Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
Сайри виртуалӣ 
суратҳо ва видеонаворҳо.
Рӯзномаи «Соҳибкор» 
нашриёти донишкада, шумораҳои рӯзнома.
Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
Варзиш ва фароғат 
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

 
  Маълумоти умумӣ »    
 

Оид ба ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таъйин гардидани Комилов Файзалӣ Саъдуллоевич.

Комилов Файзалӣ Саъдуллоевич - ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 1978 факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии (миллии) Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси риёзиёти татбиқӣ хатм намудааст. Собиқаи кории илмӣ-педагогӣ – 30 сол. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози фанни «Технологияи информатсионӣ»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Эксперт оид ба масъалаҳои маориф дар назди бунёди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет дар Тоҷикистон. Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физикаю математика, соли 2004; номзади илмҳои физикаю математика, соли 1986. Унвони илмӣ: профессор, соли 2008; дотсент, соли 1990. Рисолаи докторӣ: «Тарҳрезии имитатсионии динамикаи экосистемаи махзанҳои сунъии обӣ», соли 2004. Рисолаи номзадӣ: «Тарҳрезии имитатсионии динамикаи экосистемаи обанборҳо (дар мисоли обанборҳои Тоҷикистон)», соли 1985. Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ: Тарҳрезии экосистемаҳои обӣ; Балоиҳагирии системаҳои информатсионӣ-коммуникатсионӣ. Таҳқиқоти мушаххаси илмии Ф.С. Комилов ба тарҳрезии математикии экосистемаи обанборҳои Норак, Қайроққум ва ҳавзҳои моҳипарварии минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон бахшида шудаанд. Ӯ дар ин самт се монографияи илмӣ, панҷ китобча ва миқдори зиёди мақолаҳоро ба нашр расонидааст. Теъдоди асарҳои илмӣ-методии ӯ аз 150-то зиёдтар аст. Қисми зиёди онҳо дар бонуфузтарин маҳаллаҳои илмии дунё ба нашр расидаанд. Натиҷаҳои илмӣ-методии ӯ дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, семинар ва нишастҳои илмии мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, ИМА ва ғайра мавриди баррасӣ, омӯзиш ва натиҷагирӣ қарор дода шудаанд. Аз рӯи самти таҳқиқоти илмии худ ду нафарро то дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика ба воя расонидааст. Ҳоло роҳбарии ду аспирант ва се тадқиқотчӣ-унвонҷӯро ба ӯҳда дорад. Ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳа аз фанҳои асосии кафедраи «Тарҳрезӣ ва технологияи информатсионӣ» - Информатика, Технологияи информатсионӣ дар иқтисодиёт ва курси махсуси «Тарҳрезии тақлидии системаҳои экологӣ-иқтисодӣ» лексия мехонад ва дарсҳои амаливу лабораторӣ мебарад. Бо ташаббуси бевоситаи Ф.С. Комилов дар заминаи кафедраи «Тарҳрезӣ ва технологияи информатсионӣ» ихтисоси наву замонавӣ - 071901 – «Системаҳои информатсионӣ дар иқтисодиёт» кушода шудааст. Ф.С. Комилов раиси гурӯҳи кории эҷоди Стандарт ва Барномаи таълимии фанни «Технологияи информатсионӣ» барои синфҳои 1-11-уми мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон аст. Ӯ муаллифи 8 китоби дарсӣ, беш аз 20 барнома ва 10 васоити таълимӣ мебошад. Китобҳои таълимии ӯ - «Асосҳои информатика ва техникаи ҳисоббарор. Бейсик», «Информатика», «Асосҳои техникаи компютерӣ» ва «Технологияи информатсионӣ» - китобҳои рӯимизии даҳҳо ҳазор мактаббачагон, донишҷӯён ва қисми зиёди омӯзгорони фанҳои Информатика ва Технологияи информатсионӣ гаштаанд. Соли 2006 ҳамчун ғолиби озмуни муаллифони китобҳои дарсӣ дар ИМА таҷрибаомӯзии касбӣ гузаштааст. Ф.С. Комилов якчанд маротиба раис ва аъзои ҳакамони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумњуриявии мактаббачагон ва донишҷӯён аз фанни Информатика таъин шудааст.

 

 


 

 
Ба сахифаи асоси
Copyright © 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рахмонзода Аслиддин  ба администратор