| Қисми
таълими Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат.
Қисми таълим яке аз қисмҳои муҳимтарини сохтори донишкада ба шумор меравад. қисми таълим бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ба-нақшагирӣ, ташкилу гузаронидани ҷараёни таълиму тарбия ва таҳлили натиҷаҳои онҳо созмон дода шудааст.
Фаъолияти қисми таълим дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи донишкада ба роҳ монда мешавад.
Қисми таълим дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии донишкадаро, ташкилу муво-фиқ намуда, назорати фаъолияти таълимию тарбиявии қисмҳои таркибии онро ба нақша мегирад, на-тиҷаҳои фаъолияти таълимии донишкадаро таҳлил на-муда, ҳисобот ва маводҳои ахборотиро омода месозад ва так-лифу лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи худро пешниҳод менамояд.
Идоракунии бевоситаи қисми таълимро проректор оид ба таълим ба ӯҳда дорад. Алҳол иҷрои ин вазифа номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷонмамадов Шермамад Бекмамадович вогузор карда шудааст.
Қисми таълим аз зерсохторҳои зерин иборат аст:
I. ШӯЪБАИ ТАЪЛИМ (сардори шӯъба – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҳимов Ҷамшед Одинабекович).
II. ШӯЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҳСИЛОТ (сар-дори Шӯъба - номзади илмҳои физикаю риёзиёт, дотсент Раҷабов Баҳрулло Ҳикматович).
III. МАРКАЗИ САБТ ВА ИТТИЛООТ (директори Марказ - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷумъаев Уктам Мир-зоёрович)
|