Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                  Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
Сайри виртуалӣ 
суратҳо ва видеонаворҳо.
Рӯзномаи «Соҳибкор» 
нашриёти донишкада, шумораҳои рӯзнома.
Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
Варзиш ва фароғат 
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

Бесплатная почта

 
  Маълумоти умумӣ / Кафедраҳо »    
 

Кафедраи «Риёзиёти олӣ».

Мудири кафедра - доцент Азизов Раҳматчон.

Аз таърихикафедраи «Риёзиёт дар иқтисодиёт».

Кафедраи «Риёзиёт дар иқтисодиёт» аз рӯзҳои аввали таъсисёбии донишкада моҳи ноябри соли 1991 ташкил карда шудааст. Номи кафедра аз рӯзи таъсисёбиаш якчанд маротиба иваз шудааст. Аз ҷумла кафедраи «Риёзиёти олӣ ва муҳандисӣ-техникӣ», кафедраи «Риёзиёти олӣ», кафедраи «Риёзиёти олӣ ва информатика», кафедраи «Риёзиёти иқтисодӣ» ва аз соли хониши 2009 бо фармони ректори донишкада номи кафедра «Риёзиёт дар иқтисодиёт»-ро гирифт.

стенд коридор

Дар муддати арзи вуҷуд доштани кафедра бо ифтихор метавон қайд кард, ки ду нафар аъзоёни кафедра, рисолаи доктори илмҳои физикаю риёзиро ҳимоя намуданд. Инҳо устодон Муҳаммадҷон Исматӣ (ноябри соли 2003) ва Файзалӣ Саъдуллоевич Комилов (феврали соли 2004) мебошанд.

Устод Муҳаммадҷон Исматӣ рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Оиди баъзе масъалаҳои омехтаи бо худ пайваста ва ғайри пайвастаи физикаи риёзӣ» дифоъ намуд. Мавзӯи доктории Ф.С.Комилов бошад «Тарҳрезии иммитатсионии динамикаи экосистемаи маҳзанҳои обӣ» ном дорад.

Мавзӯи асосии илмию тадқиқотии олимони кафедра «Муодилаҳои дифференсиалӣ ва масъалаҳои канории физикаи риёзӣ» ном дошта, дар бахшҳои муайяни он зери номҳои мушаххас профессор М.Исматӣ, дотсентон Муродов Б., Раҷабов Б., Шарипов Б., Эркинбоев Х., Азизов Р.Э., С. Зулматов, устодони калони кафедра Ризоева К., Шолчаев Ҳ., Норқулов Р.О., Сангмамадов Д.С. ва ассистентони кафедра Мирзораҳимов М. Ҳ., Ғуломов Д.Б. корҳои илмӣ-тадқиқотиро иҷро менамоянд.

Дар баробари муваффақиятҳои хеле назарраси илмию тадқиқотӣ устодони кафедра дар ҷодаи корҳои таълимӣ, илмию методӣ ва ташкилӣ муттахассисони забардаст ва шинохтаи ҷумҳурӣ мебошанд. Дар тӯли фаъолияти худ устодони кафедра д.и.ф.р., профессор М.Исматӣ, н.и.ф.р., дотсентон Муродов Б. ва Раҷабов Б. чандин барномаҳои таълимию корӣ ва китобҳои дарсию методӣ таълиф намудаанд. Ба қалами ин устодон китоби дарсии «Курси мухтасари риёзиёти олӣ» ба забони тоҷикӣ, иборат аз 3 қисм ба донишҷӯёни макотиби олӣ пешкаш шудааст, ки қисмия куми он «Геометрияи аналитикӣ ва элементҳои алгебраи хаттӣ» Б. Муродов: қисми дуюм «Таҳлили риёзӣ» муаллифон Б.Раҷабов ва М.Исматӣ ва қисми сеюми он «Таҳлили риёзӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ», «Маҷмӯаи мисолу масъалаҳои тестӣ аз математика» - ро профессор М.Исматӣ навиштааст. «Корҳои мустақилона аз математика»-ро устодон Муродов Б. ва Шолчаев Ҳ. навиштаанд.

Устодони ин кафедра М. Исматӣ., Раҷабов Б., Зулматов С. чандин маҷмӯи мисолу масъалаҳоро низ навиштаанд.

Тавре дар боло қайд намудем аъзоёни кафедра дар корҳои роҳбарию ташкилӣ низ саҳми худро доранд.

Кафедра потенсиали хеле калони илмию тадқиқотӣ, илмию методӣ дорад. ҳангоми он ро пурсамар истифода намудан, аъзоёни кафедра метавонанд ба мувафақиятҳои боз ҳам назаррас соҳиб гарданд. Аз он ҷумла, ҳангоми ҷамъбасти корҳои илмӣ-методии кафедраҳо соли 2010 дар байни 14 кафедраҳои ДСХ, кафедраи «Риёзиёт дар иқтисодиёт» ҷои аввалро соҳиб шуд.

 


 

 

 

 
Вернуться на главную страницу
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рахмонзода Аслиддин  ба администратор