|
КАФЕДРАИ
ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ
ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ.
Мудири
кафедра - дотсент, Сафаров Музаффар Қурбоналиевич.
Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва ҳифзи муҳити зист, яке аз кафедраҳои навташкили донишкада маҳсуб мегардад. Кафедраи мазкур бо фармони ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таҳти № 1/4 аз 29 августи соли 2011 ташкил гардида аст. Дар муддати 4 моҳи мавҷудият ва фаъолияташ кафедра дар соҳаи варзиш ва дигар паҳлуҳои фаъолияташ ба мувофиқиятҳо ноил гашт. Бахшида ба рӯзи 17 –умин солгарди парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедра бо ифтихорномаҳо: «барои ишғоли ҷойи – 2 аз рӯи намуди гуштини миллӣ», «барои ишғоли ҷойи -3 аз рӯи намуди волейбол», барои ишғоли ҷойи - 3 аз рӯи намуди «Баскетбол» ва «Сипоснома» аз тарафи Ҳукумати шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд ва бо ин мавқеи худро дар байни дигар кафедраҳо мустаҳкам намуд.
Дар кафедра фанҳои зерин мавриди таълим қарор доранд:
1. Тарбияи ҷисмонӣ.
2. Мудофиаи гражданӣ.
3. Бехатарии фаъолияти ҳаёт.
4. Экология.
Дар кафедра 10 нафар устодон, аз ҷумла 5 нафар номзадҳои илм,
дотсентон:
Сафаров Музаффар Қурбоналиевич,
Ниёзов Рафиқҷон Машокирович,
Ҷабборов Баҳриддин Бурҳонович,
Ҷумаев Мирзоёр Хуҷаёрович,
Шосафар Акобиров.
5 – нафар муаллими калон:
Ҳасанов Абдуҷаббор,
Ҳасанов Ҷамилҷон Қосимович,
Мустафоқулов Шерали Тошмуродович,
Асоев Ҳасан Мирзоевич
Сафаров Низом Сафарович ба таври доимӣ фаъолият мекунанд.
Дар тобеияти кафедра як кабинети методии мудофиаи гражданӣ ва толори варзишӣ амал мекунад.
|