Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                   Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.

Ба довталабон
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.

Илм
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.

Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.

 

 


 
 
  Навид »    
 

Форуми аввалини ректорони донишгоҳҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Рўзҳои 25-29 майи соли 2009 дар ш. Москваи ФР «Дуюмин ҳафтаи маориф» ва Форуми аввалини ректорони донишгоҳҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар кори ин Форумректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Маҳмадюсуф Имомов, ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон О. Каримов, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Файзалӣ Комилов, ноиби ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маҳмудхон Тошматов, ноиби ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Хусрав Шанбезода иштирок доштанд ва оид ба дастовардҳо ва проблемаҳои муассисаҳои олии Тоҷикистон дар роҳи амалигардонии ҳадафҳои Созмони ҳамкории Шанхай гузоришҳо доданд.
Тибқи барномаи ин чорабиниҳо дар доираи ҳафтаи маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рўзи 26 май дар китобхонаи бунёдии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Ташаккули инфрасохтори ҳамбастагии низоми маорифи давлатҳои аъзои СҲШ» шуда гузашт.
Дар сессияи якуми конфронс, ки «Барномаҳои таҳсилотии донишгоҳҳои СҲШ: роҳҳои асосӣ, тавсифномаҳо ва хусусиятҳои минтақавӣ» ном дошт, оид ба хусусиятҳои барномаҳои таҳсилотии донишгоҳҳои пешбари тоҷикистонии СҲШ Ф.Комилов маърўза кард.
Рўзи 27 май дар ДДМ ба номи М.В. Ломоносов Форуми аввалини ректорҳои донишгоҳҳои пешбари СҲШ шуда гузашт. Дар ҷаласаи якуми ифтитоҳии форум, ки «Дастовардҳои системаи миллии таҳсилот дар контексти ҳамкориҳои бисёртарафа» ном дошт, аз ҷониби Тоҷикистон роҳбари гурўҳ, ректори ДСТР М. Имомов маърўза кард. ҷаласаи дуюми ифтитоҳии Форум «Вазъи муосири ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои СҲШ. Проблемаҳо ва дурнамои рушд» ном дошт, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар кори он бо маърўза ректори ДЗТ М.Ҷабборова баромад кард.
Рўзи 28 май ҳайати иштирокчиён ба 3 гурўҳ тақсим шуданд. Дар мизи муддавари «Коркарди нақшаи таълимии муштараки барномаҳои омўзишии донишгоҳҳои СҲШ: назария ва амалия», ки дар Донишкадаи пўлод ва хўлаи Москва шуда гузашт, Ф.Комилов ва М.Тошматов иштирок намуданд.
Санади ниҳоии ҳафтаи маориф ва Форуми ректорони донишгоҳҳои пешбари давлатҳои аъзои СҲШ Декларатсияест, ки дар он зарурат, вазифаҳо ва роҳҳои пиёдагардонии ДСҲШ дарҷ гардидаанд.


 

 

 

 

 
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  ба администратор