Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.

Ба довталабон
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.

Илм
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.

Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.

 

 


 
 
  Навид »    
 

Омодагӣ ба имтиҳонҳо

Тибқи нақшаи таълимии ихтисосҳо аттестатсияи давлатии хатмкунандагони соли таҳсили 2010-2011 бояд дар давраи 1-28 июни соли 2010 баргузор мегашт, аммо бо қарори Шўрои олимони донишкада таҳти № 2/3 аз 29-уми сентябри соли 2011 ин мўҳлат ба давраи 17-май то 14 июни соли 2011 гузаронда шудааст.
Ҳуҷҷатҳои шахсии хатмкунандагон аз рўи талаботҳои Низомномаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Мушовараи Вазорати маорифи ҶТ аз 26.01.2007) омода карда шуданд.
Тибқи маълумотҳои омории шўъбаи таълим теъдоди хатмкунандагони имсола дар 31 гурўҳҳои таълимии академӣ (13 гурўҳи рўзона ва 13 гурўҳи ғоибона) аз рўи 8 ихтисос 843 нафарро (аз он ҷумла 341 нафар хатмкунандагони таҳсили рўзона ва 502 нафар - ғоибона) ташкил менамоянд.
Тақсимоти хатмкунандагон аз рўи факултаҳо чунин аст: ФХМ – 286 нафар (6 г рузона + 6 г ғоибона), ФТМ – 158 нафар (4 г рузона+ 3 г ғоибона), ФСМ- 399 (4 г рузонаи муқаррарӣ +2 рўзонаи кредитӣ + 6 г ғоибона). Инчунин, аз ҳисоби хатмкунандагони солҳои гузашта теъдоди хатмкунандагон то оғози имтиҳони давлатӣ боз тағйир ёфтанашон мумкин аст. Вобаста ба он, ки теъдоди хатмкунандагон дар соли ҷорӣ нисбати соли гузашта (695 иҷозат доштанд, ки аз онҳо 637 нафарашон хатм кард, яъне 24 нафар хозир нашуд, 34 нафар баҳои 2 доштанд) зиёданд, зарурияти ташкил намудани 10 комиссияи фании аттестатисонӣ ба миён омад .
Руйхати донишҷуёне, ки бояд кори дипломӣ ҳимоя менамоянд мувофиқати руйхати роҳбарони илмии онҳо бо сарбориҳои таълимии устодон муқоиса ва аниқ карда шуданд. 81 нафар донишҷуёне, ки кори дипломӣ иҷро менамоянд, танҳо 21 нафарашон (25,9%) хатмкунандагони таҳсили ғоибона мебошанд (ба ғайр ихтисоси 0615).


 

 

 

 

 

 

 
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рахмонзода Аслиддин  ба администратор