| Қисми
илм ва робитаҳои байналмилалии
Донишкадаи соҳибкорӣ ва
хизмат.
Сардори
шӯъбаи илм ва инноватсия - дотсент
Ҷабборов Фатҳулло Амриевич. .
Сардори
шӯъбаи муносибатҳои
байналмилалӣ
- дотсент Ҳайбатов
Нормат Валиевич.
Мутахассис
оид ба аспирантон, унвонҷуён ва
донишҷуёни аълохон - Қурбонова
Муътабар.
Қисми
номбурда роҳбарии умумӣ
ва батанзимдарории корҳои илмӣ
– тадқиқотӣ ва робитаҳои
байналмилалии донишкадаро ба ӯҳда
дорад. Яке аз вазифаҳои таркибии
фаъолияти мактаби олӣ кори илмӣ
– тадқиқотии кафедраҳо
ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён
мебошад, ки бо раванди таълиму тарбия
дар якҷоягӣ амал мекунад.
Аз солҳои аввали фаъолияти донишкада
диққати асосӣ ба тайёр
намудани мутахассисони илмӣ дода
мешавад. Дар ин мӯҳлат рисолаҳои
номзадии хешро Умаров Ҳ., Насриддинов
И., Мирҷалолова М., Саидова М.,
Шарапов Д., Исматов Н., Каримов Ҳ.,
Ализода С., Азимова М., Исломова З.
С. ва рисолаҳои докториро Арабзода
Н., Кабутов М., Исматӣ М., Комилов
Ф.С. бомувафаққият дифоъ
намудаанд.
Дар донишкада шӯрои диссертатсионии
муштрак аз рӯи ихтисосҳои:
08.00.05 – иқтисод ва
идоракунии хоҷагии халқ
(саноат);
08.00.13 – усулҳои инструменталӣ
ва риёзии иқтисодӣ
фаъолият менамояд.
Соли 2006 донишкада оид ба шурӯъ
намудани фаъолияти аспирантура литсензияи
АУ № 0000303 – и Вазорати
маорифи ҷумҳурии Тоҷикистонро
гирифт, ки мувофиқи он оид ба
ихтисосҳои:
08.00.01 – назарияи иқтисод;
08.00.05 – иқтисод ва идоракунии
хоҷагии халқ;
08.00.13 – усулҳои инструменталӣ
ва риёзии иқтисодӣ;
01.01.02 – муодилаҳои дифференсиалӣ;
05.13.18 – тарҳрезии риёзӣ,
усулҳои ададӣ ва комплекси
программаҳо аспирантонро
ба шӯъбаҳои рӯзона
ва ғоибонаи таҳсил қабул
карда истодааст.
Имрӯз дар аспирантураи донишкада
17 нафар ҷавонони лаёқатманд
таҳсил намуда тадқиқотҳои
илмӣ бурда истодаанд, ки аксарияташон
хатмкунандагони донишкада мебошанд.
Аз соли 1998 дар донишкада маҷаллаи
илмӣ – назариявии «Паём» - и Донишкадаи
соҳибкорӣ ва хизмат нашр
мешавад, ки дар он мақолаҳои
профессорону устодони мо ва макотиби
олии ш. Душанбе доимо ба табъ мерасад.
То имрӯз 20 шумораи маҷаллаи
«Паём» - и Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат дастраси хонандагон гардидааст.
Дар донишкада ташкилу баргузории конфронсҳои
ҳарсолаи илмӣ – назариявии
устодону донишҷӯён анъана
шуда ба масъалаҳои рӯзмарраи
ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии
Тоҷикистон бахшида мешаванд. Мувофиқи
нақша ҷаласаҳои семинари
илмии олимон шуда мегузарад, ки дар
онҳо олимони номдори соҳаи
иқтисод, мутахассисон вазоратҳо
ва идораҳои ҷумҳурӣ
даъват шуда доир ба масъалаҳои
мубрами рушди иқтисоди бозорӣ
ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон
маърӯза мекунанд. Фаъолияти маҳфилҳои
илмии донишҷӯён низ сол
ба сол вусъат ёфта истодааст. Аъзоёни
маҳфилҳои донишҷӯён
фаъолона дар олимпиадаи фаннии муассисаҳои
таҳсилоти олии ҷумҳурӣ
иштирок намуда ғолиб мебароянд.
Аз ҷумла солҳои гузашта
Уктам ҷумаев (с 2002), Мадина
қурбонова (с 2003), Баҳовиддин
ҷумаев (с 2004), Фарҳод
Пулодов (с 2004), Муаззама Фазлиева
(с 2005), Эраҷ Каримов (с 2006
– 2007), Маҳмадқулов М.(2010)
сазовори дипломҳои Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
шудаанд. Соли 2006 дар озмуни ҷумҳуриявии
«Донишҷӯ ва пешрафти корҳои
илмӣ – техникӣ» оид ба корҳои
илмӣ – тадқиқотии
байни донишҷӯёни макотиби
олӣ, донишҷӯи курси
2 – факултаи соҳибкорӣ ва
менеҷмент Саёҳат Иброҳимова
дар бахши илмҳои ҷамъиятӣ
сазовори дипломи дараҷаи I Вазорати
маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
гардидааст. Соли 2008 дар озмуни ҷумҳуриявии
«Донишҷӯ ва пешрафти корҳои
илмӣ – техникӣ» оид ба корҳои
илмӣ – тадқиқотии
байни донишҷӯёни макотиби
олӣ, донишҷӯи курси
2 – факултаи соҳибкорӣ ва
менеҷмент Юнусова Азиза ва Каюмова
Меҳрангез донишҷӯи
курси 3 факултаи Бизнес ва молия ба
муносибати ҷашни 1150 солагии
А. Рудакӣ ва донишҷӯи
курси 3 Ҳайбатова Фарзона сазовори
ифтихорномаи Вазорати маорифи ҷумҳурии
Тоҷикистон шудаанд.
Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии
донишкада бо мактабҳои олӣ
ва факултаҳои равияи иқтисодӣ
доимо дар тамос буда иштироки олимони
донишкадаро дар конфронсҳои гуногуни
илмии ҷумҳурӣ ва хориҷи
кишвар таъмин менамояд. Солҳои
охир донишкада якчанд шартномаҳои
тарафайнро оид ба коромӯзии профессорону
устодон ва таҳсили аспирантону
донишҷуён оид ба ҳамкорӣ
бо Донишгоҳи идоракунии Москва,
Донишгоҳи иқтисодии Урал,
Донишгоҳи Фотеҳи Истанбул(Туркия)
бо имзо расонидааст. Соли 2009 гурӯҳи
олимони донишкада дар Ҷумҳурии
Исломи Эрон, шаҳри Занҷон
дар конфронси байналмиллилии "Маъмурияти
зеҳнӣ" ширкат варзиданд
ва бо маърӯзаҳо баромад
намуданд. Соли 2010 донишкада аъзои
комилҳуқуқи УШОС гардид.
Соли 2010 инчунин 4 - нафар донишҷӯёни
донишкада: Неъматуллозода Низом, Тоҳиров
Зайнобиддин, Муҳамад Исломзода
ва Шарипов Хусрав бо барномаи "Word
and Travel" ба ИМА барои саёҳат,
омӯзиш ва кор рафтанд.
|