Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                                                 Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
Сайри виртуалӣ 
суратҳо ва видеонаворҳо.
Рӯзномаи «Соҳибкор» 
нашриёти донишкада, шумораҳои рӯзнома.
Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
Варзиш ва фароғат 
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

Бесплатная почта

 
  Маълумоти умумӣ / Факултаҳо »    
 

ФАКУЛТЕТИ СОҲИБКОРӢ ВА БИЗНЕС

И.В. декани факултет - Раҳмонов Зоир Файзалиевич.

Факултети соҳибкорӣ ва бизнес, ки дар сохтори донишкада аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш арзи вуҷуд намудааст, бо хусусият ва иқтидори воқеъии худ дар тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон нақши хеле калонро соҳиб гардидааст. Факултет аз рӯи ихтисосҳои 25010301 (060600) – «Иқтисодиёти ҷаҳон», 25010711 (060803) – «Иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳои саноатӣ» мутахассис тайёр менамояд. Дар факултет ҳоло 3 кафедра- «Иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ, «Иқтисодиёт ва идоракунии соҳибкорӣ» ва «Риёзиёт дар иқтисодиёт» фаъолият менамоянд, ки бо устодони доимию ҳамкорон, пойгоҳи хеле хуби таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои бо техникаи компютерии ҳозиразамон, васоити айёниву методӣ ва дигар маводи таълимӣ пурра муҷаҳҳаз таъмин мебошанд. Дар факултет қариб 40 нафар устодони собиқадору соҳибунвон ва маълуму машҳури ҷумҳурӣ дарс мегӯянд, ки аз онҳо 6 нафарашон докторони илм, профессорон, аз ҷумла докторони илмҳои физакаву риёзӣ, профессорон Сатторов А. С. ва Исматӣ М., доктори илмҳои фалсафа, профессор Аҳмадов С.А., узви вобастаи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Исломов С.И., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродов Л.Ҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Кабутов М.К., дотсентон Ҷонмаҳмадов Ш.Б., Султонов А.Б., Исмоилов А., Чиллаев И., Бердиев З., Мамадкулов М., Исматов Н.М., Шарипов Б., Муродов Б., Раҷабов Б., ва дигарон фаъолият менамоянд. Дарсҳои донишҷўён асосан дар ду баст гузаронида шуда, ба ғайр аз ин корҳои беруназсинфӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангиву тарбивӣ ҳам дар байни кормандон ва ҳам дар байни донишҷўён гузаронида мешаванд, ки ҳамаи ин чорабиниҳо ба тарбияи мутахассисони оянда хуб мусоидат менамояд. Гузаронидани озмунҳои фаннӣ, нишастҳои саволу ҷавоб аз рӯи мавзӯҳои пешаки интихобшуда, дар факултет ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ғайр аз ин, барои донишҷӯёни факултет тамоми шароиту имкониятҳо, толору майдонҳои варзишӣ фароҳам оварда шудааст, ки чӣ дар дарсҳои варзишӣ ва чӣ берун аз дарс ба намудҳои гуногуни варзиши дӯстдоштаи худ машғул шуда, худро аз ҷиҳати ҷисмониву фикрӣ обутоб диҳанд. Гузаронидани озмунҳои гуногун, аз қабили озмуни «Донишҷӯи сол», кори илмии беҳтарини донишҷӯ, гурӯҳи беҳтарин, озмунҳо вобаста ба ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии ҶТ, Сарқонун, Наврӯз, Рӯзи Забон ва дигар идҳо яке аз навовариҳои донишкада ва факултет ба шумор мераванд. Дониши хуби забони англисӣ ва асосҳои иқтисодиёт ба аксари хатмкунандагони ихтисоси "Иқтисодиёти ҷаҳон" имкон медихад, ки дар ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ, идораҳои давлатӣ, вазоратҳо, кумитаҳо, корхонаҳои муштарак ва корхонаҳои хусусӣ фаъолият намуда, дар пешрафти хаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд. Хатмкардагони мо Азизова Наргис, Исматова Раъно. ба хайси тарҷумонҳои Хазинаи Амонат ва ташкилоти байналхалқии "Shelter for use" фаъолият менамоянд. У. Ибодуллоев корманди Кумитаи Салиби Сурх, М. Шобиддинов корманди ташкилоти байналхақии "КЭА Интернэшнл", З. Ҷалилова корманди СММ, М. Қурбонов корманди Бунёди Оғохон, У. Назаров корманди Бонки Умумиҷаҳонӣ мебошанд. Азимова Л., Ш. Насимов И. Шобиддинов, Азизова Гавҳар, Ҳайбатов Ҳасанҷон, Ғаюров Сулаймон ва чанде дигарон мутахассисони Бонкҳои гуногуни тиҷоратии мамлакат мебошанд. Собиқ хатмкунандагони мо на танҳо дар ташкилотҳо, балки дар корхонаҳои соҳаи саноат ва энергетика, донишкадаҳои илмию тадқикотии назди Академияи Илмҳои Ҷумҳурӣ кору пайкор доранд. Собиқ шогирдони мо Умаров Умедҷон ва Шарипов Умед дар донишгоҳҳои Британияи Кабир, Амрико ва ҷопон таҳсили докторантура намуданду Грезов Равшан ва Шукрикова Умеда ҳоло дар ИМА таҳсил ва фаъолият доранд. Хатмкардаи факултет Ҳайбатов Ҳусейнҷон ғоло яке аз барномасозони беҳтарини телевизиони давлатии «Баҳористон» мебошад. Навгонии дигари факултет ба низоми кредитии таҳсил гузаронидани ихтисоси «Иқтисодиёти ҷаҳон» буда, барои зина ба зина ба ҳамин низоми таҳсил гузаштани тамоми ихтисосҳои донишкада заминаи хеле хубе фароҳам овард. Ин низом боиси хеле беҳтару ҷиддитар шудани муносибат ва интизоми толибилмон нисбати омӯзиш, ва баланд рафтани сатҳи дониши онҳо гардида истодааст Яке аз соҳаҳои дигаре, ки дар Тоҷикистон онро ояндаи хеле дурахшон интизор мебошад, соҳаи саёҳат ва туризм ва соҳибкорӣ дар ин бахш ба шумор меравад. Барои ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ табиати зебову афсунгар ва обҳои мусаффову шифобахши бешумори Тоҷикистони офтобӣ заминаи хеле мусоид буда, дар сурати дар сатҳи хизматрасонии байналмилалӣ гузоштани ин соҳа, ба хазинаи молиявии кишвари мо маблағҳои зиёде ворид хоҳанд шуд. Ягон соҳаи хоҷагии халқи имрӯзаи Тоҷикистонро бе мутахассисони ихтисоси 060803 – «Иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳои саноатӣ» тасаввур кардан мумкин нест.

Дар факултети мо ин ихтисосро тӯли 20 соли фаъолияташ ҷавонони зиёде хатм карда, имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни саноат, ташкилоту созмонҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ ва ширкатҳои хориҷиву ватанӣ фаъолият мекунанд.

Ҷавонон ва хатмкунандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ!

Шумо агар хоҳед, ки дар рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди Тоҷикистони азизамон ҳиссагузор бошед, пас факултети соҳибкорӣ ва бизнеси донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро интихоб намоед!Агар тақдири худро бо факултети соҳибкорӣ ва бизнеси Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бипайвандед, Шуморо дар оянда хаёти шахсӣ ва касбии дурахшон насиб хоҳад шуд!


 
Вернуться на главную страницу
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон
  ба администратор