|
3 октябри соли 2008 дар маҷлисгоҳи
Донишкадаи соҳибкорӣ ва
хизмат бахшида ба Рўзи омўзгорон нишасти
маърифатӣ-фарҳангӣ
доир гардид. Проректор оид ба қисми
таълиму тарбия профессор Ҷўрабоев
Ғ. аз номи ректор ва раёсату созмонҳои
Ҷамъиятии донишкада кўлли устодони
донишкадаро самимона табрику таҳният
намуд. Ифодаи қадру қимати
устод, мақоми устод дар ҷомеа
ва қадршиносии Президенти кишвар
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
нисбат ба омўзгорон бо самимияту эҳтироми
беандоза баррасӣ гардид.
Баъди шунидани чанд суруд дар ҳақи
устод собиқ донишҷўёни хатмкардагони
донишкада, ки дар ҳайати 18 нафар
барои бо Рўзи омўзгорон табрик намудани
устодон омада буданд, ба минбар баромаданд
ва аз номи ҳамаи онҳо Собиров
Ғафурҷон-мутахассиси шўъбаи
молияи дастгоҳи Президенти ҶТ,
устодонро самимона табрик кард, ки дар
паҳлўи он хатмкардагони донишкада
саф кашида буданд.
Хулоса, ҷамъомади мазкур бо ҳисси
баланди ифтихормандии устодон ва арзи
сипоси онҳо ба шогирдон ва бо
рўҳбаландии беандоза анҷом
ёфт.
Ҷамъомад
бахшида ба Рўзи Истиқлолияти Тоҷикистон.
Рўзи 7 сентябри соли 2008 дар донишкада
ҷамъомади тантанавӣ бахшида
ба Рўзи истиқлолияти давлатии
Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор
гардид. Дар ҷамъомади мазкур ректори
донишкада профессор Комилов Ф. С. аҳли
ҳозиринро ба муносибати 17-умин
солгарди истиқлолияти давлатии
Ҷумхурии Тоҷикистон, Ҷашни
1150-солагии устод Абўабдуллоҳи
Рўдакӣ, Соли бузургдошти забони
точикӣ сидқан табрику муборакбод
намуд. Сипас дар асоси ҷаъмбасти
соли таҳсил ба 8 нафар устод ва
10 нафар донишҷўву толибилми гимназияи
донишкада дар вазъияти тантанавӣ
Ифтихорномаҳо супорида шуд.
Пас аз он чанде аз донишҷўён,
толибилмони гимназия дар васфи истиқлолият,
Ватан, Тоҷикистон шеър қироат
намуданд. Баъдан, дастаи ҳунарии
(ҳаваскорони) Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмат баромад карда, дар мавзўи
Ватан, Тоҷикистон суруд хонда
рақс карданд. Ҷамъомад дар
рўҳияи ҳисси баланди ватандўстӣ,
башардўстӣ доир гардид.
Рўзи
5-уми июн дар донишкада конфронси ҷумҳуриявии
илмӣ-амалӣ таҳти унвони
«Расму оин ва анъанаҳо – қисми
муҳими фарҳанги миллӣ»
баргузор гардид.
Конфронс бо баромади проректори Донишкадаи
соҳибкорӣ ва хизмат, профессор
Аҳмадов С.А. оғоз гардида,
марўзаҳо аз ҷониби устодон,
намояндагону мутасаддиёни вазорату донишкадаҳои
гуногуни ҷумҳурӣ шунида
шуд. Баромади доктори илмҳои фалсафа,
профессор Саид Аҳмадов дар мавзўи
«Расму оин ва анъанаҳо – қисми
муҳими фарҳанги миллӣ»
ва инчунин маърўзаи сармутахассиси Шўъбаи
танзими расму оинҳо ва анъанаҳои
мардумӣ дар Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рашидов Т. дар мавзўи «Ислом ва расму
оинҳо», - мудири Шўъбаи расму
оинҳо дар шаҳри Душанбе
Нуриддинов Ш. шунида шуд, ки оиди таърих,
пайдоиш ва зуҳури аслии расму
оинҳо ва анъанаҳои халқи
тоҷик дар омезиш бо дини мубини
ислом қайд карда шуд. Дар идомаи
конфронс баромаду маърўзаҳо аз
ҷониби устодон Ҳотамов Н.Б.
ва Ҷабборов Ш.Ҷ. (аз ДСХ)
А. Абдуллозода, Мирзоев Ғ., Аҳмадов
Р. (аз АИҶТ) ва дигарон шунида
шуд, ки басо назаррас ва муҳим
арзёбӣ гардиданд.
Дар
давоми рўзҳои ҷашнгирии
«Ҳафтаи ҷавонони Ҷумҳурии
Тоҷикистон» дар конференсияи илмии
муҳақиқони ҷавони
ҷумҳурӣ устодони донишкада
Ҷумаев Ў., Ҷумаев Б., Ҷабборов
Ф. ва Хоҷаева Д. бо маърўзаҳои
илмӣ баромад намуданд. Дар озмуни
«Донишҷўи сол», байни донишҷуёни
мактабҳои олӣ, ғолиби
озмуни донишкадавӣ донишҷўи
курси 5-уми ихтисоси 060600 «Иқтисодиёти
ҷаҳон» Раупов Ҳабибулло
ширкат варзид.
23
май дар саҳни донишкада базми
фарҳангии ҷавонон бахшида
ба «Рўзи ҷавонони Ҷумҳурии
Точикистон» ҷашн гирифта шуд.
Аз ҷониби ректори донишкада Комилов
Ф.С. барои таҳсили аъло ва иштироки
фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ
ба донишҷуёни зерин ифтихорномаҳо
супорида шуд:
Икромова Нигина – донишҷуи курси
2, ихт. 060400. Факултаи Бизнес ва молия
Ғафорова Парвина – донишҷуи
курси 3, ихт. 060400. Факултаи Бизнес
ва молия
Кенҷаева Руқия – донишҷуи
курси 1, ихт. 060600. Факултаи Соҳибкорӣ
ва менеҷмент
Баротова Нигора – донишҷуи курси
2, ихт. 060800. Факултаи Соҳибкорӣ
ва менеҷмент
Нуриддинов Нусратулло – донишҷуи
курси 3, ихт. 060803. Факултаи Соҳибкорӣ
ва менеҷмент.
Идатон
Муборак бод ҷавонони ҷумҳурӣ!
|