Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                   Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
Сайри виртуалӣ 
суратҳо ва видеонаворҳо.
Рӯзномаи «Соҳибкор» 
нашриёти донишкада, шумораҳои рӯзнома.
Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
Варзиш ва фароғат 
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

Бесплатная почта

 
  Маълумоти умумӣ / Кафедраҳо »    
 

Хотамов Намоз Басарович Кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ

Мудири кафедра - профессор, Ҳотамов Намоз Басарович.

24 октябри соли 2001 бо номи кафедраи «Ҷомеашиносӣ» таъсис ёфтааст.

Аз 1 январи соли 2007 бо номи кафедраи «Таърих ва фалсафа» ва аз 1 сентябри соли 2009 номи кафедра «Фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ»-ро гирифтааст.

Устодони кафедра фанҳои зеринро таълим медиханд:

1) Таърихи халқи тоҷик;
2) Фалсафа;
3) Сиёсатшиносӣ;
4) Сотсиология (Иҷтимоиёт);
5) Таърихи дин;
6) Таърихи умумӣ;
7) Этика ва эстетика;
8) Таърихи дин;
9)Таърихи тамаддуни чаҳон;
10) Таърихи соҳибкорӣ ва бонкҳо

УСТОДОНИ КАФЕДРА:

Ҳангоми таъсиси кафедра дар он профессорон: доктори илми таърих Ҳотамов Н.Б. ва доктори илми фалсафа Салимов Н.С., дотсент, номзади илми фалсафа – Ҷабборов Ш.Ҷ. ва устоди калон – Сабзалиев Ф.С. – соли 2001 кор мекарданд.

Минбаъд, ба ҳайати аъзоёни кафедра: профессор, доктори илми фалсафа Мӯъминҷонов Ҳ.Ҳ. ва дотсент, номзади илми таърих Саъдиев Ш.С. - соли 2002, ассистент Бобоалиева А.Н. - соли 2003, ассистентон Шоймардонова Н.Ҳ., ва Ҳоҷиев Н.Н. - соли 2009, ассистент Ҳаитов Ф. К.– соли 2010, дотсент, номзади илми сиёсатшиносӣ Базарова С.Ш. ва ассистент Абдусаломов А. – соли 2011 қабул гардида фаъолияти илмӣ-омузгориро пеш бурда истодаанд.

Профессор Ҳотамов Намоз Бассарович – соли 1967 факултаи таърихи ДМТ-ро хатм намуда, соли 1974 рисолаи номзадӣ ва соли 1991 рисолаи докториро дифоъ намудаанд. Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва корҳои илмию методӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, ба қалами муаллиф 10 адад китобҳои гуногун, қисм ва бобҳои ҷудогонаи таърихи бисёрҷилдаи халқи тоҷик, ҷилдҳои 4,5,6 тааллуқ доранд.

Кафедра дар соли таҳсили 2002-2003 барои дастовардҳои назарраси таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ бо Ифтихорномаи донишкада сарфароз гардонида шуд.
Бегуфтугў, мақсади асосии ҳамаи устодони кафедра ин тарбия намудани кадрҳои соҳибмаълумот ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода онҳо бо таълими фанҳои худ дар ташаккулёбии шахсият ва ҷаҳонбинии ҷавонон ҳиссаи босазое мегузоранд.

Маҳфили илмии донишҷӯён

Дар назди кафедраи «Фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ» маҳфили илмии донишҷӯён «Ҷомеашиноси ҷавон» фаъолият мекунад. Аъзоёни маҳфил дар баробари ширкат намудан дар ҷаласаҳо, оиди масъалаҳои мухталиф маърӯзаҳои илмӣ навишта, баромад мекунанд. Маърӯзаҳои беҳтарини аъзоёни маҳфил ба конфронси илмии анъанавии донишкада пешниҳод мегарданд. Донишҷӯёни болаёкат бо маърӯза ва корҳои хаттии беҳтарин дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда сазовори Дипломҳои Вазорати маорифи ҶТ гардидаанд.


 

 
Вернуться на главную страницу
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рахмонзода Аслиддин  ба администратор