| Кафедраи
«ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКӢ».
Мудири
кафедра - дотсент Нарзиев Мурод Файзуллоевич.
номзади илми иқтисодӣ
соли тавваллуд: 1960
доираи тадқиқот: сармоягузорӣ,
бозори хизматрасонии бонкӣ.
Кафедра дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, суратмаҷлиси 11/3.4 аз 23-юми июни соли 2010 таъсис ёфта, аз 1-уми сентябри соли 2010 амал намуда, аз рӯи тахассуси 250104 бо ихтисоси 25010402 «Фаъолияти бонкӣ» мутахассисони маълумоти олидор тайёр мекунад.
Айни ҳол роҳбарии кафедраро номзади илми иқтисодӣ Нарзиев Мурод Файзуллоевич ба ӯҳда дорад.

ЛАҲЗАЕ АЗ ҶАЛАСАИ КАФЕДРА

РАВАНДИ ҚАБУЛИ ИМТИҲОНОТ
Дар кафедра 11 нафар устодон кор мекунанд. Аз онҳо 2 нафар номзадҳои илми иқтисодӣ, 2 нафарашон устодони калони кафедра ва 7 нафари дигар ассистенти кафедра мебошанд.
Устодони кафедра аслан вобаста ба масъалаҳои рушди низоми бонкӣ, сохту ташкили фаъолияти бонкӣ, сармоягузорӣ, инчунин масъалаҳои муносибатҳои байналхалқии асъорию қарзӣ, вазъ ва тағиротҳои бозори ҷаҳонии асъор, рушди бозори қоғазҳои қимматнок ва системаи биржаҳою саҳнаҳои савдои сарчашмаҳои молиявию қарзӣ корҳои илмию тадқиқотӣ мебаранд.
Дар назди кафедра маҳфили донишҷӯён бо номи «Бонкдори ҷавон» амал мекунад, ки зиёда аз 40 нафарро бо корҳои гуногуни таҳлилию тадқиқотӣ вазифадор менамояд.
Кафедра бо мақсади ривоҷ бахшидан ба алоқаҳои илмию методӣ бо кафедраҳои тахассусии қариб ҳамаи матабҳои олии ҷумҳурӣ, бонкҳои тиҷоратию ташкилотҳои дигари системаи қарзӣ ва ассотсиатсияҳою марказҳои таълимии соҳаи молияю қарз ҳамкориҳоро барқарор намуда истодааст.
Дар кафедра аз предметҳои зерин дарс гуфта мешавад: Сармоягузорӣ (Маблағгузорӣ), фаъолияти бонкӣ, ташкили фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, баҳисобгирии фаъолияти амалиётӣ дар бонкҳо, бозори қоғазҳои қимматнок ва фаъолияти биржавӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, менеҷменти молиявӣ, суғурта, муносибатҳои байналхалқии асъори-қарзӣ, пул, қарз, бонкҳо, асосҳои ташкили фаъолияти Бонки Миллӣ ва бонкҳои тиҷорати, танзими асъор ва назорати асъор, суғурта дар туризм, бозори асъор, идораи хатари бонкӣ, стратегияи бонкӣ, стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ дар бонкҳо
|