НАВИДҲО

   «Рушди соҳибкории хурду миёна дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: тамоюл ва муаммоҳо» - чунин унвон дошт  конфронси  илмӣ - амалии ҷумҳуриявӣ, ки Раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  24 – 26 уми майи соли равон  доир гардонид. Ба конфронс олимон, мутахассисон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, бонкҳо, пажуҳишгоҳҳои молиявӣ, илмӣ – тадқиқотӣ, мактабҳои олии мамлакат ширкат варзиданд.

 Время публикации: 2014-05-26  |  Просмотр: 42  | Читать дальше


   Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 189-13 аз 8 майи соли 2014 «Дар бораи таҷлили рӯзи  ҷавонони  Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе» таҳти унвони «Душанбе – меҳвари ташаббус ва ташаккули ҷавонон» бо дастур ва ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сохтори дар  шаҳри Душанбе амалкунандаи он – Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои дар риштаи туризм фаъолияткунандаи ҳудуди шаҳри Душанбе намоиши маводҳои тарғиботиву ташвиқотии туристӣ ва армуғон  барои сайёҳону меҳмонони кишвар баргузор гардид.

 Время публикации: 2014-05-20  |  Просмотр: 33  | Читать дальше


 Рӯзи 19-уми майи соли 2014 тибқи нақшаи чорабиниҳои кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, оид ба иҷрои фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми январи соли 2014, №105 «Ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ» маҳфили илмӣ-фарҳангӣ доир гардид.

 Время публикации: 2014-05-19  |  Просмотр: 28  | Читать дальше


 
ДОСТИЖЕНИЯ...