Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                  Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.

Ба довталабон
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.

Илм
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.

Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.

 

 

 
 
  Навид »    
 

Наврўз дар донишкада

Наврўз дар донишкада16-17-18 марти соли 2011 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон базми Наврўзӣ доир гардид. 16 март факултети туризм ва меҳмоннавозӣ, 17 март факултетҳои хизмати молиявӣ, соҳибкорӣ ва менеҷмент, 18 март бошад дар варзишгоҳи донишкада базми умумӣ таҳти унвони «Омадӣ хуш омадӣ, Наврўзи ҳуҷастапай» бо тантана гузаронида шуд.
Дар ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ҳамаи устодону донишҷўён, омўзгорон ва хонандагони гимназияи донишкада, меҳмонони зиёд ширкат варзиданд. Дар ҷашн қариб тамоми расму русуми омад-омади фасли баҳор – ороиши банерӣ, ороиши дастурхони идона бо маҳсулоте, ки ҳафтсину ҳафтшинро ифода мекарданд, саҳнаҳои диққатҷалбкунанда ва хотирмон, иҷрои бадеҳаҳо, рақсҳо, қироати шеър бахшида ба Наврўз, гуштии тарзи озод, бандкашӣ, ки рамзи ғолиб омадани баҳор бар зимистонро дошт ва ғайра сурат гирифтанд.
Ректори донишкада, профессор Комилов Файзалӣ Саъдуллоевич ҳамагонро бо фарорасии Наврўзи ҷаҳонӣ бо тантана табрику таҳният гуфта, саломатӣ ва бурдбориҳои меҳнатӣ таманно кард.
Дар охир онҳое, ки дар фаъолияти меҳнатиашон муваффақиятҳо ба даст овардаанд, донишҷўёни донишкада, толибилмони гимназия, ки таҳсили хуб доранд, бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд.
Донишҷўи донишкада Нозияи Кароматулло бо созу сурудҳои дилангезаш хотири ҳозиринро шод гардонид.

 

 


 

 

 


 

 
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рахмонзода Аслиддин  ба администратор