Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                              Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
Сайри виртуалӣ 
суратҳо ва видеонаворҳо.
Рӯзномаи «Соҳибкор» 
нашриёти донишкада, шумораҳои рӯзнома.
Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
Варзиш ва фароғат 
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

 
  Маълумоти умумӣ »    
 

Учебная частьШӯрои олимони Донишкада.

Раиси Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат - ректори донишкада, профессор - Комилов Файзали Саъдуллоевич.


Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидории донишкада дар назди ректор таъсис дода шудааст. Раисии Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро ректори донишкада, профессор Комилов Ф. С. ба ӯҳда дорад. Шӯрои олимони донишкада 26 нафар аъзо дорад ва он дар ҳайати зерин: ректор, ноибони ректор, деканҳои факултаҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишкадавӣ, мудирони кафедраҳои факултаҳо, мудирони шӯъбаҳои таълим, илм ва робитаҳои беруна, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил карда шудааст. ҳайати Шӯрои олимонро ректори донишкада тибқи фармон ба мӯҳлати 3 (се) сол тасдиқ менамояд. Вазифаҳои асосии Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: - муттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани нерӯи илмӣ, таълимӣ ва методии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкада; - дар амал татбиқ намудани қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурии Тоҷикистон», низомномаи мазкур ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқии соҳаи маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон; - мусоидат намудан ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, амалигардонӣ ва рушди минбаъдаи тадқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷӯён; - назорат аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда. Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: - доир ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, корҳои илмию тадқиқотӣ, фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ қарор қабул менамояд ва қарори қабулшуда аз тарафи ректори донишкада ба тасвиб расонида шуда, ҳукми воқеӣ мегирад; - натиҷаҳои фаъолияти солонаи таълимӣ ва илмию тадқиқотиро ҷамъбаст намуда, барои беҳтар намудани онҳо тавсия медиҳад; - ҳисоботи фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва корҳои тарбиявии тайёр кардани мутахассисонро (дар факултаҳо) мешунавад; - масъалаи таъсис намудан ва бастани факултаҳо, кафедраҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва номгузории онҳоро чун қоида бо назардошти таҳкимбахшии онҳо, бунёди коллективҳое, ки метавонанд вазифаҳои дар назди донишкада истодаро дар маҷмӯъ иҷро намоянд, ҳаллу фасл менамояд; - номзадҳоро барои дарёфти идрорҳои мухталиф аз ҷумлаи донишҷӯёни аълохони донишкада ва аспирантон тавсия менамояд; - барои гузаронидани чорабиниҳои дар боло зикргардида захираҳои молиявӣ ва меҳнатиро тасдиқ мекунад; - барои ишғоли вазифаҳои озоди профессорию омӯзгорӣ, вазифаҳои илмӣ ва мудирони кафедраҳо озмун мегузаронад. ҷаласаҳои Шӯрои олимон дар суратҷаласа қайд карда мешавад. Ба суратҷаласа раиси Шӯро ва котиби он имзо мегузоранд. Раиси Шӯрои олимон иҷрои мунтазами қарорҳои Шӯрои олимонро зери назорат гирифта, роҷеъ ба он ҳар се моҳ як маротиба дар ҷаласаи Шӯрои олимон гузориш медиҳад.

 


 

 

 

 

 
Ба сахифаи асоси
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рахмонзода Аслиддин  ба администратор