| КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА АНДОЗБАНДӢ ДАР СОҲИБКОРӢ
И.В. Мудири
кафедра - Исломова Захро Саъдуллоевна.
Кафедраи Молия ва андозбандӣ дар
соҳибкорӣ дар заминаи кафедраи
молия ва қарз дар асоси Низомномаи
кафедраи муассисаи таҳсилоти олии
касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо қарори мушовараи Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13-уми апрели соли 2006 №8/4 ва қарори
Шӯрои олимони Донишкада, суратмаҷлиси
11/4.3 аз 23-юми июни соли 2010 таъсис
дода шудааст.
Кафедраи мазкур тахассусӣ буда,
аз рӯи ихтисоси 250104 –Молия ва қарз
бо ду равия фаъолият менамояд:
25010407 - Молия ва қарз
дар фаъолияти сохибкорӣ;
25010403 - Андоз ва андозбандӣ.
Кафедра бо стандарти меъёрию ҳуқуқии
макотиби олии равияи иқтисодии
талаботи байналхалқӣ пурра
ҷавобгӯ буда, дар ҳамин
замина фаъолияти худро аз рӯи нақшаҳои
таълимӣ-тарбиявӣ, илмӣ-методӣ
ва илмӣ тадқиқотӣ
ба роҳ мондааст.
Иқтисодчии касбии маълумоти олӣ
тайёр менамояд.
Дар кафедра 14 нафар устодон фаъолияти
меҳнатӣ доранд, ки аз онҳо
8 нафар устодони доимӣ, 2 нафар
устоди ҳамкори дохилӣ ва
4 нафар устоди ҳамкори берунӣ
мебошанд. Инчунин 1 нафар корманди техникӣ
низ фаъолияти меҳнатӣ дорад.
Равияи назариявии кори илмӣ-тадқиқотии
кафедра «Дигаргунсозиҳои низоми
молиявию андозӣ дар шароити иқтисоди
давраи гузариши Ҷумҳурии
Тоҷикистон» буда, дар ин самт
устодони кафедра тавонистаанд чунин
масъалаҳои иқтисодиро мавриди
тадқиқот қарор диҳанд.
Оиди муайян намудани “Омилҳои
молиявии рушди иқтисодии Ҷумҳурии
Тоҷикистон”, н.и.и., дотсент Хоркашов
И.С.
Дар самти муаммоҳои илмии
андоз ва андозбандӣ, н.и.и., дотсент
Насирдинов И.М. Оиди хусусиятҳои
шуѓли занҳо дар давраи гузариш
бо мақсади паст кардани сатҳи
бекорӣ, н.и.и. Исломова З.С. Дар
самти шартҳои идоракунии иҷроиши
буҷет, устоди калон Кенҷаева
Р.Х. Дар самти танзими тарифҳои
гумрукӣ дар низоми иқтисоди
бехатарӣ (дар маводҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон), устоди калон Мизробов
С.С.
Дар самти танзими давлатӣ
ҳамчун шакли идораи иқтисодиёт,
ассистент Мамадризоева Н.М. Дар самти
низоми андозситонӣ дар рушди иқтисодиёт,
ассистент Бобоев М.Н. Оиди муаммоҳои
самаранок истифодабарии захираҳои
гидроэнергетикӣ дар таъмини бехатарии
иқтисодии ҷумҳурии
Тоҷикмистон, ассистент Ф.Баҳромзод.
Айни замон дар кафедра семинари илмӣ
- назариявии устодони кафедра амал мекунад,
ки роҳбарии онро н.и.и. Исломова
З.С. бар ўҳда дорад ва устодон
моҳе як маротиба метавонанд вобаста
ба мавзўи кори илмӣ - тадқиқотиашон
дар он баромад намоянд.
Донишҷўёни
фаъоли гурӯҳҳо низ ба семинари
илмӣ-назариявии устодони кафедра
даъват карда мешаванд. Мақсад
аз ҷалби донишҷӯён ба ин
семинар дар оянда сафарбар кардани онҳо
ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ
дар кафедра мебошад.
Инчунин дар кафедра маҳфили илмии
донишҷўён бо номи “Молиячии ҷавон”,
ки роҳбарии онро ассистенти кафедра
Фирўзҷони Баҳромзод бар
ўҳда доранд, фаъолият мекунад.
Маҳфили илмии донишҷӯён
моҳе як маротиба дар кафедра баргузор
мегардад, ки донишҷӯён таҳти
роҳбарии устодони кафедра бо маърӯзаҳояшон
баромад менамоянд. Бо мақсади
ҳар чӣ бештар ҷалб
намудани донишҷўён ба илмазбаркунӣ
кафедра тасмим гирифтааст, ки маҳфили
илмиро моҳе ду маротиба баргузор
намояд. Дар рафти кори маҳфил
на танҳо донишҷӯёни тахассусҳои
кафедра, балки донишҷӯёни дигар
ихтисосҳо низ метавонанд иштирок
намоянд.
Устодони кафедра пайваста дар семинару
конфронсҳои дохили донишкадавӣ
ва берун аз он иштироки фаъол дошта,
дар рафти кори онҳо саҳми
худро мегузоранд. ҳамин аст, ки
дар семинару мизҳои мудавваре,
ки кафедра баргузор менамояд намояндагони
тамоми донишгоҳу донишкадаҳо
ва намояндагони Вазорату идораҳои
дахлдор ширкати фаъол доранд.
Кафедра бо мақсади устувор нигоҳ
доштани мавқеъи худ дар байни
дигар кафедраҳои макотиби олии
ҷумҳурӣ бо кафедраҳои
донишгоҳу донишкадаҳо, аз
он ҷумла кафедраҳои «Молия»
ва «Менеҷменти молиявӣ»-и
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
«Молия ва андоз»-и Донишкадаи иқтисодии
Тоҷикистон, «Молия ва қарз»-и
Донишгоҳи давлатии тиҷорати
Тоҷикистон, «Молия ва қарз»-и
Донишкадаи технологии Тоҷикистон
ва «Молия ва қарз»-и Донишкадаи
молияи Тоҷикистон муносибатҳои
дуҷониба барпо намудааст. Инчунин
робитаи кафедра бо Вазорати молияи ҷумҳурии
Тоҷикистон, Раёсатҳои молияи
ноҳияҳои шаҳри Душанбе
ва Нозироти андози ноҳияи Фирдавсии
шаҳри Душанбе дуруст ба роҳ
монда шудааст.
Имрўз дар кафедра чунин фанҳои
таълимӣ мавҷуд мебошанд,
ки аз ҷониби устодон омўзонда
мешаванд:
1. Молия;
2. Молияи корхона;
3. Молия, муомилоти пул ва қарз;
4. Молияи ҳукуматҳои маҳаллӣ;
5. Молияи соҳибкорӣ;
6. Молия ва қарз;
7. Назарияи молия;
8. Менеҷменти молиявӣ;
9. Системаи буҷетии ҶТ;
10. Даромади буҷет;
11. қарзҳои давлатӣ
ва мунисипалӣ;
12. Ташкили иҷроиши буҷет;
13. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботи
буҷетӣ;
14. Банақшагирӣ ва пешгўии
буҷет;
15. Фанни интихобӣ Тарихи низоми
молия;
16. Фанни интихобӣ ҳисоботи
молиявии андоз;
17. Фанни интихобӣ Сиёсати даромад
ва музди меҳнат;
18. Хароҷоти буҷетӣ;
19. Баланси пардохтӣ;
20. Нархгузорӣ;
21. Андоз аз шахсони ҳуқуқӣ;
22. Андоз аз шахсони воқеӣ;
23. Андоз ва андозбандӣ;
24. Андозҳои маҳалӣ
ва даромадҳо;
25. Ташкил ва усули тафтиши андоз;
26. Таҷрибаи ҷаҳонии
системаи андозбандӣ;
27. Назарияи умумии андоз;
28. Андоз ва пардохтҳои гумрукӣ;
29. Фондҳои мақсадноки буҷетӣ
ва ѓайрибуҷетӣ;
30. Андозҳои ҷумҳуриявӣ
ва даромадҳо;
31. Андоз ва андозбандӣ дар туризм;
32. Танзими андоз дар фаъолияти соҳибкорӣ;
33. Фанни интихобӣ Стратегияи
андозбандӣ;
34. Фанни интихобӣ Назорати андоз;
35. Фанни интихобӣ Тарихи низоми
андозбандӣ;
|