Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                              Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
Сайри виртуалӣ 
суратҳо ва видеонаворҳо.
Рӯзномаи «Соҳибкор» 
нашриёти донишкада, шумораҳои рӯзнома.
Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
Варзиш ва фароғат 
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

 
  Маълумоти умумӣ »    
 

Ахмедов Саид Ахмедович Аҳмадов Саид Аҳмадович - ноиби ректор оид ба корҳои илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои фалсафа.

Шӯъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ)-ро соли 1967 аз рӯи ихтисоси филолог-шарқшинос хатм кардааст. Аз соли 1974, баъди хатми аспирантура ба сифати ходими илмӣ дар Шӯъбаи фалсафаи (ҳоло Институти фалсафаи) Академияи улуми ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1982 то 1983 мудири Шӯъбаи Институти шарқшиносӣ кор кардааст. Дар соли 1995 раиси Кумитаи дини назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то соли 2004 дар ин фаъолият намудааст. Соли 2004 Мушовири Президенти ҷумҳури Тоҷикистон таъйин гардида, то феврали 2007 дар ин вазифа кор кардааст. Аз апрели соли 2007 ноиби ректори донишкада оид ба корҳои тарбиявӣ мебошад. Барои хизматҳои шоёнаш бо нишони «Дӯстии халқҳо» мукофотонида шудааст. Дар солҳои роҳбари Кумитаи оид ба корҳои дин буданаш аъзои фахрии чандин созмонҳои байналхалқӣ, узви роҳбарияти онҳо будааст. Аз ҷумла, муовини раиси Шӯрои исломии «Евразия», узви Шӯрои вазирони авқофи Созмони Конфронси Исломӣ, узви шӯрои машваратии Иттиҳоди Аврупо оид ба озодии виҷдон ва ғайра. ӯ зиёда аз 100 мақолаю китобчаҳо, 5 рисолаи илмӣ ба табъ расонидааст. Муаллифи китоби дарсии «Таърихи дин» барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Матнҳои зиёди динӣ, китобҳои муқаддас, аз ҷумла тарҷумаи «қуръони карим», «ҳафтяк», «Мухтасар-ул-виқоя» аз тарафи ӯ ба чоп омода ва таҳрир шуда, нашр гардидаанд. Инчунин маҷмӯаи суханони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дин бо иловаи таҳқиқ доир ба ин мавзӯъ аз ҷониби ӯ ба табъ расонида шудааст. Корҳои илмии С. Аҳмадов дар кишварҳои хориҷӣ: Полша, Олмон, Англия, Туркия ва Россия нашр шудаанд.

 


 

 

 

 

 
Ба сахифаи асоси
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рахмонзода Аслиддин  ба администратор