|
Маълумоти
умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо,
гимназия.
|
|
Ба
довталабон
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо
барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои
асосӣ, имтиҳонҳои қабул,
шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
|
|
Илм
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо. |
|
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ. |
|
Ифтихори
донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
|
| |
|
| |
|
| |
|
|
| Навид »
|
 |
| |
Чорабиниҳои
фарҳангӣ дар Донишкада
тақвият меёбанд
Санаи
31-уми март дар хобгоҳи
Донишкада бо ташаббуси кафедраи
Молия ва андозбандӣ дар
соҳибкорӣ чорабинии
фарҳангӣ бахшида ба
ифтихори бузургдошти 100-умин
солгарди зодрўзи Қаҳрамони
халқи тоқик, шоири
шинохта Мирзо Турсунзода баргузор
гардид.
Бо сухани ифтитоҳи сардори
шўъбаи тарбияи Донишкада Шарипова
Ф. Л. чорабиниро ҳусни оѓоз
бахшида, ба кулли иштирокчиён
ва ташкилкунандагон изҳори
миннатдорӣ намуд. Қайд
карда шуд, ки воқеъан ташкили
чунин чорабиниҳо дар байни
ҷавонону донишҷўён,
метавонад ҳисси миллӣ
ва ватандустии онҳоро бедор
намояд.
Сипас, мудири кафедраи Молия ва
андозбандӣ дар соҳибкорӣ
Хоркашов И.С., ки ҳамроҳи
устодони кафедра масъулияти гузаронидани
чорабиниро бар душ доштанд бо
як омодагии ҷиддӣ,
мувофиқи барномаи таҳийяшуда,
дар мавзўи «Мирзо Турсунзода –
сарояндаи сулҳу озодӣ»
баромад намуд. Воқеъан шоире,
ки тамоми ҳастиашро ба халқу
Ватан ва ободии сарзаминаш бахшидааст,
абадан ҷовидон аст. Солҳову
қарнҳо мегузаранд,
вале меҳри ў дар дили мардум,
симои азизи ў дар ёди наслҳои
аҷдоди муташаккири диёр
боқӣ мемонад. Ин ошёни
баланд насиби шоири бузург, сарояндаи
сулҳу озодӣ, Қаҳрамони
Меҳнати Сотсиалистӣ,
Қаҳрамони халқи
тоҷик Мирзо Турсунзода гаштааст.
Ҷашни шукўҳманди 100-солагии
зодрўзи ў, ки имрўзҳо бо
тантанаи махсус қайд карда
мешавад, нишони меҳрубонии
беҳамтои халқ ва қадршиносии
Ватан аст, қайд намуд зимни
баромад Хоркашов И.С.
Наҷибуллои Ҳонҷон
донишҷўи курси 3-юми ихтисоси
25010407 молия давлатӣ ва
мунисипалӣ дар бармади худ
доир ба ҳаёт ва фаъолияти
шоири халқи тоҷик
Мирзо Турсунзода маълумоти муфассал
дод. Инчунин донишҷўёни
ихтисосҳои марбут ба кафедра,
ки аз ашъори шоир шеърҳо
аз ёд намуда буданд, дар назди
ҳозирин қироъат карданд.
Дар охир тибқи барнома,
мушоира дар байни донишҷўёни
хобгоҳ гузаронида шуд, ки
ба ѓолибони он аз тарафи кафедра
тўҳфаҳои хотиравӣ
супурда шуд.
|
|
|