| Кафедраи
"Ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва гумрук".
Нидоев Парвиз Фозилович
мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук, номзади илмиҳои иқтисод, и/в дотсент.
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук.
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук аз соли 2005 то инчониб фаъолият карда истодааст. То имрӯз якчанд маротиба номи кафедра иваз карда шудааст.
Соли 2005- ум кафедраи гумрук ва андозбандӣ ном бурда мешуд.
Сентябри соли 2007 бо қарори Шӯърои олимони донишкада номи кафедара ба гумрук ва ҳуқуқ гузаронида шуда, соли 2010 бошад бо қарори шурои номбаршуда ба ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук иваз карда шуд.
Дар кафедра аз рӯи зиёда аз 40 – номгӯи фанҳо дарс дода мешавад. Фаъолияти таълимӣ - методӣ ва илмӣ – тадқиқотии кафедра дар ду самт ба амал бароварда мешавад:
1. Таълим ва тадқиқотҳои илмӣ аз рӯи фанҳои ба ихтисоси фаъолияти иқтисодии гумрукӣ дохилшаванда.
2. Таълим ва тадқиқотҳои илмӣ дар доираи фанҳои ҳуқуқи гумрукӣ.
Кафедра мутахасисони ихтисоси 96010101 - 02 фаъолияти гумрукиро дар зери ду тахассус - таъминоти иктисодии фаъолияти гумрукӣ ва таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ тайёр менамояд.
Дар кафедра ҳамаи шароитҳо барои тайёр кардани мутахасиссони баландихтисос муҳайё карда шудааст. Дар назди кафедра лабараторияи гумрукӣ фаъолият дорад, ки барои ҳарчӣ хубтару беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим ва баланд бардоштани савияи донишҷӯён мусоидат мекунад, ҳама дарсҳои амалии донишҷӯён дар лаборатория гумрукӣ мегузаранд, ки дар он ҷо шароитҳои лозимӣ барои тайёр намудани мутахссисони баландихтисос дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муҳайё мебошанд. Дарсҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ мегузаранд.
Кафедраи «ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук» бо Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки ҶТ ва худи Хадамоти гумруки ҶТ ҳамкории бевосита дорад, ки кафедраи мазкур тадқикотҳои илмии худро дар ин донишкада мегузаронад. Корҳои илмии кафедраи мо дар ин донишкада ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Дар ин ҷо корҳои илмии мудири кафедра Нидоев Парвиз Фозилович бо номи «Мукамалгардонии расонидани хизмати гумрукӣ ва саҳми он дар бехатарии иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон» бо 19 мақолаи илмӣ доир бо ҳалли масъалаҳои гумрукӣ ба ин мисол шуда метавонанд.
Инчунин, кафедра бо донишгоҳу донишкадаҳо, кафедраҳо ва марказаҳои илмӣ-тадқиқотии ватанию хориҷӣ ҳамкориҳои бонуфуз дорад
ҳамкории кафедра бо кафедраи «Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, кафедраи «Ташхис ва ҳуқуқи гумрукӣ», кафедраи «Пардохтҳо ва назорати гумрукӣ»-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон пайваста сурат мегирад. Аксарияти корҳои илмии кафедра дар ин донишкадаҳо истифода бурда мешавад.
Мудирони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук аз ибтидо то ҳозир
2005-2007 н.и.и. дотсент Насиридинов Изатулло Муҳиддинович,
2007-2009 Хомушов Хушмаҳмад Сафарович – номзади илмҳои сиёсӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ,
2008-2010 н.и.и. ҷураев Хуррам Ғаффорович.
03. 2010 н.и.х. генерал майори хадамоти гумрук ҳасанов Кенҷа ҳасанович.
15.03.2010 то ин чониб н.и.и. и/в дотсент Нидоев Парвиз Фозилович.
|