| МАРКАЗИ САЙЁҲӢ ВА МЕҲМОНПАЗИРОӢ
Дар асоси карори Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат № 11/4.1 аз 23 июни соли 2010 Маркази сайёҳӣ ва меҳмонпазироӣ таъсис дода шуда, аз санаи 25 августи соли 2011ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Марказ фаъолияти худро дар асоси низомнома ва нақшаи корӣ амалӣ менамояд.
Марказ дар якҷоягӣ бо Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ барои ҳамкории минбаъда бо Ассотсиатсияи тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони соҳа тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
27-сентиябри соли 2010 нахустин Конфронси миллии саноати туристии Ҷумҳуроии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он собиқ директори марказ Ҳамидуллоев М. Ҳ. ва мудири Кафедраи туризм қодирова М.И. ширкат варзида, марказро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд. Донишкада ба меҳмонхонаҳои «Пойтахт», «Тоҷикистон» «Ҳайят Риҷенси» Иттифоқи туристӣ ва сайёҳии ҷумҳуриявӣ ва ғайра дар асоси қарордод ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаааст. Алҳол роҳбарии марказро номзади и.п. Субҳон Умонов ба ӯҳда дорад. Марказ пайваста вохӯриву сӯҳбатҳои ашхоси муътабари соҳаи туризмро ба донишҷӯёни факултети туризм ва хадамоти гумрукӣ доир месозад. Маркази сайёҳӣ ва меҳмонпазироии донишкада барои кушодани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши технологияҳои информатсионии коркарди маълумотҳо, танзими сайёҳӣ ва ташкили бизнеси тарабхона ва меҳмонхонаҳо соҳиби иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04-01-2011 таҳти № 1161 мебошад. Ҳамзамон марказ дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои дахлдор дар ҷустуҷӯи имкониятҳои кушодани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ ва дигар фанҳо мебошад.
Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2009 №667 ва фармони Вазири маорифи ҶТ аз 26.12 соли 2009 №2666 «Дар бораи таъсиси технопаркҳо дар назди мактабҳои олии ҷумҳурӣ» барои таҷрибаомӯзӣ ва омӯзиши фаъолияти тарабхона ва меҳмонхонаҳо дар назди марказ технопарк таъсис дода шудааст, ки донишҷӯёни гурӯҳҳои сайёҳӣ мунтазам машғулиятҳои таҷрибавиашонро дар он ҷо мегузаронанд. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ ва беҳтар намудани ҳунаромӯзии донишҷӯёни донишкада ва хонандагони гиминазия дар назди марказ устохонаи кулолгарӣ ташкил карда шудааст, ки ба истеҳсоли зарфҳои кулолӣ ва армуғонҳо машғул аст.
Дар назди марказ инчунин маҳфили «Сайёр» амал менамояд
Ҳадафи асосии марказ аз мусоидат намудан ба рушди устувори туризм ва меҳмонпазироӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
|