|
Маълумоти
умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо,
гимназия.
|
|
Ба
довталабон
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо
барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои
асосӣ, имтиҳонҳои қабул,
шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
|
|
Илм
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо. |
|
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ. |
|
Ифтихори
донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
|
| |
|
| |
|
| |
|
|
| Навид »
|
 |
| |
Форуми
аввалини соҳибкорони
ҷумҳурӣ
Бо
қарори ҳукумати
ҷумҳурии
Тоҷикистон
аз 31 декабри соли
2008 16-17 апрел
дар донишкада конференсияи
ҷумҳуриявии
илмӣ-амалӣ
таҳти мавзўи
«Масоили рушди соҳибкорӣ
дар Тоҷикистон»
гузаронида шуд,
ки дар кори он кормандони
вазорати энергетика
ва саноати ҶТ,
созмонҳои
байналмилалии муқими
Тоҷикистон,
созмонҳои
соҳибкорӣ,
олимони макотиби
олӣ ва Академияи
илмҳои ҶТ
иштирок намуданд.
муфассал»
Лоиҳаи
донишкада барои рушди
таълим
Донишкада
барои соли 2009
аз рўи барномаи
«Худидоракунии маҳаллӣ»-и
Шўъбаи Тоҷикистонии
Институти «Ҷамеаи
кушода»- Бунёди
Мадад ғолиб
гардида барои амалӣ
намудани лоиҳаи
«Таъсис намудани
кафедраи идоракунии
давлатӣ ва
мунисипалӣ
дар донишкада» грант
ба миқдори
$22,029.12 маблағгузорӣ
карда мешавад. Маблағгузорӣ
дар давоми 9 моҳи
соли 2009 дар назар
дошта шудааст .
Ҷамъбасти
фаъолияти илмии донишкада
дар соли 2008
21
январи соли 2009 дар
Шӯрои олимони
донишкада натиҷаи
фаъоляти илмии устодон
ва донишҷӯён
ҷамъбаст карда
шуд.
Олимони донишкада
соли 2008 - як монография,
як китоби дарсӣ,
ду рисолаи номзадӣ,
нуҳ васоити
таълимӣ, се
барномаи таълимии
фаннӣ барои
макотиби олӣ,
як барномаи фаннӣ
барои мактаби миёна,
ҳафт барномаи
таълимӣ ва дастурамали-методӣ
ва 60 мақолаҳои
илмӣ(аз ҷумла
2-то дар ИМА ва 6-то
дар Федератсияи Русия)
нашр намудаанд. муфассал»
Навгонии
соли гузашта - Маркази
информатсионӣ-коммуникатсионӣ
Дар
охири соли 2008 бо ташаббуси
ректори донишкада бинои
нави МИК ба истифода
дода шуд.
Мақсад аз ташкили
марказ дар он аст, ки
донишкадаамон тавассути
омўзиши технологияи
информатсионӣ
ба яке аз муассисаҳои
таҳсилоти олии
аз ҷиҳати
техникаву технологияҳои
наву замонавӣ
дар раванди таълим ва
илм дар ҷумҳурӣ
табдил ёбад.
муфассал»
Дастпарвари
гимназия ғолиби
олимпиада гардид
Бо
ташаббуси Раёсати маорифи
шаҳр ва шўъбаҳои
маорифи шаҳри Душанбе
декабри соли 2008 олимпиадаи
фаннии мактаббачагони
шаҳри Душанбе дар
мактаби таҳсилоти
умумии №1 доир гардид.
Дар олимпиада аз гимназияи
Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат хонандаи синфи
9 Ҷалилов Ромиш
аз фанни технологияи информатсионӣ
ширкат варзида, сазовори
ҷойи дуюм гардид
Боздиди
сарвари донишкада аз Туркия
Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат, профессор Ф. Комилов
бо даъвати Бунёди ҷамъиятии
байналмилалии «Гуфтугўи Евроосиё»
ва супориши Вазорати Маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба ҷумҳурии Туркия
баҳри иштирок дар даври
омўзиш, ҷиҳати
шиносоӣ бо муассисаҳои
таҳсилоти олии ин кишвар
ва табодули таҷриба,
ки аз 5 то 11 ноябри соли
2008, сафари хидмати дошт.
муфассал»
Ахбороти
илмии профессори ДДМ.
28 ноябр дар маҷлисгоҳи
донишкада ҷаласаи навбатии
семинари илмӣ –назариявии
профессорону устодон баргузор
гардид. Дар ҷаласа маърўзаи
профессори Донишгоҳи Давлатии
Москва, профессор Ионцов Владимир
Алексеевич доир ба мавзўи «Нақши
омилҳои демографӣ
дар рушди собиқ давлатҳои
шўравӣ» баррасӣ
шуд. Проблемаҳои таъғиротҳои
вазъи демографӣ дар собиҷ
давлатҳои шўравӣ
барои шунавандагон диққатҷалбкунанда
гардид. Ба профессор оид ба
муҳоҷирати меҳнатии
аҳолии Тоҷикистон,
тағиротҳои муосир
ва хатарҳои оянда дар
вазъи демографии Руссия саволҳо
дода шуданд, ки ба онҳо
ҷавобҳои саҳеҳи
илмӣ дода шуд. Баромади
профессор Ионцов В. А. маълумоти
илмии шунавандагонро ғанӣ
гардонид ва минбаъд дар раванди
таълим, байни донишҷўёни
донишкада баррасӣ хоҳад
шуд.
Мутахассисон
таклифҳои хешро ба донишҷўён
баррасӣ намуданд.
25 ноябри соли 2008 ҷаласаи
навбатии маҳфили илмии донишҷўёни
кафедраи Туризм ва маркетинг баргузор
гардид.
Дар маҳфил маърўзаҳои
донишҷўён таҳти унвони
«Хусусиятҳои меҳмоннавозӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
баррасӣ гардиданд.
Дар кори маҳфил ҷонишини
директори кулли «Тоҷикинтурист»
Муродов Рустам Асрорович ва мутахассиси
пешбари «Тоҷикавиатур» аз
рўи лоиҳаи «Work & Travel»
Раҳимова Дилафрўз ширкат
варзида дар бораи фаъолияти ташкилотҳояшон
ва лоиҳаҳое, ки дар
онҳо донишҷўён ширкат
карда метавонанд, ҳикоя
намуданд.
Меҳмонони даъватшуда таасуроти
хешро доир ба маърўзаҳо
иброз дошта, таклифу тавсияҳояшонро
нисбати беҳтар намудани
фаъолияти маҳфили донишҷўён
пешниҳод намуданд.
Даъвати мутахассисон ба ҷаласаҳои
маҳфили донишҷўён
яке аз самтҳои кори донишкада
дар роҳи ҳамҷоясозии
донишандузии илмӣ-назариявии
донишҷўён бо амалияи фаъолияти
ташкилотҳои ҷумҳурӣ
мебошад.
Истифодаи
Open Admin – пешравист.
Бо дастгирии Фонди ҷамъиятии
«Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати
Интернет» дар санаи 31-уми октябри
соли 2008, дар толори Донишкадаи
соҳибкорӣ ва хизмат
маҳфили «мизи мудаввар»
доир гашт, ки дар он роҳбарони
мактабҳои олии ҷумҳурӣ
ва намояндагони мактабҳои
таҳсилоти ҳамагонӣ
низ ширкат варзиданд.
Мавзӯи муҳокимавии
"мизи мудаввар", лоиҳаи
тадбиқи барномаи озодасоси
"Open Admin" дар системаи
муассисаҳои таълимии ҷумхурӣ
буд.муфассал»
Вохўрӣ
бо намояндагони «AIESEC Тоҷикистон»
14
октябри соли ҷорӣ
вохўрии донишҷўёни донишкада
бо намояндагони «AIESEC Тоҷикистон»
баргузор гардид. AIESEC- ин созмони
байналмилалии таҳсилотии
донишҷўён мебошад. Донишҷўён
ва хатмкардагони макотиби олӣ,
ки ба иқтисодиёт ва менеҷмент
мароқ зоҳир мекунанд,
аъзои созмон шуда метавонанд.
Донишҷўёни Тоҷикистон
аз соли 2006 узви созмон гардида,
алҳол имконият пайдо намуданд,
ки дар лоиаҷои AIESEC иштирок
намоянд. Дар бораи ин созмони
номбурда Раиси AIESEC Тоҷикистон
Мадина Мамадсафоева донишҷў
ва менеҷери созмон аз Танзания
Годфрей Квай маълумот доданд.
Онҳо ба донишҷўён
буклетҳо ва анкетаҳо
пешниҳод намуданд.
|
|
|