Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                   Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
фаъолияти китобхонаи илмӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
  Китобхона»    
 

 

Китобхонаи илмӣКитобхонаи илмӣ

Китобхонаи илмии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат яке аз чавонтарин китобхона ба ҳисоб меравад.Китобхонаи илмӣ соли 1991 дар назди концерни «Хизмат» ташкил ёфтааст.Яке аз корҳои назарраси китобхона пур кардани фонди он мебошад. Фонди китобхона тахминан аз 20 000 нусха китоб иборат буда, дар як сол ба зиёда аз 14 000 хонанда хизмат расонда, зиёда аз 24000 китоб медиҳад. Китобхона дорои 2 толори хониш, яке барои устодон, дигаре барои донишчўён, ҳучраи хизматрасонӣ ва ҳучраи ниноҳдории китобҳо буда, бо шабакаи ИНТЕРНЕТ пайваст шудааст, ки хонандагон метавонанд аз он маводҳои лозимиашонро дарёфт намоянд. Ҳоло теъдоди хонандагон ба 2490 нафар расида, фонди китобӣ наздики 20 000 нусха китоб ва зиёда аз 60 ҳазор китобҳои нусхаи электрониро ташкил медиҳад. Фонди китобхона асосан аз тарафи маъмурияти Донишкада ғанӣ гардонида мешавад. Ғайр аз ин устодони Донишкада дастовардҳои илмии худро ба китобхона тақдим менамоянд. Дар соли 2007- 2008 ба китобхона 580 нусха китоб ворид гашт, ки қисми зиёди он аз тарафи устодони Донишкада ба китобхона тўҳфа карда шудааст. Ба ғайр аз ин китобхонаи илмӣ аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқӣ ва хайрия ба монанди: Институти Ҷомеаи Кушоди Фонди СОРОС, Сафоратхонаи Федератсияи Руссия, корпоратсияи ПРАГМА пурра мегардад. Инчунин имсол аз тарафи аппарати Президент ба китобхонаи мо 50 адад китоб тўҳфа карда шуд.Моҳи ноябри соли ҷорӣ китобхонаи илмӣ якчоя бо кафедраи забонҳои донишкада конференсияи илмӣ – адабӣ бахшида ба 1150 солагии Абўабдуллоҳи Рўдакӣ барпо гашт, ки дар он аз тарафи китобхона намоиши китобҳои тозанашри олимону устодони донишкада баргузор гардид.

Мудири китобхона Холова Ҷ.П.


 
 
Ба сахифаи асоси
Copyright © 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  ба администратор