|
Маълумоти
умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо,
гимназия.
|
|
Ба
довталабон
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо
барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои
асосӣ, имтиҳонҳои қабул,
шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
|
|
Илм
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо. |
|
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ. |
|
Ифтихори
донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
|
| |
|
| |
|
| |
|
|
| Навид »
|
 |
| |
Конфронси
илмӣ-назариявӣ дар
мавзўи «Инъикоси муносибатҳои
пулӣ, қарзӣ
ва бонкӣ дар повести «Марги
судхўр»-и Садриддин Айнӣ».
Дар
таърихи 12-уми феврали соли 2011
дар донишкада Конфронси илмї-назариявӣ
дар мавзўи «Инъикоси муносибатҳои
пулӣ, қарзӣ
ва бонкӣ дар повести «Марги
судхўр»-и Садриддин Айнӣ»
баргузор гашт. Ташкилкунандаи
конфоронс кафедраи Хизматрасонии
бонкӣ буда дар кори он устодон
ва донишҷўёни донишкада
иштирок намуданд. Мақсади
конфоронси мазкур тадқиқу
таҳлили муносибатҳои
пулӣ, қарзӣ
ва бонкӣ дар повести арзишманди
устод Садриддин Айнӣ буда,
инчунин маърўзачиён масъалаҳои
аҳамияти таълимию тарбиявии
асарро низ хеле васеъ қайду
баён намуданд.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ
Ректори донишкада профессор Комилов
Ф.С. кушода аввалин маротиба дар
донишкада гузаронида шудани чунин
чарабиниро қайд ва табрик
намуд. Баъдан устод Комилов Ф.С.
мухтасар ва васеъ дар бораи аҳамияти
хеле бузург доштани тадқиқу
таҳқиқи масъалаҳои
тахассусиро дар асарҳои
олимон, шоирон ва нависандагони
забардасти миллатамон суханронӣ
намуда эҷодкориҳоро
дар ин ҷода ҷолиби
диққат ҳисобиданд.
Дар конфронс инчунин д.и.т., профессор
Ҳотамов Н.Б. дар мавзўи
«Сабабҳои инкишофи судхўрӣ
дар Аморати Бухоро дар охири асри
XIX ва аввали асри XX», н.и.и.,
доцент Ҷўраев Б. дар мавзўи
«Муносибатҳои пулӣ,
қарзӣ ва бонкӣ
дар низоми бонкии исломӣ
ва базе ақидаҳо аз
он дар «Марги судхўр», н.и.и.
Нарзиев М.Ф. дар мавзўи «Дар бораи
тақиқи масъалаҳои
пул, қарз ва муносибатҳои
бонкӣ ва сарчашмаҳои
омории онҳо дар Осиёи Миёна
дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали
асри XX» ва донишҷўи курси
3-ми ихтисоси «Фаъолияти бонкӣ»
Хоҷаева Мавзуна маърўзаҳои
пурмазмун карданд.
Дар фароварди конфронс қисмҳои
алоҳида аз кинофилми «Марги
судхўр» намоиш дода шуданд ва
бо мақсади ба ҳадафи
гузошташуда ноил шудан мазмуну
моҳияти ин қисмҳоро
устодони кафедра тахассусан таҳлил
карда ба донишҷўён асли
ҳодисаҳоро баён намуданд.
|
|
|