Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348801                                              Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  

Ихтисосҳое, ки донишкада аз руи онҳо мутахассис тайёр мекунад:

Агар хоҳед, ки дорои маълумоти олии касбӣ - иқтисоддони соҳаҳои молия, бонк ва андоз бошед, ихтисосҳои 250104 - «Молия ва қарз» -ро интихоб кунед.

Агар хоҳед, ки дорои маълумоти олии касбӣ - иқтисоддон-муҳосиб (бухгалтер) ва ё аудитор бошед, ихтисоси 250108 - «Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит» -ро интихоб кунед.

Агар хоҳед, ки дорои маълумоти олии касбӣ - иқтисодчии байналмилалии донандаи забони англисӣ бошед, ихтисоси 250103 - «Иқтисодиёти ҷаҳонӣ» -ро интихоб кунед.

Агар хоҳед, ки оянда роҳбари корхона ва ё муассисае бошед, ихтисоси 250107 - «Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо»-ро интихоб кунед.

Агар хоҳед, ки дорои маълумоти олии касбӣ - менеҷери идораи мақомоти маҳаллӣ, давлатӣ ва иқтисодиёт бошед, ихтисоси 260101 - «Идоракунии давлатӣ» -ро интихоб кунед.

Агар хоҳед, ки бозоршинос (маркетолог) дар соҳаи сайёҳӣ (туризм) шавед, пас ихтисоси 260203 - «Маркетинг»-ро интихоб кунед.

Агар хоҳед, ки дар хадамоти гумрук фаъолият намоед, ихтисоси 960101 - «Фаъолияти гумрукӣ»-ро интихоб кунед.

Агар хоҳед, ки мутахассиси техникаи ҳисоббарории муосир бошед ва дорои тахассуси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт гардед, ихтисоси 400102 - «Низоми технологияи иттилоотӣ» -ро интихоб кунед.

Агар хоҳед, ки дар соҳаи саёҳат ва меҳмоннавозӣ, ташкили хизматрасонӣ дар туризм фаъолият намоед, ихтисоси 890101 – «Саёҳат ва меҳмоннавозӣ» - ро интихоб кунед.

Агар хоҳед, ки дар соҳаи менеҷменти сайёҳии байналмилалӣ фаъолият намоед, ихтисоси 260202 -«Менеҷмент» -ро интихоб кунед.

Агар хоҳед, ки дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ дар сайёҳии байналмилалӣ, таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна, фаъолияти соҳибкорӣ дар корхона, бизнеси маъмуриятчигӣ дар соҳаи хизмат фаъолият намоед, ихтисоси 260201 – «Бизнес маъмуриятчигӣ» - ро интихоб кунед.

Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ба комиссияи қабул пешниҳод мешавад:

1) ҳуҷҷат дар бораи маълумоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, маълумоти олӣ (асл, намунаи давлатӣ);
2) тавсифнома;
3) маълумотномаи тиббии шакли 086-У (эзоҳ: метавонед дар ш. Душанбе бо роҳхати комиссияи қабули донишкада аз муоинаи тиббӣ гузаред);
4) 6 дона расми сарлучи андозаи 3х4 см (эзоҳ: метавонед дар донишкада расм гиред);
5) шиноснома (паспорт) ё шаҳодатномаи таваллуд (баъд аз қабули ҳуҷҷатҳо баргардонида мешавад);
6) билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъват-шаванда (баъд аз қабули ҳуҷҷатҳо баргардонида мешавад);
7) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои онҳое, ки собиқаи корӣ доранд);
8) ариза ба номи ректори донишкада ва шартномаи сетарафа (донишкада, сарпараст, довталаб), ки дар комиссияи қабул пур карда мешаванд.

Имтиҳон:

Забони давлатӣ (тоҷикӣ) – иншо;
Математика, Асосҳои давлат ва ҳуқуқ – тест;
Забони англисӣ (барои ихтисосҳои 250103-«Иқтисодиёти ҷаҳонӣ», 890101-«Саёҳат ва меҳмоннавозӣ (Туризм)» – тест.

 

Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони давлатӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва бо забонҳои дигар аққалиятҳои миллӣ хатм намудаанд ва ба ихтисосҳои русзабон хоҳиши таҳсил намудан доранд аз забони русӣ диктант менависанд. Барои дохилшавандагони донишкада фанни математика тахассусӣ ҳисобида мешавад.

 

Қабули ҳуҷҷатҳо аз довталабон ҳамарӯза аз соати 7:00 то соати 18:00 ба роҳ монда шуда,
аз 1 то 31 июли соли 2009 идома меёбад.

Реҷаи кори комиссияи қабул – аз соати 7:00 то 18:00 ва бе рӯзи истироҳат.


Дар сохтори донишкада гимназия махсусгардонидашуда фаъолият дорад. Қабули хонандагон ба синфхои 1-10 то 1 августи соли 2009 сурат мегирад.

 

 

 

 
  Ба довталабон »    
 

Нақша ва маблағи қабули довталабон ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар соли таҳсили 2010-2011

РАМЗ

Ихтисосҳо

РАМЗ

Тахассусҳо

Теъдод

Тоҷикӣ

Русӣ

Маблағ таҳсил (бо сомони)

1-250103

Иқтисодиёти ҷаҳон

25010301

Иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ

75

50

25

3375

 

1-250104

 

 

Молия ва қарз

 

25010402

Фаъолияти бонкӣ

50

50

 

3375

25010403

Андоз ва андозбандӣ

25

25

 

3375

25010407

Молия ва қарз дар фаъолияти соҳибкорӣ

25

25

 

3375

1-250107

Иқтисодиёт ва идора дар корхона

25010717

Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ

25

25

 

3150

25010718

Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи хоҷагиҳои меҳмонхона ва тарабхона

 25

25

 

3150

25010720

Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи саноатӣ

  25

25

 

3150

1-250108

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

25010805

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар соҳибкорӣ

50

50

 

3375

25010811

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар сайёҳӣ ва хоҷагии меҳмонхона

50

25

25 

3375

1-260101

Идораи давлатӣ

26010101

Идораи мақомоти маҳаллӣ

50

50

 

2925

1-260201

Бизнес-маъмуриятчигӣ

26020101

Бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат

25

25

 

2925

26020102

Фаъолияти соҳибкорӣ дар сайёҳии байналмилалӣ

 25

25

 

2925

26020104

Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаи хурду миёна

  25

25

 

2925

26020107

Фаъолияти соҳибкорӣ дар корхона

 25

25

 

2925

1-260202

Менеҷмент

26020210

Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ

50

25

25

2925

1-260203

Маркетинг

26020312

Маркетинг дар сайёҳӣ

50

50

 

2700

1-400102

Низоми технологияи иттилоотӣ

40010202

Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт

75

50

25

3375

1-890101

Сайёҳат ва меҳмоннавозӣ

890101

Сайёҳат ва меҳмоннавозӣ

25

25

 

2700

890100

Ташкили хизматрасонӣ дар туризм

 25

25

 

2700

1-960101

Хадамоти гумрукӣ

96010101

Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ

25

25

 

3375

96010102

Таъмин от и иқтисодии фаъолияти гумрукӣ

  25

25

 

3375

ҳамагӣ

11

21

775

675

100

 

ГИМНАЗИЯИ ДОНИШКАДА

ҚАБУЛ бА СИНФИ ЯКУМ

32

1575

Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар соли таҳсили 2010-2011.

Муқаррароти умумӣ қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд қоида) дар асоси қоидаҳои қабули Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (мактабҳои олӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.08.2005, № 264 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

1. Тартиби қабули донишҷӯён ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.

1.1. Ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пурра аз ҳисоби худмаблағгузорӣ фаъолият дорад, дар асоси шартнома «Оид ба тайёр намудани мутахассиси дорои таҳсилоти олии касбӣ» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ ва шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбиро доранд қабул карда мешаванд.

1.2. Ба курси якум шахсоне, ки шаҳодатномаи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, дипломи намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар он гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қайд гардидааст ва инчунин дипломи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, қабул карда мешаванд.

1.3. Ҳамаи довталабон сарфи назар аз аслу насаб, ҷинс, забон, мансубияти нажодию миллӣ, вазъи иҷтимоию хусусиятҳои касбу кор, эътиқод, мазҳаб ва муносибат ба дин ва мансубияти ҳизбӣ дар гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқи баробар доранд. Қабули довталабон ба шӯъбаҳои рӯзона то синни 35-сола ва ба шӯъбаҳои ғоибона бе маҳдудияти синну сол ба амал бароварда мешавад.

1.4. Хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба шӯъбаҳои рӯзонаи донишкада новобаста аз собиқаи корӣ ва ихтисос қабул карда мешаванд.

1.5. Шахсоне, ки коллеҷҳои равияи иқтисодиро бо «Дипломи аъло» хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати ихтисосҳо ба курси дуюм тариқи сӯҳбат қабул карда мешаванд.

1.6. Шахсоне, ки коллеҷҳои равияи иқтисодиро бо дипломи муқаррарӣ хатм намудаанд, пас аз 3 соли хатм ва фаъолият намудан дар истеҳсолот, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо ба курси 2-юми ихтисосҳои донишкада аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия ва озмун қабул карда мешаванд.

1.7. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат нақшаи қабули донишҷӯёнро тибқи замимаи иҷозатномаи (литсензияи) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он теъдоди қабул муайян карда шудааст, амалӣ менамояд.

1.8. Бо мақсади таъмини талаботи иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкада ҳуқуқ дорад, ки бо корхонаҳо, ташкилот, муассисаҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва воҳидҳои сохтории дахлдори онҳо тариқи шартномаи тарафайн мутахассисонро тайёр намояд.

1.9. Маблағи шартномавии таҳсил дар асоси қарори Шӯрои олимони донишкада муайян гардида, бо Вазорати маориф, Вазорати энергетика ва саноат ва Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад. Барои тоҷикони бурунмарзӣ маблағи пардохти шартнома чун шаҳрвандони ҷумҳурӣ муқаррар мешавад.

1.10. Бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабон, ташкил ва гузаронидани имтиҳони қабул бо фармони ректори донишкада барои қабули донишҷӯён ба курси якум комиссияи имтиҳони қабул ва барои қабули хатмкардагони коллеҷҳо ба курси болоӣ комиссияи аттестатсионӣ таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабули донишкада ректор мебошад.

1.11. Донишкада фақат бо доштани литсензияи пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқ дорад, ки қабули донишҷӯёнро аз рӯи равия ва ихтисосҳои мухталиф расман эълон намуда вазифадор аст, ки довталабонро бо литсензияи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва инчунин шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ шинос намояд.

1.12. Комиссияи қабули донишкада бояд то қабули ҳуҷҷатҳои довталабон номгӯи равия ва ихтисосҳо, теъдоди қабулро аз рӯи равия ва ихтисосҳо эълон намояд. Комиссияи қабул номгӯи фанҳое, ки имтиҳони қабул гузаронида мешаванд, баҳогузорӣ, тарзи гузаронидани имтиҳони қабул (тестӣ ва анъанавӣ)-ро эълон менамояд. Тарзи гузаронидани имтиҳони қабул (тестӣ ва анъанавӣ) дар асоси қарори Шӯрои олимони донишкада ба роҳ монда мешавад.

1.13. Дар донишкада имтиҳонҳои дохилшавӣ аз фанҳои забони давлатӣ (тоҷикӣ), математика, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, забони хориҷӣ муқаррар шуда имтиҳон аз забони давлатӣ, пеш аз имтиҳони тестӣ буда, довталабон новобаста аз самт, равия ва ихтисоси интихобкардаашон, ҳатман иншо месупоранд. Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони русӣ, узбекӣ ва бо забони аққалиятҳои миллӣ хатм менамоянд ва ба гурӯҳҳои русии донишкада ҳуҷҷат месупоранд, аз забони давлатӣ диктант (бо забони тоҷикӣ) менависанд. Барои дохилшавандагони донишкада фанни математика тахассусӣ ҳисобида мешавад.

1.14. Ба супоридани тест довталабоне иҷозат дода мешаванд, ки аз имтиҳони забони давлатӣ (иншо ё диктант) баҳои мусбат гирифта бошанд.

1.15. Дар сурати аз як блоки тестӣ нагирифтани холҳои зарурӣ баҳои тестӣ ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад.

1.16. Натиҷаи санҷиши иншо ва диктант баъди 48 соати супоридани имтиҳон ва натиҷаи санҷиши тестӣ на дертар аз 24 соат эълон карда мешавад.

1.17. Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд, ба донишкада ба тариқи сӯҳбат қабул карда мешаванд.

1.18. Довталабоне, ки бо «Дипломи аъло» муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм намудаанд ва дар он гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қайд гардидааст ба донишкада бо супоридани имтиҳони тахассусӣ бо баҳои аъло ё аз тариқи қоидаҳои умумӣ ба курси якум қабул карда мешаванд.

1.19. Довталабон ба комиссияи қабули донишкада ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд: а) ариза ба номи ректор; б) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ-асл, (маълумотнома дар бораи хатми мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қабул карда намешаванд); в) маълумотномаи тиббӣ (шакли № 086/у); г) 6 адад расм (андозаи 3х4 см сарлуч); д) шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд; е) билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;

1.20. Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбиро дар хориҷи кишвар гирифтаанд, баъди аз нострификатсия (эътирофи ҳуҷҷати таҳсилот) гузаронидани ҳуҷҷати таҳсилоти худ ва муайян шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот метавонанд ба комиссияи қабули донишкада ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.

1.21. Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул ва комиссияи аттестатсионӣ аз 20 июн то 31 июл муқаррар карда мешавад. Мӯҳлати гузаронидани имтиҳонҳои қабул ва аттестатсия аз 1 то 20-уми август таъин карда меша-вад.

1.22. Тартиби қабули довталабони аз имтиҳони дохилшавӣ гузаштаро комиссияи қабули донишкада дар асоси озмун (конкурс)-и умумӣ аз рӯи миқдори холҳои (балҳои) дар имтиҳони дохилшавӣ бадастовардаи довталаб бо риояи қатъии қоидаҳои қабул муқаррар менамояд.

1.23. Довталабоне, ки ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд, баҳои ғайриқаноатбахш гирифташуда ҳисобида мешаванд.

1.24. Ғолибони ҷойи аввал ва дуввуми озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни математика, ки тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, тариқи сӯҳбат ба курси якум қабул карда мешаванд.

1.25. Ғолибони ҷойи сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои мактаби таҳсилоти умумӣ бо тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супоридани имтиҳони тахассусӣ бо баҳои аъло ё аз рӯи қоидаҳои умумӣ бо мувофиқати ихтисос ба курси якум қабул карда мешаванд.

1.26. Ғолибон ва ҷоизадорони олимпиадаҳои (озмунҳои) байналмилалӣ аз рӯи фанҳои таълимӣ (аз рӯи ихтисос) бо тавсияномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои дастаи яккачини варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лауреатҳои мукофоти байналмилалии соҳаи санъат бо тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои мувофиқ ба курси якуми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тариқи сӯҳбат қабул карда мешаванд.

1.27. Бо гирифтани баҳои мусбат аз имтиҳоноти дохилшавӣ шахсони зерин бе озмун қабул карда мешаванд: а) хизматчиёни ҳарбие, ки аз сафҳои қувваҳои Мусаллаҳ ҷавоб шудаанд; б) шахсоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо баҳои аъло хатм намудаанд; в) маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм, ки мувофиқи хулосаи комиссияи тиббӣ-мехнатӣ таҳсили онҳо дар ихтисоси мазкур манъ карда нашудааст.

1.28. Имтиёзҳои иловагии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: а) ятимон (бо пешниҳоди ҳуҷҷати расмӣ) ва шахсоне, ки бо медали нуқра мактаби таҳсилоти умумиро хатм намудаанд, бидуни супоридани имтиҳон қабул мешаванд; б) духтарон бидуни озмун қабул карда мешаванд.

1.29. Тартиби қабули духтарон ва писарон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, №58 «Дар бораи қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» ва «Дастурамали қабули духтарон ва писарон ба мактабҳои олӣ (беимтиҳон) тибқи квотаи Президентӣ», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.02.2006, № 3/4 тасдиқ шудааст, ба амал бароварда мешавад.

1.30. Имтиҳони қабул дар рӯзи муайяншуда гузаронида шуда, натиҷаи он тибқи банди 1.16-и қоида ба довталабон эълон карда мешавад.

1.31. Аз рӯи натиҷаҳои имтиҳони дохилшавӣ довталаб ҳуқуқ дорад, ки оид ба натиҷаи баҳои имтиҳониаш апеллятсияи хаттӣ нависад. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи донишкада бо натиҷаи имтиҳони супоридааш шинос шавад.

1.32. Дар давраи гузаронидани имтиҳони қабул бо фармони ректор комиссияи апеллятсионӣ таъсис дода, раиси он таъин карда мешавад. Дар вақти набудани раис ваколатҳои ӯ ба ӯҳдаи муовини раис гузошта мешавад. Ба ҳайати комиссияи апеллятсионӣ чун қоидаи ба сифати экспертҳои бетараф устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷалб карда мешаванд.

1.33. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки дар вақти баррасии апеллятсия иштирок намояд. Довталабе, ки барои аз нав дида баромадани баҳои имтиҳон талош дорад, бояд бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома) ва варақаи имтиҳонӣ дошта бошад. Ба довталаби ноболиғ (то 18 сола) метавонанд падар ё модараш ҳамроҳӣ намоянд.

1.34. Баъди баррасии апеллятсия қарори комиссияи апеллятсионӣ оид ба баҳои имтиҳон (ҳам дар сурати паст ва ҳам дар сурати баланд кардани баҳо) қабул карда мешавад. Дар мавриди ба миён омадани зарурати тағйир додани баҳо бо қарори комиссияи апеллятсионӣ дар варақаи имтиҳонӣ тағйирот ворид карда мешавад. Дар мавриди ба вуҷуд омадани ихтилоф дар комиссияи апеллятсионӣ оид ба баҳои гузашташуда баҳо бо овоздиҳӣ ва тарафдории аксарияти овозҳо тасдиқ карда мешавад.

1.35. Фармон оид ба қабули донишҷӯён ба донишкада то оғози соли таҳсил аз тарафи ректори донишкада ба имзо мерасад.

1.36. Довталабоне, ки ба донишкада қабул шудаанд ва дар давоми 15 рӯз бесабаб ба таҳсил шурӯъ накардаанд, хориҷ карда мешаванд.

1.37. Назорат аз болои фаъолияти комиссияи қабули донишкада аз тарафи Вазорати маориф, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдор ба амал бароварда мешавад. Эзоҳ: Довталабоне, ки мактаб ва литсейҳои хусусиро хатм намудаанд, дар намунаи ҳуҷҷати хатми таҳсилоташон ба ғайр аз мӯҳри (печат) муассисаи таълимӣ бояд мӯҳри шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳия гузошта шавад.

2. Тартиби қабули донишҷӯёни таҳсилоти дуюми олии касбӣ ба донишкада.

2.1. Довталабоне, ки таҳсилоти якуми олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ ба комиссияи қабули донишкада муроҷиат намуда, мутобиқи қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат месупоранд.

2.2. Барои аз сӯҳбат гузаронидани довталабоне, ки таҳсилоти дую-ми олии касбӣ гирифтан мехоҳанд, бо фармони ректори донишкада дар назди комиссияи қабул комиссияи аттестатсионӣ таъсис дода мешавад.

2.3. Комиссияи қабули донишкада ҳуҷҷатҳои довталабонро баррасӣ намуда, барои аз сӯҳбат гузаронидан ба комиссияи аттестатсионии назди комиссияи қабули донишкада мефиристад. Пас аз сӯҳбат гузаштан барои қабул ба сафи донишҷӯён қарори комиссияи аттестатсионӣ бароварда мешавад.

2.4. Фармони ректори донишкада барои қабули донишҷӯён ба донишкада барои гирифтани таҳсилоти дуюми касбӣ на дертар аз 10 рӯз пас аз гузаштани сӯҳбат дар асоси қарори комиссияи аттестатсионӣ бароварда мешавад.


 

 
Ба сахифаи асоси
Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  ба администратор