Донишкадаи сохибкори ва хизмат  
 
Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                          Ба саҳифаи асосӣ   Ҳама хабарҳо       

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
Сайри виртуалӣ 
суратҳо ва видеонаворҳо.
Рӯзномаи «Соҳибкор» 
нашриёти донишкада, шумораҳои рӯзнома.
Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
Варзиш ва фароғат 
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

 
  Маълумоти умумӣ »    
 

Донишкадаи сохибкори ва хизматТаърихи таъсисёбии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат яке аз падидаҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 1991, дар тӯли фаъолияти худ баҳри хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мутахассисони баландихтисосро тайёр намуда, дар пешрафти иқтисодиёту илм ва фарҳанги кишвар саҳми арзанда гузошта истодааст. Донишкада бо қарори Девони Вазирони ИШҶС №530 аз 29.07.1991 ва бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон № 226 аз 2 сентябри соли 1991 таъсис ёфтааст. Сарпарасти донишкада Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақоми донишкада мактаби олии бисёрҷабҳа буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии АУ №000070 аз 4 сентябри соли 2003, АУ №000099 аз 26 марти соли 2004 ва АУ № 0000392 аз 22 июни соли 2007 оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи маълумоти олии касбӣ ва шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии ИА №000011 аз 30 июли соли 2004, №11 мебошад. Донишкада узви Академияи илмҳои байналмилалии макотиби олӣ, Ассотсиатсияи муассисаҳои таҳсилотии «Ednet», Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳо «Tarena» мебошад. Дар аввали фаъолият, соли таҳсили 1991-1992 дар донишкада 3 кафедра амал мекард, ки дар онҳо 2 доктори илм ва 19 номзадони илм, аз ҷумла 2 нафар занҳо ба фаъолияти илмӣ-педагогӣ машғул буданд, ки аз онҳо танҳо 6 нафарашон кормандони доимӣ буданду халос. Он соли таҳсил дар донишкада аз рӯи 4 ихтисос (иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо, санъати ороишӣ-амалӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, технологияи матоъ ва кешбофӣ) 88 нафар донишҷӯён дар шӯъбаи рӯзона таҳсил менамуданд. Дар соли аввали фаъолият донишкада дорои як бинои таълимӣ бо 17 синфхонаҳо буда, фонди умумии китобхонаи илмии он 1012 нусха китобро дарбар мегирифт. Имрӯз дар сохтори донишкада қисмҳои таълим, тарбия, илм ва робитаҳои берунӣ фаъолият доранд. Миқдори донишҷӯён зиёда аз 3700 нафарро ташкил медиҳад, ки 1533 нафари онҳо донишҷӯёни таҳсили рӯзона мебошанд. Донишҷӯён аз рӯи 10 ихтисос, ки тобеъ ба факултаҳои бизнес ва молия, соҳибкорӣ ва менеҷмент (факултаҳои таҳсили рӯзона) ва факултаи таҳсили ғоибона мебошанд, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 148 нафар устодони донишкада (112 нафар кормандони доимӣ), 14 нафар докторони илм ва 42 нафар номзадҳои илм мебошанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки 18 нафари онҳо хатмкунандагони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мебошанд, ки 12,2 фоизи ҳамаи кормандони илмӣ-педагогӣ, ё 16,1 фоизи кормандони илмӣ – педагогии доимиро ташкил медиҳанд.

 


 

 
Вернуться на главную страницу
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рахмонзода Аслиддин  ба администратор