| Исмоилов
Абдураҳим
Аҳматович
– ноиби ректор оид ба корҳои таълим
ва тарбия, номзади илмҳои иқтисодӣ,
дотсент.
Исмоилов Абдураҳим Аҳматович 26 июни
соли 1967 дар деҳаи Ругунд, ноҳияи Истаравшани
вилояти Суғд, дар оилаи коргар таваллуд
ёфтааст.
Соли 1985 баъди хатми мактаби миёна
ба Донишкадаи нақлиётӣ-роҳии ш.Харков
(Украина) дохил шуда, онро соли 1992
бо ихтисоси инженер-механик хатм намудааст.
Аз соли 1992 то 1996 дар техникуми политехникии
ш.Душанбе дар вазифаи устоди фанҳои
тахассусӣ кор кардааст.
Аз соли 1996 то соли 2004 дар Донишгоҳи
аграрии Тоҷикистон ба ҳайси устоди кафедраи
Информатикаи факултети иқтисодӣ фаъолият
кардааст.
Аз соли 1996 дар факултаи иқтисодии
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шўъбаи
ғоибона таҳсил намуда, онро соли 2000
аз рўи ихтисоси «Иқтисодчӣ-ташкилотчии
истеҳсолоти кишоварзӣ» хатм намудааст.
Соли 2004 рисолаи номзадиро дар мавзўи
«Особенности использования инвестиций
в отраслях АПК в условиях становления
рыночных отношений» дифо намуда, соҳиби
дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ
гардидааст.
Аз сентябри соли 2005 то марти 2009
дар вазифаи мудири кафедраи «Иқтисодиёти
ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ»-и Донишкадаи
соҳибкорӣ ва хизмат фаъолият дошт.
Аз моҳи марти соли 2009 проректор оид
ба таълим ва тарбияи Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат таъин гардидааст.
Бо қарори ВАК-и Россия аз моҳи ноябри
соли 2008 барои дастовардҳои шоёнаш
дар соҳаи илму маориф ба ў унвони илмии
дотсент дода шудааст.
Аз соли 2004 аъзои ҳизби Халқӣ-Демократии
Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби як фарзанд.
Номзади илмҳои иқтисодӣ Исмоилов А.А.
дар самти ҷалб намудан ва самаранок
истифодабарии инвеститсияҳои хориҷӣ
дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ
пеш мебарад, вобаста ба мавзўъ зиёда
аз 60 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, як
монографияи илмӣ ва 6 дастури методӣ
ба чоп расонидааст.
|