Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                   Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
Сайри виртуалӣ 
суратҳо ва видеонаворҳо.
Рӯзномаи «Соҳибкор» 
нашриёти донишкада, шумораҳои рӯзнома.
Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
Варзиш ва фароғат 
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

Бесплатная почта

 
  Маълумоти умумӣ / Кафедраҳо »    
 

Джурабаев Гафурджон ДжурабоевичКафедраи «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ».

Мудири кафедра - профессор Ҷўрабоев Ғафурҷон Ҷўрабоевич .

Дар соли таҳсили 2008-2009 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар озмуне, ки аз ҷониби Институти ҷомеаи кушода – хазинаи Сорос вобаста ба таъсиси кафедраи Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ гузаронида шуда буд, иштирок намуда, дар байни донишкадаву донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ ғолиб омад. Баъдан донишкада иқдом пеш гирифта кафедраи «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ»-ро таъсис дод ва ҳоло фаъолияти худро барои иҷрои лоиҳаи мазкур ҳамаҷониба равона карда истодааст.
Кафедраи Идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат корҳои илмӣ ва педагогиро вобаста ба проблемаҳои муосири иқтисодиёти давраи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Зеро дар шароити муосир ташаккул ва инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ зарурати танзими давлатии муносибатҳои мазкурро пеш меорад. Иҷрои вазифаҳои муҳими давлатӣ идоракунии самаранокро талаб менамояд, ки раванди мазкур омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва маҳаллиро тақозо менамояд. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат саривақт ба чунин талаботи бозор назар афканда, фаъолона ба тайёркунии мутахассисони баландихтисос аз рўи ихтисоси Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ шурўъ намуд. Доираи фаъолияти касбии мутахассиси ихтисоси мазкур - таъмини идоракунии самараноки ташкилот, ширкат дар ташкил ва амалисозии низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва ҳамчунин такмили низоми идоракунӣ аз рўи тамоюли инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мебошад.
Объектҳои фаъолияти касбии мутахассисони соҳаи мазкур ташкилотҳои гуногуни низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, равандҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии ҳаёти ҷомеа, проблемаҳои ҳамкории мутақобилаи инсону ҷомеа мебошанд.
Кафедраи Идоракунии давлатӣ ва маҳаллии донишкада бо устодони баландихтисосу ботаҷриба таъмин мебошад, аз ҷумла устодони калон: Ҳасанов Абдуҷаббор, Ҷабборов Фатҳулло, Ҷумаев Уктам ва дар қатори онҳо чанд нафар устодони ҷавон-аспирантон фаъолият менамоянд. Кафедраро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҷўрабоев Ғафурҷон Ҷўрабоевич роҳбарӣ менамояд.
Роҳбарият ва аҳли устодони кафедра кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки кафедраи Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ба яке аз сохторҳои махсуси илмӣ-таълимии донишкада табдил ёфта, ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳа мусоидат намояд.
Дар замони муосир мутахассисони соҳаи мазкур барои тамоми соҳаҳои муҳими иқтисодиёт хеле зарур мебошанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур бояд кўшиш намоянд, ки инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакати мо хислат ва сифати нав ба бар намояд.
Ҳоло иқтидори кафедра имкон медиҳад, ки маҷмўи маводҳои таълимӣ-методии ба талаботи муосир ва стандарти маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў омода карда шаванд. Аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва воситаҳои таълимӣ омода карда шуда истодаанд, ки дар раванди таълими донишкада ва берун аз он истифода хоҳанд шуд. Кафедра фаъолона бо дигар кафедраҳои макотиби олии мамолики ИДМ (Россия, Казоқистон, Қирғизистон) ҳамкорӣ менамояд. Ҳамчунин бо институтҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатии мамлакат ҳамкории самаранок барпо намуда истодааст.

ИХТИСОСҲОИ КАФЕДРА
Кафедраи Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ мутахассисонро аз рўи ихтисосҳои зерин омода менамояд:

260101- Идоракунии давлатӣ ва мунитсипалӣ
Доираи фаъолияти касбии мутахассиси ихтисоси 260101 - Идоракунии давлатӣ ва мунитсипалӣ - таъмини идоракунии самараноки ташкилот, ширкат дар ташкил ва амалисозии низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва ҳамчунин такмили низоми идоракунӣ аз рўи тамоюли инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мебошад.
Объектҳои фаъолияти касбии мутахассисони соҳаи мазкур ташкилотҳои гуногуни низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, равандҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии ҳаёти ҷомеа, проблемаҳои хамкории мутақобилаи инсону ҷомеа мебошанд.

26020210 – Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмиллалӣ
Фаъолияти касбии мутахассисони ихтисоси 26020210 – Менеҷмент дар соњаи сайёҳии байналмиллалӣ ба қонеъсозии талаботи мизоҷон доир ба хизматрасонии интустрияи сайёҳӣ равона гардидааст. Дар навбати худ, интустрияи сайёҳӣ чунин намудҳои фаъолиятро дар бар мегирад, ки доираи фаъолияти касбии мутахассисони мазкур чӣ дар сатҳи иқтисоди миллӣ ва чӣ дар арсаи байналмиллалӣ маҳсуб меёбанд:
Фаъолияти агентии туристӣ;
• Фаъолияти меҳмонхонаҳо;
• Фаъолияти тарабхонаҳо;
• Фаъолияти экскурсионӣ;
• Фаъолияти кўҳнавардӣ;
• Хизматрасониҳои дигар дар соҳаи индустрияи сайёҳӣ.
Дар замони муосир мутахассисони соҳаи мазкур барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зарур мебошанд. Зеро дар мамлакат барои инкишофи индустрияи сайёҳӣ имкониятҳои назаррас мавҷуд аст.

260201 - Бизнес-маъмуриятчигӣ
Дар доираи фаъолияти касбии ихтисоси 260201 - Бизнес-маъмуриятчигӣ, мутахассисоне тайёр карда мешаванд, ки онҳо моҳият, имконият ва хусусиятҳои иқтисоди бозорӣ, функсия ва вазифаи давлатро васеътар омўхта соҳибкорӣ ба меъёрҳои ҷаҳони ҷавобдиҳанда муваффақ мегарданд. Барномаи ин ихтисос ҳамин тавр тартиб дода шудааст, ки онњо дар оянда метавонанд ба вазифаҳои пурмасулияти иқтисодиёт ё инки фаъолияти соҳибкории худро дошта бошанд.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ КАФЕДРА
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраи Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ба мавзўи «Проблемаҳои идоракунӣ дар давраи гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ» бахшида шудааст.
Корҳои илмӣ-тадқиқотии устодони кафедра ба равияи тадқиқотии кафедра мувофиқ карда шудааст.


 

 

 

 
Вернуться на главную страницу
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  ба администратор