Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                                                                 Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.
Ба довталабон  
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.
Илм 
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ.
Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.
Сайри виртуалӣ 
суратҳо ва видеонаворҳо.
Рӯзномаи «Соҳибкор» 
нашриёти донишкада, шумораҳои рӯзнома.
Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
Варзиш ва фароғат 
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

Бесплатная почта

 
  Маълумоти умумӣ / Факултаҳо »    
 

љодиров Фазлиддин СадриддиновичФакултаи Туризм ва меҳмоннавозӣ.

Декани факулта - дотсент Қодиров Фазлиддин Садриддинович.

Факултаи Туризм ва меҳмоннавозӣ бо фармони ректори донишкада таҳти рақами 164/И (аз 9 июни соли 2008) дар асоси қарори Шўрои олимони донишкада № 10/1 (аз 30.05.2008) «Оид ба такмили сохтори донишкада ва тасдиқи ҷадвали штатӣ барои соли таҳсили 2008-2009» таъсис ёфта, фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ, илми-методӣ ва илмӣ-тахқиқотӣи худро аз 25 августи соли 2008 дар асоси Оинномаи ДСХ ва «Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо қарори мушовараи Вазорати маорифи ҶТ таҳти рақами 8/9 аз 13 апрели соли 2006 тасдиқ шудааст) бо номи «Туризм, аудит ва маркетинг» оѓоз намудааст. Бо ҳамин фармон ба факулта кафедраҳои «Туризм ва маркетинг», «Ҳисобдорӣ ва аудит», «Таърих ва фалсафа», «Забони русӣ» тобеъ гардонида шуданд. Аз 2-юми апрели соли 2009 факулта бо фармони №82/И факултаи Туризм ва меҳмоннавозӣ номгузорӣ шуда, аз чунин зерсохторхо иборат аст.
Дар тамоми давраи фаъолияти факулта стратегияи амиқи тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаҳои туризм, меҳмоннавозӣ, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, фаъолити молиявӣ, ҳисоби бухгалтерӣ дар корхонаҳои саноатӣ , саноати сайёҳӣ ва ѓайраҳо муайян гардида, кор дар ин самт муташаккилона идома дорад. Талабот ба мутахассисони соҳаҳои зикргардида мунтазам афзоиш ёфта истодааст ва ин ҳолат зарурати пайваста ба дастовардҳои муосири бозорӣ дар ҷаҳон, мутобиқ сохтани раванди таҳсилотро ба миён меорад.
Дар факулта олимону мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ-докторони илм, профессорон 10 нафар, номзадҳои илм, дотсентон 11 нафар ва як зумра собиқадорону коршиносони соҳаҳои иқтисодиёт, туризм, фаъолияти бонкӣ,идораи давлатӣ,фарҳанг, таъриху фалсафа ва ѓайраҳо кору фаъолият доранд.ҳайати профессорону омўзгорони факулта дар таҷдиди системаи таҳсилоти соҳавӣ, бозомўзӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳа пайваста кўшиш ба харҷ медиҳанд.
Раванди таълим дар факулта тибқи барномаҳои дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳиягардида ба роҳ монда шудааст.
Дар раванди таҳсил донишҷўён аз технологияҳои муосиртарини иттилоотӣ, лабораториҳои муҷаҳҳаз, китобхонаҳои илмӣ, электронӣ васеъ истифода намуда дар машѓулиятҳои беруназдонишкадавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароѓатӣ ширкат меварзанд.
Факулта ҷиҳати баланд бардоштани малакаҳои амалии донишҷўён бо ташкилоту муассисаҳои беҳтарини соҳавии ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз қабили бонкҳои пешбари ҷумҳурӣ, корхонаҳои саноатӣ, сохторҳои идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, субъектҳои хоҷагидории соҳаи туризм, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ташкилотҳои экскурсионию фароѓатӣ робитаи зич дошта донишҷўён донишҳои назариявии азбарнамудаи худро дар ин муассисаҳо тақвият мебахшанд. Хамзамон ҳайати профессорону омузгорони факулта пайваста ба коркард ва татбики Лоиҳаҳои афзалиятноки омодасозии кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгу машгул мебошанд.


 
Вернуться на главную страницу
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  ба администратор