Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                   Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
Сайри виртуалӣ 
суратҳо ва видеонаворҳо.
Рӯзномаи «Соҳибкор» 
нашриёти донишкада, шумораҳои рӯзнома.
Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
Варзиш ва фароғат 
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

Бесплатная почта

 
  Маълумоти умумӣ / Кафедраҳо »    
 

КАФЕДРАИ «ФАРҲАНГИ СОҲИБКОРӢ ВА ЗАБОН»

Кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забон яке аз нахустин ва бонуфузтарини кафедраҳои донишкада маҳсуб мегардад. Кафедраи мазкур бо таъсиси донишкада (1991) ташкил гардида, дар бунёду рушду такомули он ҳиссагузор аст. Устодони кафедра ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини кор дар таҳриру тақрир ва мураттаб намудани ҳуҷҷату аснодҳо, шиорҳо, навиштаҷотҳои муҳим, интихоби гуфторҳои бузургон баҳри муҷаҳҳаз ва мулавван намудани донишкадаи навташкил саҳми арзанда доштанд ва доранд. Соли аввали таъсис дар ҳайати кафедра панҷ нафар олимони варзидаю собиқадор адои вазифа менамуданд. Дар тӯли 20 соли мавҷудият кафедра тадриҷан вусъат ёфта, соли 1993 аз дохили он кафедраи забони англисӣ қисмат карда шуд. Соли 2002 кафедраи «Ҷомеашиносӣ» ва соли 2005 кафедраи забони русӣ аз таркиби он таъсис дода шуд. Табиист, ки ағлаби устодони варзида ва собиқадори ин кафедраҳо: амсоли профессор Намоз ҳотамов, дотсентон: Шариф ҷабборов, Нормат ҳайбатов ва Низомиддин Шобиддинов, устодон: Файзалӣ Сабзалиев, Марков О. И., Мавлуда Абдулхаева, Дилором Бобоева, Лола Каримова мутахассисони интихобнамуда, санҷидашудаи мо ҳасанд, ки имрӯз донишкада бо номи онҳо ифтихор дорад, ва ин тақозои айём буд ва талаботи замон. Зеро ҳангоми таъсиси кафедра танҳо донишҷӯёни соли аввал шомил буданд. Тадриҷан бо васеъ гардидани кафедра ва нақшаҳои таълим як силсила фунуни гуманитарӣ илова гардид.

Аз рӯзҳои нахустини кору фаъолият бар ӯҳдаи устодони таҷрибадор таълиф ва мураттаб намудани барнома, нақшаҳои корӣ, дастурҳои методии навин марбут ба ҷавобгӯи ҷомеаи соҳибистиқлол вогузор гардида буд. Зеро барномаҳо ва дастурҳои пешин анқариб ҷавобгӯӣ ҷомеаи имрӯз набуд. ғолибан, корҳои инфиродии устодонро лозим омад, ки роҳбари кафедра супориш бидиҳад, на худи устод бигӯяд. Ин усул самараи хуб бахшид ва тӯли чанд сол дар кафедра оиди фанҳои мухталиф барномаҳои пурмазмун мураттаб ва дастури амали ҳар як устод гардид.

Аз рӯзи таъсиси кафедра дар назди ҳайати устодони он вазифа ва мақсадҳои наҷибу бузург истода буд. Самтҳои асосии кор бо устодони кафедра дар се ҷабҳа қарор дорад:

1. Таълиму тарбияи муҳассилин-чун ҷавҳари асосии пешрафти ҷомеъ.

2. Марбут ба ихтисосҳои мухталифи гурӯҳҳо таълиф намудани китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, методӣ ва маводҳои ёрирасони тадрис.

3. ҷустуҷӯйҳои тоза дар тадқиқи илми пешин ва барин .

Марбут ба ихтисосҳо ҳар як фанни кафедра боз ба самту тамоилҳои мухталиф қисмат мешаванд. ҳар як тахассус, хусусият ва тамоюлоти фарқкунандаи хешро дорост, ки зимни таълим ба инобат гирифта мешавад. Талаботи кафедра тақозо дорад, ки тамоили ҳар як тахассус ҳамаҷониба омӯхта, вобаста ба ихтисос ва касбу пешааш таълим дода шавад ва дар ҳамин замина маводҳои таълимӣ омода гардад.

Яке аз самтҳои асосии дигари кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва методии устодон маҳсуб мегардад. Узвияти кафедра бар замми таълиму тарбия корҳои зиёд ва назарраси илмӣ-тадқиқотӣ ва методиро тӯли 20 соли фаъолият ба сомон расонидаанд, ки шоёни таҳсин аст.

Дар муддати 20 сол аз ҷониби олимони варзидаи кафедра асарҳои зерин нашр гардида, манзури хонандагон ва аҳли маърифати ҷумҳурӣ гардид.  

 


 

 
Вернуться на главную страницу
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рахмонзода Аслиддин  ба администратор