Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                  Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
Сайри виртуалӣ 
суратҳо ва видеонаворҳо.
Рӯзномаи «Соҳибкор» 
нашриёти донишкада, шумораҳои рӯзнома.
Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
Варзиш ва фароғат 
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

Бесплатная почта

 
  Маълумоти умумӣ / Кафедраҳо »    
 

Пиров Курбонали Кафедраи забонҳои хориҷӣ.

Мудири кафедра - дотсент, Пиров Қурбоналӣ.

Кафедраи забонҳои хориҷӣ аз замони таъсисёбии ДСХ аз соли 1991 вуҷуд дорад - яъне он вақт кафедра фанҳои забони тоҷикӣ , англисӣ, русӣ ва таъриху фалсафаро дар бар мегирифт. Аз соли 2001-ум кафедра ба худ номи « Адаб ва фарҳанг»-ро гирифт. Фанни забони англисӣ соли 1993 мустақил шуда, кафедраи забони ангисиро созмон дод. Дар ин кафедра устодони варзида дотсентон Ҳайбатов Н.В., Шобиддинов Н. ва устодони калон Маҳкамова М.И ва Нуракова Н.Ч. ифои вазифа намуда буданд.
Аз сентябри соли 2007-ум кафедраи «Адаб ва фарҳанг» ба « Кафедраи забонҳо» табдил ёфта, кафедраи забонҳои русӣ ва англисиро низ дар бар гирифт. Аз сентябри соли 2008-ум кафедра ба худ номи « Кафедраи забонҳои хориҷӣ»-ро гирифт. Ҳоло кафедраи забонҳои хориҷӣ 18- нафар устодонро мутаҳид намудааст. Сарварии онро устоди варзида, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қ Пиров ба
ӯҳда дорад. Кафедра дар чорабиниҳои ҳамарӯзаи донишкада саҳми худро мегузорад. Устодони калони кафедра- Маҳкамова М.И, Мирзоумарова М.У, Қурбонова Г.М., Ҷурахонова С.Қ, Нуракова Н.Ч, Мирзоева Б.С аз рӯзи таъсис ёфтани донишкада кору фаъолият доранд. Устоди забони англисӣ, дотсент Ҳайбатов Н.В аз рӯзи таъсис ёфтани донишкада ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Саҳми устод дар тайёр намудани мутахассони ҷавон назаррас аст. Дар кафедра маҳфилҳои илмӣ ва фарҳангию тарбиявӣ ба монанди « Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ва диг. амал мекунанд, ки дар он донишҷӯён бо маърӯзаҳояшон баромад мекунанд. Устодони кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз роҳ ва усулҳои таълими нави забонҳои хориҷиро истифода кунанд.
Таълими забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои олӣ вобаста ба таҳаввулоти иҷтимоию фарҳангӣ бояд дар заминаи падидаҳои нави техникӣ, назарияи беҳтарини илмии замони нав ва бо назардошти тамоюли
рӯзмараи иҷтимоӣ сурат бигирад.

 

 

 


 

 
Вернуться на главную страницу
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рахмонзода Аслиддин  ба администратор