|
Маълумоти
умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо,
гимназия.
|
|
Ба
довталабон
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо
барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои
асосӣ, имтиҳонҳои қабул,
шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
|
|
Илм
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо. |
|
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ. |
|
Ифтихори
донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
|
| |
|
| |
|
| |
|
|
| Навид »
|
 |
| |
Туризм
ва омилҳои асосии рушди
он
Таърихи
07-уми апрели соли равон дар Донишкадаи
соҳибкорӣ ва хизмати
Тоҷикистон, доир ба масъалаҳои
рушди соҳаи сайёҳӣ
бо ташаббуси кафедраи Туризм,
семинарии назариявӣ баргузор
гардид. Дар семинарии мазкур декани
факулта Кодиров Ф.С, устодон Кодирова
М.И., Азимова М.А., Ашуралиев
М.И., Завқов Ч., Зоиров
А., устоди Донишгоҳи Осиёи
Марказӣ Мулло Абдол Шагарф,
инчунин донишҷўёни тамоми
бахшҳои кафедраи Туризм
ширкат варзиданд.
Мудири кафедра, дотсент Кодирова
М.И. семинарро ифтитоҳ намуда,
оид ба мушкилоти соҳаи туризм
ва ҳалли он сухан ронд.
Сипас ба ҳозирин намояндаи
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ,
Мулло Абдол Шагарфро муаррифӣ
намуда, риштаи суханро ба ў дод.
Номбурда дар мавзўи «Проблемаҳои
муосири таҳияи маҳсулоти
туристӣ» ба иштирокчиёни
ҷаласа маълумоти мушаххас
дод. Аз ҷумла зикр намуд,
ки рекламаи маҳсулоти туристӣ
беҳтарин василаи ташвиқу
тарѓиби соҳаи туризм маҳсуб
гардида, бояд ба ин ришта таваҷҷўҳи
бештар зоҳир карда шавад.
Ў ҳамчунин дафъатан таъкид
намуд, ки дар кишвари мо баъзе
омилҳо мисли мувоқ
набудани муҳит, гарон будани
арзиши маҳсулот, сатҳи
хизматрасонӣ низ вуҷуд
доранд, ки садди роҳи рушди
туризм мегарданд. Ба андешаи Мулло
Абдул Шагарф дар ҷумҳурӣ
бештар таваҷҷўҳи
сайёҳони хориҷро кўҳҳои
Помир ҷалб менамоянд. Дар
Тоҷикистон асосан намудҳои
кўҳнавардӣ ва нақлиётии
(автомобили) туризм рушд ёфтааст.
Ў яке аз омилҳои дигари
адами рушди туризмро дар кишвар
ба таври лозимӣ таҳия
нагардидани турпакетҳо дар
бахши трансфер (таъминоти нақлиёт
аз фурудгоҳҳоои то
ҷои буду бош), рафтинг,
трек (пиёдагардӣ дар кўҳҳо),
ва омода набудани роҳбаладҳои
касбӣ номид.
Пас, аз баромад, донишҷўён
бо саволҳои сершумори худ
ба Мулло Абдул Шагарф муроҷиат
намуда, ҷавобҳои дақиқу
саҳеҳ гирифтанд. Декани
факулта қодиров Ф.С., устодону
донишҷўён ба Мулло Абдул
Шагарф барои иштирок ва гузориши
пурмўҳтавояш дар семинар
арзи сипос намуданд.
|
|
|