Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                 Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура
, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
  Илм /Конференсияҳо»    
 

Форуми аввалини соҳибкорони ҷумҳурӣ

Первый национальный форум предпринимателей РТБо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 16-17 апрел дар донишкада конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти мавзўи «Масоили рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки дар кори он кормандони вазорати энергетика ва саноати ҶТ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, созмонҳои соҳибкорӣ, олимони макотиби олӣ ва Академияи илмҳои ҶТ иштирок намуданд. муфассал»


Имоми Аъзам ва мероси ў

18 март 2009 дар донишкада конфронси илмӣ – назариявӣ доир ба мавзўи «Мақоми мероси илмӣ – динии Имоми Аъзам дар густариши фарҳанги миллӣ» бо иштироки устодон ва донишҷўён баргузор гардид. Дар рафти конфронс маърўзаҳои профессорон, докторони илм Аҳмадов С., Ҳотамов Н., Мўъминҷонов Ҳ. ва донишҷўён Хоҷаева Мавзуна ва Нилуфари Ғолибшо баррасӣ ва муҳокима шуд.
Конфронси мазкур ба ҷашни 1310 солагии мутафаккири бузурги халқи тоҷик ва олами ислом Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) бахшида шудааст.


Конфронси илми – амалӣ таҳти унвони «Расму оин ва анъанаҳо – қисми муҳими фарҳанги миллӣ».

Рўзи 5-уми июн дар донишкада конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Расму оин ва анъанаҳо – қисми муҳими фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.
Конфронс бо баромади проректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, профессор Аҳмадов С.А. оғоз гардида, марўзаҳо аз ҷониби устодон, намояндагону мутасаддиёни вазорату донишкадаҳои гуногуни ҷумҳурӣ шунида шуд. Баромади доктори илмҳои фалсафа, профессор Саид Аҳмадов дар мавзўи «Расму оин ва анъанаҳо – қисми муҳими фарҳанги миллӣ» ва инчунин маърўзаи сармутахассиси Шўъбаи танзими расму оинҳо ва анъанаҳои мардумӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашидов Т. дар мавзўи «Ислом ва расму оинҳо», - мудири Шўъбаи расму оинҳо дар шаҳри Душанбе Нуриддинов Ш. шунида шуд, ки оиди таърих, пайдоиш ва зуҳури аслии расму оинҳо ва анъанаҳои халқи тоҷик дар омезиш бо дини мубини ислом қайд карда шуд. Дар идомаи конфронс баромаду маърўзаҳо аз ҷониби устодон Ҳотамов Н.Б. ва Ҷабборов Ш.Ҷ. (аз ДСХ) А. Абдуллозода, Мирзоев Ғ., Аҳмадов Р. (аз АИҶТ) ва дигарон шунида шуд, ки басо назаррас ва муҳим арзёбӣ гардиданд.


Конфронси анъанавии илмӣ-амалии ҳайати устодону донишҷӯёни донишкада.

Рузҳои 15-19 апрел конфронси анъанавии илмӣ-амалии ҳайати устодону донишҷӯёни донишкада баргузор гардид, ки дар он инчунин олимони Академияи улум ва мактабҳои олӣ иштирок карданд.
Ҷаласаи пленари рӯзи 15-апрели соли 2008 баргузор гардид, ки дар он дотсентон Хоҷаев К.Т. бо маърӯзаи «Нақш ва шӯҳрати А.Рудакӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва Алимардонов Ӯ. бо маърӯзаи «Усулҳои молиявии ҳавасмандкунии фаъолияти соҳибкорӣ" баромад карданд. Дар ҷаласа донишҷӯёни шӯъбаи идоракунии фаъолияти туристӣ Сайрхати форуми туристии ҷумҳуриявии ҷавонон « Наврӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, рӯзҳои 23-24 март»-ро муаррифи намуданд.
Рӯзҳои 15-18 апрел дар бахшҳои илмҳои иқтисодӣ, технологияи иттилоотӣ, илмҳои гуманитарӣ, илмҳои табиӣ, усули таълим ва забонҳои хориҷӣ ҷаласаҳо баргузор гардиданд. Ҳамаги дар конфронс тақрибан 250 маърузаҳои илмии устодону донишҷӯён баррасӣ гардид.


 
 
Ба сахифаи асоси
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов Эрадж  ба администратор