Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                                                 Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.

Ба довталабон
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.

Илм
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.

Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.

 

 


 
 
  Навид »    
 

Нишасти матбуотӣ

22-юми январи соли 2010 дар донишкада бо иштироки рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир гардид.
 Ректори донишкада профессор Комилов Ф.С. оид ба бурду бохти донишкада дар соли сипаригашта мухтасар маълумот дод.
Рӯзноманигорон ба саволҳои сершуморашон ва саҳми донишкада дар сохтмони НБО-и Роғун посухҳои қаноъатбахш гирифтанд.


Варзиш дар донишкада

Аз 21 то 25-уми январи соли ҷорӣ дар толори варзишии донишкада байни устодону кормандон мусобиқаи волейбол ва шоҳмот баргузор гардид. Дар охир ба ғолибон тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуд.

 


Саҳми донишкада дар НОБ-и Роғун

Коллективи омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат муроҷиатномаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистонро оид ба саҳм доштан дар сохтмони НБО-и Роғун самимона тарафдорӣ намуданд.
То имрӯз маблағи 800 ҳазору 500 сомонӣ саҳмия харидорӣ шудааст.


Конфронси байналмилали таҳти унвони "Мудирияти сармояи зеҳнӣ" дар Донишгоҳи улумпоя ва технологии шаҳри Занҷони Чумҳурии Исломии Эрон

Первый национальный форум предпринимателей РТДар доираи ҳамкориҳои дутарафаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи улумпоя ва технологии шаҳри Занҷони Ҷумхурии Исломии Эрон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони "Мудирияти сармояи зеҳнӣ" доир гардид, ки дар кори он панҷ нафар устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ширкат варзиданд.
Ректори Донишкада профессор Комилов Ф. С. раисии сексияи иқтисодии конфронсро ба уҳда дошт.


Донишкада сазовори мукофоти байналҳалкии «Evropean Quality» магардад

Кумитаи номинатсионии Ассамблеи Соҳибкории Аврупо (ЕВА, Оксфорд, Великобритания) ба фаъолияти касбию ҷамъиятии Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Комилов Файзалӣ Саъдуллоевич баҳои баланд дода, барои аъзо шудан ба Клуби ректорони Аврупо (СRE) тавсия дода, ҳамчунин қарори Кумитаи ЕВА-ро оид ба пешниҳод кардани Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат барои гирифтани мукофоти байналҳалкии «Evropean Quality» (Сифати аврупоиӣ) иттилоъ додааст.


Рўзи дониш

2 сентябри соли 2009 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рўзи Дониш доир гардид.
Ректори донишкада профессор Комилов Ф.С. устодону донишҷўёнро ба ин муносибат табрик намуд. Донишҷўи курси 5- уми факултети соҳибкорӣ ва менеҷмент Ганҷина Доробова сухани табрикӣ гуфта, калиди дониш ва дафтарчаи донишҷў ва имтиҳонотро супорид.
Дар охир дастаи ҳунарии донишкада бо созу сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро шод гардонид.


Форуми аввалини ректорони донишгоҳҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Рўзҳои 25-29 майи соли 2009 дар ш. Москваи ФР «Дуюмин ҳафтаи маориф» ва Форуми аввалини ректорони донишгоҳҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.муфассал»


Ғолиби олимпиадаи якуми ҷумҳуриявӣ

Ғолиби олимпиадаи якуми ҷумҳуриявӣ оид ба Технологияҳои информатсионии шабакавии «NetRiders Tajikistan 2009», дар озмуни «Мутахассиси болаёқати IT», байни донишҷўёни мактабҳои олии Тоҷикистон, донишҷўи курси 4 ихтисоси «Ситемаҳои информатсионӣ дар иқтисодиёт» Далер Юнусов гардид. Олимпиада 27-28 майи соли 2009 бо дастгирии Академияи шабакавии Cisco, Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» ва «Институти ҷомеаи кушода - Бунёди мадад» дар Тоҷикистон дар ш. Душанбе баргузор шудааст.


Таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон

Дар донишкада аз 18 то 23 май таҳлили ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон шуда гузашт. Дар ҷамъомади идона сарвари донишкада профессор Комилов Ф.С. комёбиҳои донишҷўёнро дар озмунҳои гуногуни омўзишию илмӣ, мусобиқаҳои вазишӣ ва маҳфили телевизионии «Зарифон» номбар намуда ба 13 нафар Ифтихорномаи донишкада, 16 нафар мукофотпулӣ ва 2 нафар Раҳматномаи донишкадаро супориданд. Ҷамъомад бо шеъру тарона ва рақси ҷавонон ҷамъбаст гардид.


Шумораи навбатии рўзномаи «Соҳибкор»

Газетаи нави "Сохибкор"Дар шумораи навбатии рўзнома( № 35 аз 8.05.2009) навигариҳо зери унвони «Набзи донишкада», «Соҳибкорон соҳибдиланд» гузориш аз конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масоили рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» ва мақолаҳо «Барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар», «Ободӣ натиҷаи тарбияи меҳнатист», «Маркази иттилоотии донишкада» ва дигарҳо ба табъ расидаанд. Дар саҳифаи алоҳидаи рўзнома Қоидаҳои қабули донишҷўён дар соли таҳсили 2009-2010 ва номгўи ихтисосҳо оварда шудаанд.


 

Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Д
онишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов Эрадж  ба администратор