Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                   Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
Сайри виртуалӣ 
суратҳо ва видеонаворҳо.
Маркази информатсионӣ - коммуникатсионӣ
сохтори МИК, нашриёти донишкада, рӯзномаи "Соҳибкор", маркази омӯзишӣ.
Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
Варзиш ва фароғат 
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

 
  Маълумоти умумӣ / Кафедраҳо »    
 

zav_kaf_memКафедраи «Иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ».

Мудири кафедра - номзади илмҳои иқтисодӣ, Ҷумъаев Баҳовиддин Маҳмадназарович

Маълумоти мухтасар оид ба кафедра Кафедраи Иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ 6-уми майи соли 1998 бо қарори Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шуда, тайёр намудани мутахассисони баландихтисосро аз рӯи барномаи умумутаълимии омодакунии мутахассисон дар соҳаи иқтисодиёти ҷаҳон ба роҳ мондааст. Кафедра мутахассисон-иқтисодчиёнеро омода менамояд, ки фанҳои иқтисодии замонавиро аз худ намуда, аз равандҳои дар иқтисодиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ бавуҷудоянда бархурдоранд ва малакаи баланди корро дар соҳаҳои мухталифи фаъолияти иқтисодии беруна доранд. Айни замон дар кафедра 13 нафар устодон фаъолият доранд, ки дар байни онҳо 3 нафар доктори илм ва 3 нафар дотсент мебошанд.

Вазифаҳои асосии кафедра дар соҳаи таълим

• омӯзонидани хусусиятҳои давраи муосири ҷаҳонишавии хоҷагии ҷаҳонӣ, фаъолияти бозорҳои байналмилалии мол ва хизмат, амалиётҳои иқтисоди берунӣ, ширкатҳои байналмилалӣ;

• рушди малакаи таҳлилии донишҷӯён оид ба тағ йиротҳои объективӣ байни субъектҳо ва объектҳои муносибатҳои иқтисодии байналмилалии муосир, рушди шаклҳо ва усулҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;

• омӯзонидани усулҳои ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодии берунӣ ва баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ;

• омӯзонидани ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди низоми робитаҳои берунаи ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шаклҳо ва усулҳои асосии фаъолияти берунии корхонаҳои ватанӣ.

Мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедра

Кафедра фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро дар самти омӯзиши проблемаҳои ташаккулёбии фаъолияти иқтисодии беруна ва рушди устувори Тоҷикистон пеш мебарад, ки он ба чунин равияҳо тақсим гардидааст:

- Муаммоҳои ҷалбкунӣ ва истифодаи самараноки сармоягузориҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон;

- рушди механизми танзими шуғли ғайрирасмӣ дар иқтисодиёти давраи гузариш;

- муаммоҳои баромадани Тоҷикистон ба бозорҳои байналмилалии меҳнат;

- муаммоҳои рушди соҳибкории муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- равандҳои муосири рушди бизнеси байналмилалӣ;

- рушди савдои хизмат дар шароити воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо.

Маҳфили илмии кафедра

Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Дипломати ҷавон» таҳти роҳбарии устоди калони кафедра Қурбонов Ҳ.М. амал менамояд, ки дар он беҳтарин донишҷӯёни ихтисоси 25010301 ва 26020102 ҷалб карда шудаанд. Маҳфили илмии «Дипломати ҷавон» фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Ориёи Афғ онистон, факултети робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кафедраи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Ихтисосҳои кафедра

Дар кафедра омодасозии мутахассисон аз рӯи ду ихтисос ба роҳ монда шудааст:

1. 25010301 - иқтисодиёти ҷаҳон;

2. 26020102 - фаъолияти соҳибкорӣ дар сайёҳии байналмилалӣ. Шарҳи мухтасари ихтисоси 25010301 - иқтисодиёти ҷаҳон Мутахассис дар соҳаи иқтисодиёти ҷаҳон ба хизматрасонии фаъолияти берунии иқтисодӣ, молиявӣ-қарзӣ, соҳибкорӣ машғул шуда, ба ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот оид ба дороиҳо, ӯҳдадориҳо, даромаду хароҷотҳои корхона барои ташкили самараноки муносибатҳои молиявию иқтисодии объектҳои иқтисодӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии корхонаву ташкилотҳо ҷавобгар аст. Иқтисодчии байналмилалӣ метавонад дар вазорату идораҳои давлатӣ, сохторҳои ғайридавлатӣ, палатаи савдо ва саноат, ширкатҳои истеҳсолӣ, бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, корхонаҳои муштарак, ширкатҳои суғуртавӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва дигар муассисаҳое, ки барои гузаронидани ягон намуди фаъолияти иқтисодии беруна махсус гардонида шудаанд, фаъолият намояд.

Талаботҳо нисбати мутахассис:

- донистани ду забони хориҷӣ;

- дарки амиқи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт;

- дониши технологияҳои компютерӣ;

- малакаи кофии дипломатӣ ва одоби муоширати касбӣ;

-қобилияти хуби таҳлилии равандҳо ва ҳодисаҳои иқтисодӣ;

- қобилияти ҳимоя намудани манфиатҳои корхона;

- малакаи баланди кор бо ҳаҷми зиёди иттилоот.

Шарҳи мухтасари ихтисоси 26020102 – фаъолияти соҳибкорӣ дар сайёҳии байналмилалӣ: Мутахассиси соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ дар сайёҳии байналмилалӣ бояд асосҳои назариявӣ ва амалии иқтисодиёт ва соҳибкориро дар соҳаи иҷтимоию фарҳангӣ ва сайёҳии байналмилалӣ дар шароити муосири иқтисодиёти бозорӣ аз худ намояд. ? дар фаъолияти касбии худ ба таҳлили фаъолияти соҳибкорӣ дар ширкатҳои гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ машғ ул буда, барои интихоби шаклҳои ташкилию хуқуқии корхонаҳо, самаранок истифода намудани захираҳои молиявии онҳо, таъмини амнияти иқтисодии корхона ҷавобгар аст. Мутахассиси соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ дар сайёҳии байналмилалӣ метавонад ба фаъолиятҳои гуногуни соҳибкории байналмилалӣ машғ ул шавад ё дар ширкатҳои хизматрасонӣ, машваратӣ, миёнаравӣ, корхонаҳои фароғ атӣ, индустрияи сайёҳии байналмилалӣ, шӯъбаҳои раводиддиҳии Вазорати корҳои хориҷӣ, марказҳои ахборотии байналмилалӣ, бюроҳои иттилоотии байналмиллӣ фаъолият намояд.

Талабот нисбати мутахассис:

1. донистани на камтар аз ду забони хориҷӣ;

2. дониши баланди назариявӣ ва амалӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ва сайёҳии байналмилалӣ;

3. дониши технологияҳои компютерӣ;

4. қобилияти гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ, ташкили реклама ва чорабиниҳои ҳавасмандгардонӣ ва фурӯш;

5. малакаи кофии дипломатӣ ва одоби муоширати касбӣ;

6. қобилияти хуби соҳибкорӣ ва идоракунӣ;

7. қобилияти ҳимоя намудани манфиатҳои корхона;

Фанҳои таълимии кафедра:

1. Муқаддимаи ихтисос.

2. Асосҳои фаъолияти иқтисодии беруна.

3. Бизнеси байналмилалӣ.

4. Дипломатияи иқтисодии байналмилалӣ.

5. Иқтисоди кушод.

6. Иқтисодиёт ва ташкили бизнес.

7. Иктисодиёт ва ташкили фаъолияти иқтисодии берунии корхонаҳои саноатӣ.

8. Иқтисодиёти ҷаҳон.

9. Кишваршиносӣ.

10. Мантиқи муносибатҳои байналмилалӣ.

11. Маркетинги байналмилалӣ.

12. Менеҷменти байналмилалӣ.

13. Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ.

14. Протоколи дипломатӣ ва одоби муоширати касбӣ.

15. Савдои байналмилалӣ.

16. Савдои байналмилалии хизмат.

jalasai_kaf

Лаҳзае аз ҷаласаи кафедра

Лаҳзае аз чорабинии хатми донишкада

Лаҳзае аз дарси ассистенти кафедра

Сафоев А.К. Устодони кафедра бо аввалин хатмкарда- гони таҳсили низоми кредитӣ

Лаҳзаи ҳимояи рисолаҳои дипломии хатмкунанда-гони ихтисоси 25010301 «Иқтисодиёти ҷаҳон» (соли 2011)

 


 

 

 

 
Вернуться на главную страницу
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  ба администратор