Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                  Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
фаъолияти китобхонаи илмӣ
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
Сайри виртуалӣ 
суратҳо ва видеонаворҳо.
Рӯзномаи «Соҳибкор» 
нашриёти донишкада, шумораҳои рӯзнома.
Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
Варзиш ва фароғат 
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

Бесплатная почта

 
  Маълумоти умумӣ / Кафедраҳо »    
 

Шукурзода Кучибой 
                                          ШукуровичКафедраи назарияи иқтисод ва маркетинг.

Мудири кафедра - профессор Қандиёрова Д.О.

Кафедраи Назарияи иқтисод 28 августи соли 1992 ташкил шудааст. Аз соли 1992 то инҷонию вазифаи мудири кафедраро чунин устодон ба ӯҳда доштанд: профессор Ҷӯрабоев Ғ. Ҷ., дотсент Шукурзода К., марҳум профессор Эргашев А.Э.,дотсент Саидова М.С.

Ҷараёни таълим ва кори илмиро дар кафедра 8 устодони доимӣ иҷро мекунанд, ки аз онҳо 3 нафарашон дотсент, 3 устоди калон ва 2 нафар ассистент мебошанд. Дар давоми фаъолияти кафедра устодон 7 монография, 14 васоити таълимӣ ва таълими-методиро ба нашр расонида, дар зиёда аз 20 конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ ширкат варзидаанд. Аъзоёни кафедра барои баланд бардоштани дараҷаи тахассуси касбии худ фаъолона кор мебаранд. Дар солҳои охир 3 устод дар Академияи фанҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянӣ аз такмили ихтисос гузаштанд. Дар кафедра коллективи устодону аспирантони иттифоқу эҷодкор гирд омадаанд. Фаъолияти кафедра ба омӯзонидани фанҳои Назарияи иқтисод, Микроиқтисод, Таърихи афкори иқтисодӣ, Иктисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос нигаронида шудааст. Ҳамчунон кафедра омодасозии мутахассисони соҳаи маркетингро ба ухда дорад. Дар кафедра доир ба ҷалби донишҷӯён ба корҳои тадқиқотӣ диққати махсус дода мешавад ва далели ин гуфтаҳо фаъолияти муваффақонаи ду махфили илмии донишҷуён мебошад. Соли таҳсили 2009-2010 иштирокчии фаъоли махфил донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 250104 – Молия ва қарз Маҳмадқулов А. дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф гардид.

Устодони кафедра бо назардошти талаботи низоми кредитии таҳсил ба омода сохтани васоили таълимӣ аз фанҳои тадрисӣ диққати махсус медиҳанд. Имрӯз аз ҳамаи фанҳои кафедра барномаҳои таълимӣ ва силабусҳо омода карда шудаанд. Ҳамчунон бо карори Шӯрои илмӣ-методии донишкада cе дастури методӣ аз фанҳои Назарияи иқтисод ва Микроиқтисод бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр тавсия шуд ва онҳо дар соли таҳсили 2010-2011 нашр гардид.

Дар соли нави таҳсили 2011-2012 дар таъминоти кадрии кафедра таѓйироти назаррас ба вуҷуд омад. Шумораи устодони кафедра феълан 13 нафар буда, аз онҳо 2 нафар доктор, 5 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ мебошанд. Бо сабаби вазъи саломатӣ дотсент Шукурзода К. вазифаи мудири кафедраро супориданд. Имрӯз ин вазифа ба дӯши профессор Қандиёрова Д.О. гузошта шудааст.

Устодони кафедра кӯшиш доранд вазифаҳои хизматии худро дар сатҳи баланд бо сифати олӣ иҷро намоянд ва 20 солагии донишкадаи худро сазовор пешвоз гиранд.

 


 

 

 

 

 

 

 

 
Вернуться на главную страницу
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рахмонзода Аслиддин  ба администратор