Посмотреть сайт на таджикском языке
Посмотреть сайт на русском языке
Посмотреть сайт на английском языке
  Телефонҳо барои тамос:      +992(37)2348800, +992(37)2348802                                                                                Ба саҳифаи асосӣ   Навид                  

  
Маълумоти умумӣ
таърих, раёсат, факултаҳо, кафедраҳо, гимназия.

Ба довталабон
қоидаҳои қабул, имтиёзҳо барои довталабон, номгӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ, имтиҳонҳои қабул, шаклҳои таҳсил, ихтисосҳо.

Илм
аспирантура, конференсияҳо, чорабиниҳо.
Китобхона
фаъолияти китобхонаи илмӣ.

Ифтихори донишкада
донишҷуён ва устодони беҳтарин.

 

 


 
Типография
  Хабарҳо »    
 

Маҳфили "Маърифати андоз "дар донишкада

Маърифати андоз 7 – июни соли 2010 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо ташаббуси донишкадаи мазкур ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон бахшида ба соли Маориф ва Фарҳанги техникӣ чорабинии маърифатӣ-фароғатӣ таҳти унвони "Маърифати андоз" баргузор гардид. Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, профессор Комилов Ф.С. ба ҷамъомад бо сухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшид. Дар маҳфил омӯзгорон, олимону донишҷӯёни донишкадахои номбурда дар мавзӯҳои "Тартиби андозбандӣ аз соҳибкорони инфиродӣ", "Низоми андози ҶТ ва роҳҳои такмили он", "Равзанаи ягона" ва "Андоз аз аҳолӣ: назария ва таҷрибаи он" сухан ронданд. Дар охир оиди ин мавзӯҳо саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар ҷамъомад намоянда аз Дастгоҳи Президенти ҶТ, Вазири маорифи ҶТ, ректорони донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт ширкат варзиданд. Ҳаваскорони бадеии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон бо ҳунарнамоиашон хотири ҳозиринро шод гардониданд.


Доктори илмҳои физикаю-математика, профессор Муҳаммадҷон Исматӣ 70 сола шуд

5 – майи соли 2010 дар Донишкадаи сохибкорӣ ва хизмат ба муносибати 70 солагии зодрўз ва 50 солагии фаъолияти илмӣ-педагогии профессор Муҳаммадҷон Исматӣ конфронсияи илмӣ-амалӣ гардид. Коллективи устодон, ҳамкорон, профессорон соҳибҷашнро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба корҳои минбаъдаи илмӣ ва омўзгориаш муваффақиятҳо таманно намуданд.


Ташрифи Дабири кулли созмони умумиҷаҳонии туристӣ ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон

3-майи соли 2010 Дабири кулли созмони умумиҷаҳонии туристӣ, профессори донишгоҳи Иордания ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмони олиқадрро ҳайати омўзгорону профессорон ва донишҷўён бо гулу гулдастаҳо истиқбол гирифтанд.
Дар толори маҷлисгоҳи донишкада ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки ба он ректори таълимгоҳ профессор Комилов Ф.С. ҳусни оғоз бахшида, Дабири кулли созмони умумиҷаҳонии туристиро аз номи коллектив хайрамақдам гуфт ва ба ин муносибат нутқ эрод кард. Баъд Дабири кулли созмони умумиҷаҳонии туристӣ Толиб Рифаӣ аз таассуроти сафараш ба Тоҷикистон, мулоқоташ бо Сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, манзара ва табиати зебою хотирмони кишварамон сухан ронд. Маълум гашт, ки эшон 20 соли умри хешро ба таълиму тарбияи ҷавонони донишҷў дар макотиби олии мухталифи ҷаҳон сипарӣ кардааст.


Мизи мудаввар – роҳҳои идора намудани сохторҳои давлатӣ ва маҳаллӣ

19 апрели соли 2010 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мизи мудаввар доир гардид, ки мавзӯи “Ташкили кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “-ро дар бар гирифт.
Ректори донишкада, профессор Комилов Файзалӣ Саъдуллоевич ба мизи мудаввар бо сухани муқадимавӣ ҳусни оғоз бахшид.
Баъд роҳбари Институти “Ҷомеаи Кушода”-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ҷаноби Камол Обидов, намояндаи вазорати ҶТ С. Валиев, намояндаи Вазорати Энергетика ва саноати ҶТ Н. Алимов мудири кафедраи Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ Ғафурҷон Ҷӯрабоев, сармутахасиси маркази бақайдгирии ДСХ Ҷумаев У. М. проректор оид ба рушди Ур ГЭУ Куличин В. А. оид ба ташкили кафедраи Идоракуни давлатӣ ва маҳаллӣ дар макотиби олии ҶТ фикру ақидаҳояшонро баён сохтанд.
Дар охир қарори дахлдор қабул гардид.


Роҳ ва усулҳои такмили тайёр намудани мутахасиссон дар соҳаи туризм барои солҳои 2010-2012

Кафедраи туризм ва маркетинг дар иҷрои як лоиҳаи муштарак бо номи «Роҳ ва усулҳои такмили тайёр намудани мутахасиссон дар соҳаи туризм барои солҳои 2010-2012 бо Академияи умуми Тоҷикистон якҷоя фаъолият карда истодаанд.


МАНЗУРА АЗИМОВА-номзади илм

“Таёрии касбии менеҷерҳои сайёҳӣ аз нуқтаи назари педагогӣ дар Точикистон”-чунин ном дорад, мавзўи десертацияи номзадии омўзгори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Манзура Азимова, ки чанде ҷабл бомуваффақият ҳимоя кард.


Китобҳои нав маҳсули кафедра

Кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ таҳти роҳбарии мудири он доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ғафурҷон Ҷўрабоев чанде қабл чанд китобро ба дасти чоп супорид, ки ҳоло таҳти истифода қарор доранд. Инҳо “Низоми худ идоракунии маҳаллӣ ”, ”Макроиқтисод” ва “Молияи Давлатӣ ва маҳаллӣ ” мебошад.


Ҷашни байналмилалии Наврўзи Аҷам дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Наврузи 2010 27 марти соли 2010 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҷашни байналмилалии Наврўзи Аҷамро бо тантана таҳлил намуданд. Устодон, донишҷўёни донишкада, омўзгорону хонандагони гимназияи донишкада бо рўҳияи идона суханони табрикии ректор Комилов Файзалӣ Саъдуллоевичро бо кафкўбиҳо ва садои мусиқӣ шуниданд. Баъд, лаҳзаҳои суруду мусиқӣ, рақсу бозӣ ва варзишӣ фаро расид. Дар базми наврузӣ ҳар як факултети донишкда бо арўси сол ва бобои деҳқон, созу суруд ва саҳначаҳои мухталиф баромад карданд, ки хеле хотирмон буданд.
Ба истиқболи ҷашни Наврўзи Аҷам устодони донишкада ва гимназия, аълохонҳои донишкада ва гимназия, кормандон бо ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.


 

  Сайри виртуалӣ
суратҳо ва видеонаворҳо.

 

Маркази информатсионӣ - коммуникатсионӣ
сохтори МИК, нашриёти донишкада, рӯзномаи "Соҳибкор", маркази омӯзишӣ.


 

Маркази мубодилаи байналмиллалӣ
маълумот оиди ММБ, таҳсил дар хориҷа, барномаҳои ММБ.

Ҳаёти ҷамъияти ва фарҳангӣ
созмонҳои ҷамъияти, идҳо, дастаи ҳаваскории донишҷӯён.
  Варзиш ва фароғат
сексияҳои варзишӣ, мусобиқаҳо.

 

 

Copyright © 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5.
Д
онишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов Эрадж  ба администратор