менамоянд. Аҳли коллективи гимназия
дар чорабиниҳои тарбиявӣ
ва беруназсинфӣ фаъолона иштирок
менамоянд. Гузаронидани ҳафтаҳои
фаннӣ низ ба ҳукми анъана
даромадаанд.
Дар гимназия омўзгорони дараҷаи
баланди тахассусӣ барои таълим
ва тадрис ҷалб карда шудааст.
Аз ин лиҳоз донишу биниш, заковату
хиради омўзгорони гимназия ба ин самти
таълиму тарбия равона карда шудааст.
Инчунин бояд зикр кард, ки гимназия
дорои иҷозатномаи АУ №0000573
Вазорати Маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон оиди ҳуқуқи
пешбурди фаъолияти таълимӣ то
соли 2014-ум мебошад. Шогирдони гимназия
дар рўҳияи ватандўстӣ ва
худшиносии миллӣ ва садоқат
ба Ватан тарбия меёбанд.
Бо дастгири ректори Донишкада Комилов
Ф.С. барои фарзандони кормандони гимназия
то 50% фисади маблағи шартнома
ва ба оилаҳои камбизоат 25% фисади
маблағи таҳсил имтиёз шудааст.
Ба ғайр аз ин барои хонандагони
аълохон ва болаёқати гимназия
идрорпулӣ муқаррар шудааст,
ки завқи донишандўзии муҳасилинро
бештар менамояд. Идрорпулӣ барои
синфҳои 1-4 дар ҳаҷми
10-сомонӣ, аз 5-7 дар ҳаҷми
15-сомонӣ синфҳои 8-10 дар
ҳаҷми 20 сомонӣ муайян
карда шудааст ва 40 нафар хонандагони
аълохони гимназия аз чунин ғамхори
бархўрдоранд.
Гимназия дорои 26 синфхонаҳои
муҷҷаҳази таълимӣ
буда, бо синфхонаи компютерӣ ,
ки дорои 11-адад компютер аст бо шабакаи
Интернет пайваст карда шудааст. Инчунин
дар гимназия лабораторияи физикӣ
– химиявӣ дорои таҷҳизоти
муосир амал мекунад.
Тазаккур бояд дод, ки шогирдон ва устодон
як узви бевоситаи Донишкадаи соҳибкорӣ
буда, аз маркази компютерӣ, бунгоҳи
тиббӣ, китобхона ва толори варзишӣ
истифода менамоянд.
Маъмурияти гимназия ва омўзгорон барои
таълиму тарбияи ҷавонони бофарҳанг,
хештаншинос ва дорои ахлоқи ҳамидаву
дониши баланд саҳмгузор хоҳанд
буд.
Омўзгорони писандида ва ботаҷриба
Исоева Мунира, Қурбонова Дилосо,
Зайдуллоев Нурулло, Элиева Рўзигул,
Баёнова Қумрӣ, Собирова
Гулистон, Холова Назира, Иброҳимов
Рустам, Раҳимова Оламбӣ,
Зубайдов И, Хоҷаева З, Расулова
М. ва дигарон ба кори таълиму тарбия
машғуланд.
Бояд тазаккур намуд, ки замона водор
месозад, сифату самараи кори педагогиро
беҳтар намуда, ба шогирдон донишҳои
замонавӣ дода, қобилияти
фикрии онҳоро инкишоф бидиҳем.
Мо мекўшем, ки дар гимназия чорабиниҳои
илмӣ, фарҳангӣ баргузор
намоем. Бо мақсади дар рўҳияи
ватандўстӣ ва беҳтар намудани
ҷаҳони маънавии хонандагон
бахшида ба рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ
чорабинӣ гузаронида шуд, ки мақбули
аҳли толор гардид ва ин аз завқи
баланди донишомўзии хонандагон дарак
медиҳад.
Маъмурияти гимназия тамоми тадбирҳоро
меандешанд, то ки сифати кори таълиму
тарбияро мувофиқи дастурҳои
Вазорати Маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба роҳмонда тасвиб
намуда, насли наврасро дар рўҳияи
хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ
ватандўстиву меҳнатдўстӣ
тарбия намуда ба камол расонем.
|