| Аспирантура
Шартҳои
қабули аспирантон ва унвонҷӯён
ба ДСХ
Донишкадаи
соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати энергетика
ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
қабули аспирантони таҳсили рўзона, ғоибона
ва тадқиқотчӣ-унвонҷўён аз рўи ихтисосҳои
зерин озмун эълон мекунад:
08.00.01
– назарияи иқтисод
08.00.05 – иқтисод ва идораи хоҷагии
халқ
08.00.13 – усулҳои инструменталӣ
ва риёзии иқтисодӣ
05.13.18 – тарҳрезии риёзӣ,
усулҳои ададӣ ва комплекси
программаҳо
01.01.02 – муодилҳоа дифференсиалӣ
Мўҳлати таҳсил
барои аспирантони рўзона – 3 сол, ғоибона
ва тадқиқотчӣ-унвонҷўён
– 4 сол. Ба аспирантураи таҳсили
рўзона шаҳрвандони Ҷумҳурии
Тоҷикистон то 30 сола, ғоибона
ва тадқиқотчӣ-унвонҷўён
– бе мўҳлати сину сол қабул
карда мешаванд. Шаҳрвандони давлатҳои
хориҷӣ тибҷи созишномаҳои
байнидавлатӣ ва қарордоди
тарафайн қабул карда мешаванд.
Ҳама шаклҳои таҳсил
(ба ғайр аз кормандони донишкада)
шартномавӣ буда, маблағи
яксолаи аспирантураи рўзона - $1300
USA, аспирантураи ғоибона ва тадқиқотчӣ-унвонҷўён
- $500 USA-ро ташкил медиҳад.
Аспирантони рўзона бо идрорпулӣ
(ҳар моҳ 220 сомонӣ)
таъмин карда мешаванд.
Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои
зеринро пешниҳод намоянд:
1. Ариза ба номи ректори ДСХ барои рухсат
додан ба имтиҳоноти қабул,
ки дар он ихтисос
ва шўъбаи таҳсил муайян бошад
2. Нусхаи дипломи маълумоти олӣ
бо замимааш
3. Варақаи шахсӣ барои ба
ҳисобгирии кадрҳо
4. Пешниҳоди кафедраи дахлдор
5. Розигии хаттии роҳбари илмӣ
6. 2-дона расми 3х4
7. Рўихати корҳои чопшуда ё реферат
8. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
Қабули ҳуҷҷатҳо
аз 1-уми октябр то 31-уми октябри сурат
мегирад. Довталабони аспирантура аз
ихтисос, забони хориҷӣ ва
фалсафа имтиҳон месупоранд. Имтиҳонҳои
қабул моҳи ноябр гузаронида
мешавад. Қабул ба сафи аспирантҳо
ва унвонҷўён пас аз пардохти маблағи
таҳсил (барои довталабони беруна)
оғоз меёбад.
Суроға:
734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад –
48/5, Қисми илм ва робитаҳои
байналмилалӣ, тел.: 234-88-00,
234-88-02, E-mail: nauka_
dsx@mail.ru
|